КОРРУПСИЯ. МУҚОВИМАТ БА ИН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ АЗ САМТҲОИ МЕҲВАРӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ
![]()
Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Коррупсия амали номатлуб буда, боиси нигаронии ҷомеа гаштааст. Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди босуботи давлату миллат ва соҳаҳои гуногуни ҷомеа монеаҳои ҷиддиро ба вуҷуд меорад. Тазаккур бояд дод, ки ҳатто аксари мамлакатҳои абарқудрату пешрафтаи дунё аз афзун гардидани чунин амали номатлуб изҳори нигаронӣ менамоянд.
Масъалаи пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, решакан намудани он дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Табиист, ки дар қатори дигар сохторҳо дар низоми бонкӣ низ муқовимат ва решакан намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсионӣ, яке аз самтҳои асосии идоракунии хавфҳо мебошад. Самаранокии мубориза бо коррупсия аз сиёсати дурусти кадрӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, интихоби шаффофи кадрҳо, ҷобаҷогузории мақсаднок, аттестатсияи мунтазам ва ротатсияи воҳидҳои калидии сохтор ва кормандон воситаи муҳими пешгирӣ ба ҳисоб меравад. Механизми иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои давраи то соли 2030 дар соҳаи бонкдорӣ ба тақсимоти аниқи вазифаҳо байни субъектҳои ҳуқуқӣ такя мекунад. Аз ҷиҳати амалӣ ва ҳуқуқӣ, механизми татбиқи Стратегия дар бонкҳо аз ин унсурҳои сохторӣ иборат аст: рақамикунонӣ ва коҳиши омили инсонӣ, гузариш ба ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ. Барои коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ бонк риояи Кодекси одобро ҷоннок намуда, омӯзишҳои доимӣ гузаронда, низоми хабардиҳии махфиро ташкил ва технологияи рақамиро истифода карда, назорати дохилиро пурзӯр намояд.
Ҳамзамон, аз ҷониби аудити дохилӣ механизми ошкор кардани қонуншиканиҳо, арзёбии фаъолияти кормандон ва таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ҷорӣ карда шавад. Инчунин, ротатсия низ дар воҳидҳои сохтории калидӣ самараи хубро ба даст меорад. Аз ҷумла, ташкили робитаҳои манфиатдор, пинҳон намудани қонуншиканиҳо, хотирбинӣ, вобаста ба мавқеъ баҳодиҳӣ ва таъсири ғайрирасмиро пешгирӣ мекунад.
Аз ин лиҳоз, танҳо тавассути фаъолияти поквиҷдонона, масъулиятшиносӣ, назорати доимӣ метавон муҳити солимро таъмин намуда, эътимоди ҷомеа ва мизоҷонро ба низоми бонкӣ таҳким бахшид.
Таҳмина ИЛҲОМЗОДА,
ҳуқуқшиноси асосӣ оид ба назорати амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, идораи методология ва бозомӯзии кормандони КВД БА ҶТ «Амонатбонк»
