ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. ҲУНАР ТОҶИ САР МЕШАВАД

Дастгирии қишри соҳибҳунар ин дастгирии иқтисоди миллӣ ва яке аз роҳҳои ташкили шуғли пурмаҳсул барои сокинон аст. Ба ин хотир, чандин сол боз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии косибон, бофандагону дӯзандагон, кафшергарон, заргарон ва дигар нафарони дорои ҳунари дастӣ маблағҳои грантӣ ҷудо мегарданд.
Ба иттилои Абдураҳмон Ашурализода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар доираи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 барои дастгирии 60 ҳунарманд, 1,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.
– Андозаи маблағи як грант 25 ҳазор сомонӣ буда, он давоми камтар аз як сол аз худ карда мешавад. Маблағ, асосан, бо назардошти омодасозии шогирдон ва зиёд намудани шумораи одамони соҳибҳунар пешбинӣ шудааст. То охири соли 2025 ба 40 ҳунарманд маблағи грантӣ дастрас гардид. Имсол 20 ҳунарманди дигар аз он баҳраманд хоҳад шуд, – гуфт Абдураҳмон Ашурализода.
Маблағгузорӣ барои ривоҷи кори ҳунармандон аз ғамхориҳои беназири Пешвои миллат аст, ки ба пешрафти соҳа ва таъмини ҷойи кори доимии сокинон такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳамзамон, маҳсули ҳунарҳои мардуми тоҷик яке аз ҷозибтарин ашё мебошад, ки ҳамеша диққати сайёҳонро ҷалб мекунад. Аз ин нуқтаи назар мусоидат ба кори ин қишри зебоиофар на танҳо барои як соҳа, балки ҷиҳати ҷалби сайёҳону сармоягузорон ва роҳ ёфтани маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ низ муфид аст.
Ба иттилои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ садҳо нафар ҷавонон ба фаъолияти пурсамари ҳунармандӣ машғул буда, аллакай, маҳсулоти онҳо дар бисёр давлатҳои дунё муштариёни худро пайдо намуда, дар озмунҳои байналмилалӣ аз ҷониби созмонҳо бо аломати сифати баланд сарфароз гардидааст. Ҳамзамон, сол ба сол иштироки ҷавонони ҳунарманди кишвар дар ярмаркаҳои маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, тренингҳои омӯзишӣ ҷиҳати беҳтар намудани кори ҳунармандон ва иштирок дар ҳамоишҳои байналмилалӣ беҳбудӣ ёфтааст, ки ба пешрафти соҳа таъсири амиқ мегузорад. Пештар бисёри ҳунармандон бо вуҷуди доштани истеъдоду маҳорати баланд дар тавлиди моли дастии хеш ва фурӯши он ба мушкилӣ мувоҷеҳ буданд. Ҳоло шаҳрвандони дорои касбу ҳунари гуногун дар ҷодаҳои кандакории чӯб, кулолӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, оҳангарию заргарӣ, сабадбофӣ, бофандагӣ, сохтани асбобҳои мусиқӣ ва ғайра аз тамоми минтақаҳои кишвар аз ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бархӯрдор гардида истодаанд. Онҳо бо истифода аз шароити фароҳамшуда маҳсули дасти хешро ба муштариён пешкаш месозанд ва ҳунармандони дигарро ба ин ҷода ҳавасманд менамоянд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
