БМТ. ҲАМОИШИ КОРӢ АТРОФИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини раиси бонк Сироҷиддин Икромӣ ва бо иштироки нозири калони раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Абдуллозода, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон, кормандони масъули татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷамъомади корӣ баргузор гардид.
Дар рафти ҳамоиш масъалаҳои муҳими марбут ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳалаи дуюм (солҳои 2026–2030), инчунин, оқибатҳои манфии кирдорҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сироҷиддин Икромӣ зимни суханронӣ зикр намуд: "Коррупсия дар радифи дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, амaлҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ба рушди иқтисодиёт ва эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Бо ба назар гирифтани суханҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид: “Коррупсия эътимоди мардумро ба давлат коста гардонда, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.” Дар ин замина, зарурати истифодаи усулҳои муосири пешгирӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар байни кормандон ва ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид.
Тазаккур дода шуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши истифодаи воситаҳои электронии пардохт, ҳамзамон, хавфҳои нав, аз ҷумла қаллобӣ, истифодаи ғайриқонунии кортҳои пардохтӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҳар гуна аҳроми молиявии фиребанда низ афзудааст. Дар робита ба ин, зикр гардид, ки баланд бардоштани маърифати молиявию ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷорӣ намудани механизмҳои муассири зиддикоррупсионӣ аз вазифаҳои муҳими низоми бонкӣ ва низоми суғурта ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи чорабинӣ намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Одил Абдуллозода ва директори департаменти аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон Алим Боронов доир ба ҷамъбаст ва натиҷаҳои марҳалаи якуми Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1145 аз 6-уми марти соли 2026, нақшаи чорабиниҳои марҳалаи дуюми амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва тадбирҳои амалии пешгирии омилҳои коррупсионӣ суханронӣ намуданд.
Дар фароварди ҳамоиш таъкид гардид, ки муқовимат ба коррупсия барои ҳар як ниҳоди давлатӣ, бахусус барои низоми бонкӣ, аҳамияти аввалиндараҷа дорад, зеро шаффофияти амалиётҳо, риояи қонунгузорӣ ва назорати самараноки дохилӣ заминаи асосии эътимоди ҷомеа ва суботи молиявӣ мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ, масъулияти шахсӣ ва роҳ надодан ба ҳар гуна омилҳои коррупсионӣ аз вазифаҳои муҳими кормандони низоми бонкӣ ба шумор меравад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
