МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ. ГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛӢ
Дар бинои Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Шуро аз ҳисоби ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ширкат намуданд.
Нахуст, Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода доир ба фаъолияти Шуро дар соли 2025 ва нақшаи кори он барои соли 2026 сухан гуфта, таъкид сохт, ки самаранокии муқовимат ба коррупсия ба фаъолияти якҷояи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути механизмҳои воқеии назорат, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар ҳамаи сатҳҳо вобастагии амиқ дорад.
Маҳз ба ҳамин хотир, Шурои миллии муқовимат ба коррупсия ва дар заминаи он комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳия таъсис ёфта, вазифаи асосии он ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмуии муқовимат ба коррупсия ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми марти соли 2026 нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар марҳалаи дуюм (солҳои 2026 – 2030), тасдиқ шуда, дар доираи он диққати асосӣ ба тақвият бахшидани чораҳои пешгирӣ дар соҳаҳои осебпазир ба коррупсия, бахусус бартараф кардани омилҳои инсонӣ, бо роҳи рақамикунонӣ ва таъмини шаффофият дар низоми идоракунии давлатӣ ва бахши хусусӣ, инчунин, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва ба таври васеъ расонавӣ кардани дастовардҳои кишвар дар ин самт дода шудааст.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, натиҷаҳои мониторинги маҷмуии ҷараёни иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин, масъалаи истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия баррасӣ гаштанд.
Бо ёдоварӣ аз супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи саривақтии санадҳои дахлдор, таъкид шуд, ки тезондани раванди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва вусъат додани пардохтҳои ғайринақдӣ аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз коррупсия мебошад. Дар ин замина, мақомоти масъул супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Дар фарҷоми ҷаласа нақшаи кории Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 тасдиқ гардид.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
