«БОБОҶОН ҒАФУРОВ». НАХУСТНАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗГОРИ ИБРАТОМӮЗИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

11 июн 2026, Панҷшанбе
6


Бино ба иттилои Театри ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯзҳои наздик нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад.
Намоиш ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз фарзандони барҷастаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст. Асар бар пояи ҳуҷҷатҳои таърихӣ, номаҳо ва дигар сарчашмаҳои воқеӣ офарида шуда, тамошобинро ба даврае мебарад, ки сарнавишти миллат ва ҳувияти таърихии тоҷикон дар маркази баҳсу муборизаҳои сиёсӣ қарор дошт.
Коргардон ва ҳам муаллифи намоишнома омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Абдулҳафиз Қодирӣ мебошад.
Ҳадафи асар танҳо бозгӯйи зиндагиномаи як шахсияти таърихӣ нест, балки ошно намудани насли ҷавон бо инсонест, ки барои ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ хизматҳои арзишманд анҷом додааст.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.06.2026 №: 113