БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД
«ФАЙЗОБОД. БОЗОРИ «ИНСОФФУРӮШ»-Ӣ ДАР РАМАЗОН»
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод мақолаи рӯзноманигор Ҳоким Сафарро таҳти унвони " Файзобод Бозори "инсоффурӯш"-ӣ дар Рамазон", ки 17-уми марти соли 2026, № 52 (25419) дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" нашр гардидааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Дар Ҷамоати шаҳраки "30-солагии Истиқлол" бозори КВД "Бозори истиқлол" ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе фаъолият мекунад, ки ба он аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ соҳибкорон ва харидорон ташриф меоранд. Муаллиф аз боло рафтани нархи маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған ва гӯшту шакар, нигаронӣ намудааст.
Бояд тазаккур дод, соҳибкороне, ки ба фурӯши маводҳои хурокворӣ машғуланд, қисме аз маводҳои ғизоиро аз шаҳри Душанбе дастрас намуда, барои пешбурди соҳаи соҳибкории худ дар доираи қонунҳои амалкунанда ба фурӯш мебароранд, ки дар ин маҳсулотҳо тафовут дар нарх дида мешавад. Бинобар он, ки дар арафаи ҷашну идҳо талаботи аҳолӣ ба маводҳои ғизоӣ, аз ҷумла орду равған ва гӯшту шакар, зиёд мегардад, як қисме аз соҳибкорон берун аз шафати бозор ба савдо машғул гардида, маҳсулоти ба фурӯш баровардаи худро ба нархҳои дигар, пешкаши харидорон намудаанд, ки онҳо доимӣ набуда, танҳо як рӯз аз назорат берун мондаанд.
Аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар мақомотҳои дахлдори соҳавӣ ҳамарӯза бо соҳибкорон, ки ба фурӯши маводҳои хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ машғул мебошанд, барои ба танзим даровардани нархи маҳсулотҳое, ки аҳолӣ ба он талаботи зиёд доранд, суҳбату мулоқотҳо доир карда, назорати доимӣ бурда мешавад.
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин, дар арафаи ҷашну идҳо дар маркази ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, барои ба танзим даровардани нархи бозорҳо ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ баргузор карда мешаванд.
Оид ба он ки нархи як тонна ангишт дар ин бозор ба 1300 сомонӣ расидааст, бояд гуфт, ки соҳибкорон ангиштро аз ноҳияи Айнӣ оварда, дастраси аҳолӣ менамоянд. Бинобар масофаи зиёди роҳро тай намудан, ба арзиши ҳар як тоннаи бор хароҷоти сӯзишворӣ ва хизматрасонии техникаҳои боркаш маблағи иловагӣ зам мегардад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод минбаъд низ, баҳри ҳамкорӣ бо рӯзномаю ҳафтаномаҳо ва бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ин самт чораандешӣ менамояд.
САИДЗОДА Ш. Н., муовини раиси ноҳияи Файзобод
