«ХАТЛОН: САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ»

11 июн 2026, Панҷшанбе
6


ГУЗОРИШ АЗ ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ АЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ
Дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзҳои 4-5-уми июни соли 2026 дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод Форуми байналмилалии сайёҳӣ ва намоишгоҳи «Хатлон: сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» баргузор гардид.


Чорабинии мазкур бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа ташкил гардида, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, таблиғи захираҳои таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, Форум ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои муштарак байни ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳ, меҳмонхона ва дигар сохторҳои марбут ба соҳа мусоидат хоҳад кард. Дар доираи чорабинӣ муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ ва баргузории мулоқотҳои дуҷониба дар формати B2B ва B2G гузаронда шуд.
Ба Форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парламент, роҳбарони вазорату идораҳо, инчунин, коршиносону ширкатҳои ватанию хориҷӣ, сармоягузорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ даъват гардиданд. Дар маҷмуъ, ҳудуди 350-400 кас дар Форум ҳузур дошт.
Дар баробари ҷаласаҳои пленарӣ, кори Форум дар се бахши муҳим – рақамикунонии хизматрасониҳои сайёҳӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ, рушди сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ, фарҳанги эҷодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷараён гирифт.
Ҳамчунин, дар доираи Форум намоишгоҳи имкониятҳои сайёҳӣ ва армуғонҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, зимни суханронӣ, аз ҷумла таъкид кард, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле рушд кард.
"Вақте сухан аз Хатлон меравад, манзур танҳо як минтақаи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Хатлон сарзаминест, ки дар тули ҳазорсолаҳо маркази тамаддун, макони рушди фарҳангҳо ва яке аз ҳалқаҳои муҳими Роҳи Бузурги Абрешим буд. Дар ин сарзамин давлатҳо арзи вуҷуд кардаанд, шаҳрҳо бунёд ва саҳифаҳои дурахшони таърихи башарият навишта шудаанд. Ҳар қадам дар ин диёр инсонро ба умқи таърих мебарад. Ҳар ёдгорӣ достони як тамаддунро нақл мекунад.
Ҳар кӯҳу ҳар водӣ хотираи ҳазорсолаҳои гузаштаро дар худ нигоҳ медорад. Маҳз ҳамин мероси беназир буд, ки маҷмааи ёдгориҳои Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид ва бори дигар аҳамияти ҷаҳонии таъриху фарҳанги ин сарзаминро ба аҳли олам муаррифӣ намуд. Хатлон танҳо як самти сайёҳӣ нест. Хатлон таърих аст. Хатлон тамаддун аст. Хатлон фарҳанг аст. Хатлон табиат аст. Хатлон меҳмоннавозӣ аст ва Хатлон яке аз дарвозаҳои бозу муҳими шиносоӣ бо Тоҷикистон аст", – афзуд раиси вилоят.
Ташкилкунандагони Форум таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо дар роҳи рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои кишвар ва ҷалби сармоя нақши муҳим дошта, ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамоянд.


Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 11.06.2026 №: 113