НУРОБОД. МАОРИФ РУШД МЕКУНАД, АГАР...

Дастгириҳои рӯзафзуни соҳаи маориф аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат ба беҳтаргардии фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳияи Нуробод низ такони ҷиддӣ мебахшад. Дар баробари ин, сокинони шарафёри ноҳия ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти вижа зоҳир намуда, бо маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондаанд.
Ин нуктаро мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод Наҷмиддин Мирзозода ҳангоми суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” зикр намуд.
Тибқи иттилои ӯ, дар ноҳия 82 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 17 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 10 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 55 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дарназардошти мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор бо фарогирии 19111 хонанда фаъолият мекунад.
Шумораи омӯзгорон 972 нафарро ташкил дода, аз онҳо 766 нафар бо таҳсилоти олӣ, 95 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 111 нафари дигар бо таҳсилоти миёнаи омӯзгорӣ фаъолият доранд.
Ҳамчунин, дар тобеияти шуъбаи маориф се муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 205 ва дар назди 63 Маркази инкишофи кӯдаки назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 65 гурӯҳи барвақтии инкишофи кӯдак бо фарогирии 1344 нафар кӯдаки синни томактабӣ амал менамоянд.
– Бо беҳтар шудани сифати таълим масъалаи дохилшавии хатмкардагон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва таъмини иштироки хонандагон ба олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст,– гуфт Наҷмиддин Мирзозода ва афзуд, ки дар ин самт саҳми маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва маркази технологияи иттилотии назди шуъбаи маориф назаррас аст.
Ба ҳолати имрӯза аз 122 хатмкунандаи синфҳои 11-ум 577 нафараш барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳуҷҷат супурданд. Олимпиадаи фаннӣ дар ноҳия аз рӯйи 11 фанни таълимӣ бо иштироки 1232 хонанда гузаронда шуд ва дар онҳо 266 нафар ғолиб омада, ба даври минтақавӣ баромаданд. Даври минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, ки дар он аз ноҳия 213 нафар ширкат варзида, 15 нафараш ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Дар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 1009 нафар хонанда аз рӯйи 4 номинатсия иштирок намуда, 350 нафараш ғолиб дониста шуд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия омодагиҳо ҷиҳати муташаккилона баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Шоҳномахонӣ” бомаром идома доранд.
Аммо, дар баробари чунин пешравиҳо, ҳанӯз ҳам баъзе мушкилоте дар соҳаи маорифи ноҳияи Нуробод ба чашм мерасанд, ки монеи рушди бемайлони он мешаванд. Аз ҷумла, норасоии се омӯзгори фанҳои риёзӣ ва забонҳои русию англисӣ, сари вақт ҳозир нашудани баъзе хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки риштаи омӯзгориро хатм карда, барои кор аз тарафи Вазорати маориф ва илми кишвар ба ноҳия сафарбар шуда буданд, мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд. Соли таҳсили ҷорӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм 33 мутахассиси ҷавон барои кор сафарбар гашта, аз онҳо 31 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуду 2 нафари дигар не.
Ҳамзамон, дар ноҳия бинои таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, муассисаҳои таълимии №№ 6, 23, 26, 34, 41, 44 ва 73 ба бинои нави таълимӣ ниёз доранд.
– Ҷиҳати сохтмони биноҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди ин муассисаҳо ба Вазорати маориф ва илм дархост пешниҳод кардем. Бо дарёфт намудани сарчашмаҳои маблағгузор зина ба зина мушкилоти соҳаро бартараф хоҳем кард, – гуфт дар хотимаи суҳбат Наҷмиддин Мирзозода.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
