ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН ДАР ЯК САТР 

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР 

25 май 2023, Панҷшанбе
11
0


Газета.ру.  Рӯзномаи “Иомиури” навиштааст, ки Ҳукумати Ҷопон ният дорад,  аз соли 2027 сар карда, ҳар сол барои маблағгузории тадбирҳои баланд бардоштани сатҳи таваллуд дар кишвар се триллион иен (тақрибан 21,5 миллиард доллар) ҷудо созад. 

INTERFAX.RU. Олег Кобяков, директори шуъбаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба равобит бо Федератсияи Россия дар нишасти “Парадигма (назария) -и муосири рушди маҷмуи агросаноатӣ: чолишҳои глобалӣ, имкониятҳои падидомада” дар доираи Форуми иқтисодии Авруосиё гуфт, ки теъдоди гуруснагон дар соли 2022 дар ҷаҳон 828 миллион нафарро ташкил дод. 

ТАСС. Губернатори Флорида Рон Десантис рӯзи чаҳоршанбе расман эълон кард, ки дар интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2024 ширкат меварзад.

Лента. ру. Рӯзномаи “Politico”  бо такя ба дипломатҳо менависад, ки номзадии Сарвазири Дания Метте Фредериксен ба мақоми Дабири кулли НАТО, ки Йенс Столтенберг бояд  охири моҳи сентябри соли 2023 аз ин вазифа равад, ҷиддӣ баррасӣ мешавад.

INTERFAX.RU. Лоиҳаи қонуне ба Думаи давлатӣ пешниҳод шуд, ки дар он уҳдадории мактаббачагон ба кор бо назардошти хусусиятҳои синну сол ва бе розигии волидайн, аз ҷумла тоза кардани синфхона, шинондани дарахтон дар саҳни мактаб, ёрӣ дар китобхона ва дӯхтани либосҳои  театрӣ пешбинӣ шудааст.

Санаи нашр: 25.05.2023 №: 110
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив