ДУШАНБЕ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПОЙТАХТ ТАНТАНА ДОШТ

21 апрел 2026, Сешанбе
14


18-уми апрел дар толори Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе чорабинии тантанавии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гашт.


Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иштирокчиёнро аз номи раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам ва бо Рӯзи пойтахт муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки ба шарофати сиёсати бомароми бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе пойтахти Ватани азизи мо – шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст. Бо мақсади таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи пойтахт, аз ҷумла ҷиҳати беҳбуд бахшидани ҳолати зерсохтор, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, таъминот бо воситаҳои нақлиёти муосири ҷамъиятӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ, то имрӯз дар ҳамбастагӣ ва бо дастгирии бевоситаи сокинони пойтахт корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои касбии соҳавӣ ҷоизаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр супурда шуданд.
Арбобони ҳунар ва санъаткорони ҷавон бошанд, бо барномаи ҷолиби фарҳангии иборат аз дастагули суруду мусиқӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.


У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”


ХУҶАНД. ПАЗИРОИИ ҲУНАРМАНДОНИ АНДИҶОН ДАР САҲНАИ ТЕАТР
Дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳунармандони вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳунари худро пешкаши ҳаводорони театр карданд.
Меҳмонон намоишномаи мазҳакавии “Тӯйлар муборак”-ро ба саҳна гузоштанд, ки мазмуну муҳтавои ҷолиб ва саҳнаҳои пур ҳазлу шӯхӣ буд. Ҳар саҳнаи намоишнома бо кафкӯбиҳои гарму самимии бинандагон истиқбол ва ба ҳунари волои меҳмонон баҳои баланд дода шуд.
Қобили зикр аст, ки ин сафар дар доираи ҳамкориҳои фарҳангии миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон амалӣ гардида, идомаи робитаҳои судманд миёни аҳли ҳунари ду кишвар ба шумор меравад. Чанде пеш ҳунармандони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуда буданд.
Меҳмонон аз пазироии гарми тоҷикон ба ваҷд омада, таъкид намуданд, ки чунин вохӯриҳо бояд бештар шаванд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”


ҶАББОР РАСУЛОВ. БАРДОШТ АЗ МУЛОҚОТИ МУҲИМ ДАР НОҲИЯ
Дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов мулоқоти судманд оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек, намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2 Зафар Тоҷибекзода, роҳбарону масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои давлатӣ ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Зафар Тоҷибекзода оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи амалҳо барои солҳои 2026–2030 баромад намуда, зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳушёрии сиёсии ҷомеаро муҳим арзёбӣ кард.
Зикр гардид, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2027-ро Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон намудааст, ки ин иқдом дар баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим хоҳад дошт.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.04.2026 №: 73-74