ЗАБОНОМӮЗӢ. ЧАРО НУФУЗИ МАРКАЗҲОИ ХУСУСӢ АЗ МУАССИСАҲОИ ДАВЛАТӢ БАМАРОТИБ АФЗУН АСТ?!
Илму маориф аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба ҳисоб рафта, дар сархати сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи донишандӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бахусус азхудкунӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисиву русӣ, таваҷчуҳи ҳамешагӣ медиҳад.
Аммо саволе ба миён меояд, ки оё бо чунин шароити муосир имрӯз сатҳи донишазхудкунии хонандагон, махсусан дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ҳаст? Баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёна онҳо озодона бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ ва русӣ, муошират карда метавонанд?
Чунонки аз таҷрибаи чандинсола ба ман аён гашт, на ҳамаи хонандагон баъди хатми муассисаҳои таълимӣ фанҳои хориҷиро пурра ё лоақал, ба дараҷаи миёна аз худ мекунанд. Ба андешаи ман яке аз сабабҳои он вақти ками ҷудошуда барои дарси забони англисӣ, ки дар як ҳафта 2 соат аст, мебошад, зеро дар ин вақти кӯтоҳ хонанда бо паҳлуҳои гуногуни ин дарс ба қадри кофӣ шинос шуда наметавонад. Яъне, онҳо тарзи дурусти муошират ё саҳву навҳ (грамматика)-ро пурра аз худ карда наметавонанд.
Бинобар ин, аксари хонандагоне, ки хоҳиши пурра азхудкунии ин забонҳоро доранд, дар муассисаву марказҳои махсуси забономӯзӣ таҳсили худро идома медиҳанд. Донишҷӯён дар чунин марказҳо ва муассисаҳои шахсӣ барномаҳои таълимиро нисбат ба МТМУ бештар аз худ мекунанд, зеро дар ин муассисаҳо барои онҳо шароити беҳтару мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст. Инчунин, дар ин марказҳои омӯзишӣ шумораи хонандагон на он қадар зиёд буда, вақти ҷудошуда низ кофӣ мебошад.
Ин ҳам дар ҳоле ки на ҳар як толибилм имкон ва шароити таҳсил дар чунин марказҳоро дорад, зеро, таҳсили дубора аз донишҷӯ ҳам сарфаи вақт ва ҳам хароҷоти маблағро талаб мекунад.
Мусаллам аст, ки муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ҷиҳати донишандӯзии хонандагон ҳамчун хишти аввал заминаи асосӣ маҳсуб меёбанд, зеро он манбаи донише, ки онҳо дар ҳамин синну сол аз худ мекунанд, дар хотираи онҳо чун санг нақш баста, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ҳамчунин, барои онҳо аз бисёр ҷониб дар ин давра омӯзиш осонтару сабуктар низ мебошад. Аз ин рӯ, мехоҳам ин ҷо доир ба чанд мушкилие, ки дар раванди таълим ба назар мерасанд, зикр намоям, зеро бартарафсозӣ ва ҳалли саривақтии онҳо ба пешрафти соҳа мусоидат намуда, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Масалан, норасоии ҷойҳои нишаст ва аз меъёр зиёд будани хонандагон дар синфхонаҳо, шароити номусоид дар муассисаҳои таълимии деҳот, аз қабили набудани кабинетҳои фаннии замонавӣ, бо интернети ройгон пурра таъмин набудани муассисаҳо, ба зергурӯҳҳо тақсим нашудани хонандагон аз фанҳои забони англисӣ ва русӣ аз ҷумлаи мушкилиҳои мавҷудаанд, ки омӯзгорон имрӯзҳо бо онҳо мувоҷеҳ мегарданд. Инчунин, иштироки бесамари баъзе хонандагони бетарбия ва волидайни бемасъулият, ҳолатҳои ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани хонандагон ва пас аз муддати тулонӣ боз баргаштани онҳо ба муассиса низ ба раванди муътадили таҳсил таъсири манфӣ мерасонанд.
Бо назардошти ин мушкилиҳо якчанд пешниҳод дорам, ки ҳоло баён месозам. Ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои наҷиб зарур аст, ки андеша ва пешниҳоди омӯзгорони собиқадору пешқадами ҷумҳурӣ ба инобат гирифта шаванд. Агар омӯзгорони варзида бо кормандони Вазорати маориф ва илм ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монанд, кор боз ҳам ҷоннок хоҳад шуд. Дар ҳамаи ҷамоатҳо муассисаҳои зиёди таълимӣ ҳастанд, ки вобаста ба сатҳи дониши хонандагон ва дастовардҳояшон давоми таҳсил аз ҳам фарқ мекунанд. Агар дар ҳар як ҷамоат яке аз муассисаи беҳтаринро интихоб карда, ҳамчун муассисаи базавӣ ташкил мекарданд ва омӯзгорони ботаҷриба ва хонандагони болаёқат дар он сафарбар мешуданд, бисёр хуб мешуд. Бигзор, омӯзгорон ва хонандагон ба тариқи озмун ва санҷиш қабул карда шаванд.
Инчунин, дар баробари онҳо дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба хонандагони душвортарбия ва аз омӯзиш ақибмонда ҳам яке аз роҳҳои ҳалли ин масъалаҳо мебошад. Чунин иқдомҳо ба он мусоидат мекунанд, ки дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ мутахассисони хуб ба воя расида, оянда соҳаи маорифро пурзӯр намоянд.
Ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ чунин пешниҳод доштам, ки оянда барои хоҳишмандон озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо забонҳои англисӣ ва русӣ низ роҳандозӣ гардад. Омӯхтани забонҳои хориҷӣ ба он мусоидат мекунад, ки сафи ғолибони озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ боз ҳам афзуда, онҳо бо баланд бардоштани Парчами давлатии ҷумҳуриамон Тоҷикистонро ба аҳли олам муаррифӣ намоянд.
Файзулло БОБОЕВ,
омӯзгори фанни забони англисии МТМУ № 47-и
шаҳри Ҳисор
