РАШТ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ВОБАСТА БА НЕРУИ БАРҚ ДАР ҲУЗУРИ МУОВИНИ САРВАЗИР
Усмоналӣ Усмонзода, муовини Сарвазир, бо масъулон ва фаъолони навоҳии минтақаи Рашт ҷаласа доир кард.
Мақсади асосии ҷаласа баррасии масъалаҳои марбут ба истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ, коҳиш додани талафоти неруи барқ, баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ ва беҳтар намудани фаъолияти шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - минтақаи Рашт буд.
Нахуст оид ба рафти иҷрои супоришҳои қаблан додашуда ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар фаъолияти шабакаҳои барқ гузоришҳои муовини Прокурори генералӣ ва директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуданд.
Усмоналӣ Усмонзода вобаста ба вазъи воқеии зеристгоҳҳои барқӣ, омилҳои афзоиши талафоти неруи барқ, нишондиҳандаҳои техникию тиҷоратӣ, ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ ва ҳолатҳои барзиёд истифодаи қувваи барқ аз меъёрҳои муқарраршуда ибрози назар намуда, барои ислоҳи камбудиҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳа ба масъулон дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин, масъулони сохторҳои дахлдор оид ба тадбирҳои амалишуда ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар фаъолияти шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла минтақаи Рашт, ҳисобот пешниҳод намуданд. Таъкид гардид, ки пардохти саривақтии маблағи истифодаи қувваи барқ, истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва сарфакорона истифода кардани неруи барқ аз ҷумлаи омилҳои муҳими таъмини фаъолияти устувори низоми энергетикии кишвар ба шумор меравад.
Таъкид шуд, ки ҳар як шаҳрванд бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва фарҳанги истифодаи дурусти захираҳо аз неруи барқ сарфакорона истифода намуда, дар коҳиш додани талафот ва ҳифзи манфиатҳои энергетикии мамлакат саҳм гузорад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
БМТ. МУЛОҚОТИ ДАЛЕР МУРОДАЛИЗОДА БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ РЕЙТИНГИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “MOODY’S”
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода бо ноиби президенти гурӯҳи тиҷоратӣ ва роҳбари намояндагии Агентии рейтингии байналмилалии “Moody’s Ratings” дар Осиёи Марказӣ Алма Карабасова дидор намуд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобила, арзёбии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва вазъи кунунии бахши молиявии кишвар баррасӣ гардиданд.
Далер Муродализода аз ҳамкории судманд бо Агентии рейтингии байналмилалии “Moody’s” изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки он дар таҳкими эътимоди ҷомеаи байналмилалии молиявӣ ба иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим дорад.
Алма Карабасова дар мавзуи методологияи гузарондани рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии рейтинг, аз ҷумла роҷеъ ба нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, сиёсати фискалӣ, суботи институтсионалӣ ва хавфҳои эҳтимолии ҳолатҳои ғайричашмдошт, инчунин оид ба фаъолияти ширкат, фарогирии хизматрасониҳои он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти баҳогузории қарзӣ ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки “Moody’s” ба ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ доираи васеи хизматрасониҳои рейтингӣ ва таҳлилӣ пешниҳод намуда, дар таҳкими шаффофият, идоракунии хавфҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши молиявӣ саҳм мегузорад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
