САЙЁҲӢ. АҲАМИЯТИ СИЁСИИ СОҲАИ ИҚТИСОДСОЗ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

03 июн 2026, Чоршанбе
4


(Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 16.12.2025)
Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву стратегӣ дар ҳаёти давлату ҷомеа мақоми хосса дорад. Дар ин Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат муайян гардида, вазифаҳо ва барномаҳои мушаххас ба миён гузошта мешаванд.
Лозим ба зикр аст, ки солҳои охир соҳаи сайёҳӣ дар баробари фаъолияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, ба яке аз воситаҳои муҳими сиёсати хориҷӣ, омӯзиши дипломатӣ ва ташаккули нуфузи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар илми сиёсатшиносӣ соҳаи сайёҳӣ ҳамчун унсури “дипломатияи нарм” (soft power) арзёбӣ мешавад, ки тавассути он кишварҳои дунё имконият пайдо менамоянд, тасвири мусбат, эътибори сиёсӣ ва шароити сулҳомезро дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким бахшанд.
Аҳамияти сиёсии рушди фаъолияти сайёҳӣ, махсусан сайёҳии байналмилалӣ, боиси ба ҳам наздикшавӣ, табодули назар байни миллату халқиятҳо, кишварҳо ва минтақаҳои гуногун мегардад. Фаъолияти сайёҳӣ, инчунин, ба барқароршавии робита миёни миллату халқиятҳои гуногун мусоидат намуда, ба рушди ҳамкории осоишта замина мегузорад.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шуда, он ҳамчун стратегияи рушди кишвар муайян гардидааст. Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон бо захираҳои беназири мероси таърихию фарҳангии хеш таваҷҷуҳи сайёҳони сершумори хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мероси таърихиву фарҳангиро «Шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик» номиданд. Мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ҳамчун шиносномаи миллати куҳанбунёд дар тули ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, ҳувият, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои миллиро ифода менамояд. Ин мерос гувоҳи равшани таърихи пурғановати тоҷикон буда, мавқеи онҳоро дар тамаддуни ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.
Тоҷикистон аз соли 1992 узви комилҳуқуқи СММ буда, дар амалӣ намудани нақшаву барномаҳои он фаъолона иштирок менамояд. Эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ далели равшани саҳми миллати тоҷик дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Лозим ба зикр аст, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Соли 2025 бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хутали Қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ шуд.
Дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус зикр намуданд: «Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, расму оин ва суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд».
Бинобар ин, мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, тадқиқ намоем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.


Симоилбек Асрор МУЗОФИР, номзади илми география,
дотсент, декани факултети иқтисод ва сайёҳии
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев

Санаи нашр: 03.06.2026 №: 99-100