ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХОНУМ МАФАЛДА ДУАРТЕ
1-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз хонум Мафалда Дуартеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории ду ҷониб ва баргузории ҷаласаи 45-уми Шурои мудирони Бунёд дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Бунёди иқлими сабз, ки имрӯз дар ҳоли рушд қарор дорад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба масоили вобаста ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ, мудирияти захираҳои об ва коҳиши хавфу таҳдидҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Аз тасдиқ шудани Барномаи кишварии сармоягузории Бунёд дар Тоҷикистон ва Барномаи нави минтақавии “Аз пиряхҳо то хоҷагидорон” истиқбол шуд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ низ аз мавзуъҳои суҳбат буд. Ҷонибҳо алоқамандии худро ба идома ва густариши робитаҳои судбахш дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид сохтанд.
