МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ВААГН ХАЧАТУРЯН
![]()
21-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити минтақавии экологӣ дар шаҳри Остона бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Ваагн Хачатурян мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат атрофи доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар муносибатҳои ду кишвар ва ҳам вобаста ба рӯзномаи бисёрҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт.
Президенти кишвари мо, аз ҷумла, изҳор доштанд, ки "муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Арманистон ба анъанаҳои деринаи дӯстию ҳамкорӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар асос ёфтаанд".
Дар идома ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башарии миёни ду кишвар баррасӣ гардид.
Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус ба вазъият дар Ховари Миёна, зоҳир шуд. Вобаста ба ин мавзуъ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи устувори давлати моро дар ин масъала таъкид сохтанд: "Мо қотеона ҷонибдори ҳалли осоиштаи ҳама гуна низоъҳо ва баҳсҳо бо истифода аз воситаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳастем".
