Сайре ба таърихчаи Суруди миллии Покистон, ки тоҷикист

25 август 2026, Сешанбе
6

ТОҶИКИСТОН - ПОКИСТОН

Сайре ба таърихчаи Суруди миллии Покистон, ки тоҷикист

Тоҷикистон аз байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ягона кишвар мебошад, ки бо Покистон тавассути дараи Вахон дар масофаи 14 км мавқеии ҷуғрофии наздик дорад. Ҳар ду сарзамин аз даврони гузашта дорои тамаддуну фарҳанги муштарак буда, равобити дипломатии ҳасана доранд. Кишвари Покистон яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва Сафораташро дар Душанбе боз кард. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 6-уми июни соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор шудааст.

Нимаи моҳи август кишварҳои Покистону Ҳиндустон ҷашни истиқлоли давлатии худро таҷлил намуданд. Ин ду давлат солиёни дароз зери султаи Британияи Кабир қарордошта, пайваста барои озодӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ҷидду ҷаҳд мекарданд. Дар натиҷа, бо қарори ҳукумати Британия ва талошу муборизаи мардуми ин сарзамин соли 1946 тасмим гирифта шуд, ки сарзамини Ҳинд ба минтақаҳои Бомбай, Мадрас, Биҳор, Орисса зери идораи давлати Ҳиндустон ва Панҷоб, Синд, вилоятҳои шимолу ғарб ва Балуҷистон дар мудирияти кишвари Покистон ва қисмати Бангола тақсимбандӣ шаванд.

23-юми марти соли 1956 Покистон Сарқонуни худро қабул кард. Покистон кишвари гуногунмиллат буда, дар он панҷобиҳо, паштунҳо, синдхҳо, балуҷҳо, тоҷикон ва ғайра сукунат мекунанд. Тибқи маълумоти дарёфтшуда, тоҷикони маҳаллӣ, ки онҳоро свотӣ ҳам мегӯянд, беш аз як миллион нафарро ташкил медиҳанд.

Суруди миллии Покистон, ки дар ин кишвар бо номи “Қавми тарона” маъруф аст, 13-уми августи соли 1954 қабул шуд. Матни онро яке аз шоирони маъруфи урдузабон Абуласар Ҳофизи Ҷоландҳарӣ навиштааст, ки комилан аз вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ иборат аст:

Пок сарзамин шод бод

Кишвари ҳасин шод бод

Ту нишони азми олишон

Арзи Покистон!

Маркази яқин шод бод!

Пок сарзамин ко низом

Қуввати ухуввати авом

Қавм, мулк, салтанат

Поянда тобанда бод

Шод бод манзили мурод.

Парчами ситора ва ҳилол

Раҳбари тараққӣ ва камол

Тарҷумони мозӣ, шони ҳол

Ҷони истиқбол!

Сояи Худои зулҷалол!

Дарвоқеъ, ӯ соли 1958 ба Тоҷикистон омада, дар тантанаҳои ҷашни 1000-умин солгарди Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок намуд ва шеърҳояшро бо номи «Тоҷикистон» ва «Рӯдакӣ» қироат кард.

Парчами ин кишвар низ таърихи ҷолиб дорад. Тибқи маълумоти дарёфтшуда, Навобзода Лиёқат Алӣ Хон (1895–1951), Сарвазири вақти Покистон, парчами миллии ин кишварро дар Маҷлиси муассисони Покистон 11-уми августи соли 1947 муаррифӣ кард. Парчам шомили ранги сабзи тира буда, дар тарафи чап хатти амудии сафед, дар марказ ҳилоли сафед ва ситораи панҷгӯша дорад. Ранги сафед ба ақаллиятҳо ва ранги сабз ба аксарияти аҳолии кишвар тааллуқ дорад. Ҳилол дар парчам рамзи пешрафту пешсафро аккосӣ намуда, ситораи панҷнурӣ нишони нуру сафо ва илму донишро ифода мекунад.

Хулоса, Покистон бо ҷойгиршавии стратегӣ дорои имконот ва иқтидори зиёд буда, мардуми ин сарзамин бо доштани забону фарҳанги муштарак бо мардуми Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон, пайванди ногусастанӣ дорад, ки дар 35 соли истиқлоли давлатӣ рушд ёфтааст.

Мирсаид РАҲМОНОВ,

ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Санаи нашр: 25.08.2026 №: 166-167