ТАЪИНОТИ КАДРӢ
![]()
23-юми апрел дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
![]()
Нахуст, Роҳбари давлат фаъолияти сохторҳои низомӣ ва ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ҳамаҷониба таҳлил намуда, таъкид сохтанд, ки дар шароити ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳушёриву зиракии беш аз ҳарвақта дар ҳимояи марзу буми Ватан, такмили омодагии ҷангӣ, таъмини пайвастаи техникаву лавозимоти муосир, табодули иттилоот, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷузъу томҳо ва таъмини амну суботи кишвар аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар бояд бошад.
Бартараф намудани сабабу омилҳои халалдоркунандаи фаъолияти муназзами хизматӣ дар воҳидҳои низомӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи наваскарон дар руҳияи ватандӯстӣ, омӯзиши техникаи муосири ҷангӣ ва забонҳои хориҷӣ, таъмини ҳамаҷонибаи ҷузъу томҳо бо ашёи зарурӣ аз мавзуъҳои асосии суҳбат буд.
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “дар бораи қатъ намудани ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо бинобар вафоташ”, “дар бораи интихоб намудани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Ҷурабек Шариф” ва “дар бораи бозхонд намудани Аминзода Сайдабону Рустам бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур шуданд.
Дар якчанд сохторҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, комиссарони ҳарбии як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сардорони баъзе отряду дигар воҳидҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷриба таъин гардиданд.
“Фаъолияти мақомоти марбута дар самти пешгирии убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар молу маҳсулот аз ҳар як марзбон ҳушёриву зиракӣ ва далериву шуҷоатро талаб менамояд, – таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зикр гардид, ки кашфи фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорӣ бояд ҳаматарафа мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, роҳу усулҳои мураккабу пешгӯинашавандаи қочоқчиён ошкор, пешгирӣ ва бартараф шаванд.
Зимни суҳбат ба кадрҳо доир ба софдилонаю содиқона ва бо виҷдони пок иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон дастуру тавсияҳо дода шуданд.
Таъкид гашт, ки ҳангоми иҷрои вазифа манфиатҳои давлат бояд дар мадди аввал қарор дошта бошанд.
