ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. МАВЗУИ МЕҲВАРӢ ДАР СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ
Ин андеша собит шудааст, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз бахшҳои муҳими таълиму тарбия дар низоми маориф маҳсуб ёфта, барои рушди кӯдак ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Аз ҳамин нуқтаи назар, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон нақши бориз дорад, Ҳукумати мамлакат, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба бунёди кӯдакистонҳо эътибори аввалиндараҷа медиҳанд.
Имрӯз яке аз бандҳои муҳими нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди кӯдакистонҳост, ки Роҳбари давлат дар суханрониҳояшон ба зарурати тезондани корҳо ва ҳарчи бештар бунёд кардани чунин иншоот доим таъкид менамоянд.
Сарвари давлат зимни Паёми навбатӣ заминаи рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ояндаи босаодати давлату миллатро дар пешрафти соҳаҳои илму маориф арзёбӣ карда, таъкидан гуфтанд: "Ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам".
Боиси хушнудист, ки имрӯз аҳли ҷомеа канори Ҷаноби Олиянд ва дар бунёдкориҳо саҳми арзанда мегузоранд. Аз ҷумла, соҳибкорони ватандӯст дар эъмори муассисаҳои томактабӣ саҳм мегиранд ва дар деҳаву маҳаллаҳои гуногуни мамлакат боғчаҳои ҳозиразамон қомат меафрозанд.
Зимнан, ки ҳоло бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, вусъати шарикии давлат ва бахши хусусӣ Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 – 2027 амал менамояд, ки барои ҷалби боз ҳам бештари соҳибкорон дар бунёди кӯдакистонҳо мусоидат хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, дар натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ба соҳаи маориф беш аз пеш меафзояд. Аз ҷумла, агар соли 2000-ум ба соҳа ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва соли ҷорӣ ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расид, ки ин 18,9 дарсади хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Ҳамин дастгириву ғамхориҳо моро водор месозанд, ки донишу таҷрибаамонро баҳри тарбияи дурусти насли ояндасоз равона намоем, то фардо меросбарони ростини имрӯзи пурсаодат бошанд.
Дилрабо ТАБАРОВА,
мураббии гурӯҳи омодагӣ ба Мактаби
кӯдакони №77- и шаҳри Душанбе
