БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”

10 июл 2026, Ҷумъа
2


ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Аз арҷгузорӣ ба таърих то расидан ба худшиносии миллӣ
Дар таърихи ҳар миллат замоне фаро мерасад, ки рӯ овардан ба гузаштаи дур на танҳо як ниёзи маънавӣ, балки шарти бақои давлат ва ҷомеа мешавад. Барои тоҷикон чунин марҳала ба солҳои аввали истиқлол, ба охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навадуми асри ХХ рост омад. Дар замоне ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷомеаро пароканда, иқтисодро фалаҷ ва эътимоди мардумро ба ояндаи рӯшан барҳам зада буд. Он айёми ноором масъалаи пайдо кардани пояҳои устувори худшиносии миллӣ масъалаи калидӣ гардид. Маҳз дар ҳамин шароит таваҷҷуҳ ба таърихи бостонӣ, мероси фарҳанги ниёгон ва тамаддуни ориёӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт.


Дар меҳвари ин раванд фаъолияти рӯшани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарии давлат таъкид мекарданд, ки бунёди ҷомеаи нав бе шинохти амиқи гузашта ва эҳтиром ба мероси таърихии миллат ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, эҳёи тамаддуни ориёӣ дар Тоҷикистон на ҳамчун як маъракаи кӯтоҳмуддати фарҳангӣ, балки ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати давлат ва миллатсозӣ роҳандозӣ шуда, идома дорад.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ бисёр кишварҳои тозаистиқлол бо масъалаи муайян кардани ҳувияти миллӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ин ба назари аввал осон менамуд, вале дар асл, воқеан, як давраи муҳим барои ҷумҳурие тақдирсоз, барои кишвари дигаре тақдирсӯз буд. Тоҷикистон низ аз ин қатор истисно набуд. Солҳои навадуми асри ХХ ҷомеа дар ҷустуҷӯи арзишҳои маънавибунёд мегашт то эътимод ба ояндаро тақвият бахшанд.
Дар чунин вазъ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекарданд, ки тоҷикон соҳиби таърихи ҳазорсола ва тамаддуни қадимӣ мебошанд.
Дар яке аз суханрониҳои худ гуфта буданд: «Миллате, ки таърихи худро намедонад, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди ояндаи худ оҷиз мемонад».


ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ: БОЗГАШТ БА САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХӢ
Истилоҳи «тамаддуни ориёӣ» дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба маҷмуи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавие ишора мекунад, ки дар давоми асрҳо дар сарзамини аҷдодии халқҳои эронитабор садҳо бор сӯхтанду сохтанд, аммо “мурда-мурда” зистанду пойбарҷой монданд.
Забони тоҷикӣ, адабиёти классикӣ, оинҳои мардумӣ, Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Шашмақом, Фалак, мероси фарҳангии Бохтар, Суғд, Хатлон, Бадахшон ва дигар минтақаҳои таърихии мо аз ҷумлаи унсурҳое буданд, ки ҳамчун ҷузъи ин тамаддун арзёбӣ мешаванд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими ин раванд эълон гардидани соли 2006 ҳамчун Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ буд. Ин иқдом танҳо бо баргузории чанд чорабинии фарҳангӣ маҳдуд нашуд. Дар саросари кишвар конфронсҳои илмӣ, намоишгоҳҳо, симпозиумҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ баргузор гардиданд.
Муассисаҳои илмӣ ба омӯзиши таърихи қадимаи тоҷикон ҷалб гардиданд. Даҳҳо китобу рисолаҳои илмӣ ба нашр расиданд. Барои аввалин бор мавзуи тамаддуни ориёӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими баҳсҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ табдил ёфт.
Коршиносон ба ин назаранд, ки маҳз пас аз ин ташаббус таваҷҷуҳи ҷомеа ба таърихи бостонӣ, ба гузаштаи аҷдоди хеш ба таври бесобиқа афзоиш ёфт. Дар байни иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ҷойгоҳи махсусро асарҳои таълифнамудаашон ишғол мекунанд. Китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Аз Ориён то Сомониён» барои бознигарии ҷойгоҳи тоҷикон дар таърихи минтақа ва ҷаҳон муҳим буданд.
Дар ин китобҳо масъалаҳои пайдоиши халқҳои эронитабор, давлатдории қадима, нақши Бохтару Суғд дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ва саҳми ниёгони тоҷикон дар ташаккули тамаддуни башарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар баробари ин, барои ҳар хонадони тоҷик нашр ва ройгон тақсим кардани “Тоҷикон”-и Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, “Шоҳнома” аз иқдомҳои саривақтӣ ва мавриди ситоиши Президенти мо буданд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими эҳёи тамаддуни ориёӣ таваҷҷуҳ ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ аст. Дар ин замина, дар солҳои истиқлол корҳои зиёди тармим ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ анҷом дода шуданд. Қалъаҳо, шаҳрҳои қадима ва мавзеъҳои бостоншиносӣ мавриди омӯзиш ва барқарорсозӣ қарор гирифтанд. Ҳафриёти бостоншиносӣ дар Саразм, Тахти Сангин, Ҳулбук, Аҷинатеппа, Панҷаканди Қадим, Карон ба кашфи саҳифаҳои нави таърихи тоҷикон мусоидат намуданд.
Дар солҳои истиқлол Тоҷикистон барои ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз саҳми назаррас гузошт. Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо Наврӯзро ҳамчун “пайванди маънавии халқҳои дорои решаҳои муштараки таърихӣ” тавсиф кардаанд.
Ҳар гуна сухан дар бораи тамаддуни ориёӣ бе ёдоварӣ аз забони модарӣ, забони тоҷикӣ-порсӣ нопурраю хом хоҳад буд. Забони тоҷикӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои пайвасткунандаи тоҷикони имрӯз бо ниёгони бостонии мост. Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Забон ҳастии миллат аст». Ин андеша имрӯз ба яке аз шиорҳои маъруфи сиёсати фарҳангии кишвари мо табдил ёфтааст.
Бахши муҳими эҳёи тамаддуни ориёӣ бозгардондани чеҳраҳои бузурги таърихиву фарҳангӣ ба хотираи ҷомеаи муосир мебошад. Таваҷҷуҳи махсус ба таърихи давлатдории тоҷикон ва нақши Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ зоҳир шуд.
Гарчанде давлати Сомониён аз лиҳози таърихӣ ба давраи баъд аз замони ориёӣ мансуб аст, дар сиёсати таърихии Тоҷикистон он ҳамчун пули пайвандкунандаи тамаддуни қадим ва давлатдории миллӣ муаррифӣ мешавад. Яке аз хусусиятҳои муҳими сиёсати Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки мавзуи тамаддуни ориёӣ танҳо дар доираи таърих маҳдуд намемонад. Ба андешаи Сарвари давлат, омӯзиши мероси ниёгон бояд барои ҳалли масъалаҳои имрӯзаи ҷомеа хидмат кунад.
Имрӯз метавон гуфт, ки сиёсати эҳёи тамаддуни ориёӣ ба яке аз самтҳои муваффақи сиёсати фарҳангии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар натиҷаи ин сиёсат, таваҷҷуҳи мардум ба таърихи миллӣ зиёд шуд, таҳқиқоти илмӣ густариш пайдо кард, ёдгориҳои зиёди таърихӣ ҳифз шуданд ва худшиносии миллӣ таҳким ёфт. Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба солҳои гузашта ба мероси фарҳангии худ таваҷҷуҳи бештар дорад.
Эҳёи тамаддуни ориёӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои маънавию фарҳангии даврони истиқлол ба ҳисоб меравад. Дар меҳвари ин раванд Пешвои миллат тавонистанд омӯзиши таърихи бостонӣ ва мероси ниёгонро ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароранд. Тавассути эълони Соли тамаддуни ориёӣ, дастгирии таҳқиқоти илмӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, рушди забони тоҷикӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангии ниёгон барои таҳкими худшиносии миллӣ заминаи устувор фароҳам оварда шуд. Имрӯз низ муроҷиат ба мероси тамаддуни ориёӣ ҳамоно ҳамчун яке аз сарчашмаҳои муҳими ваҳдат, худшиносӣ ва давлатдории миллӣ аҳамияти худро нигоҳ доштааст.
Масъалаи тоҷикикунонии ному насабҳоро метавон ҳамчун як ҷузъи сиёсати бозгашт ба ҳувияти миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ шарҳ дод. Эмомалӣ Раҳмон худашон нахуст ному насабашонро тоҷикӣ намуданд. Инро метавон ҳамчун талош барои раҳоӣ аз қолабҳои бегона ва таҳкими худшиносии миллӣ арзёбӣ кард.
Пешниҳоди зиёд намудани омӯзиши хат ва алифбои ниёгон ба эҳёи тамаддуни ориёӣ мустақиман иртибот дорад. Забон ва хат яке аз муҳимтарин воситаҳои интиқоли тамаддун аз насл ба насл мебошанд. Агар насли ҷавон бо хатти ниёгон ошно бошад, имкони мустақим мутолаа кардани осори классикӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ бештар мегардад.
Инак, дар остонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди Конуну тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз оғоз шуд, ки мақсади он мусоидат ба рушди фарҳанг, санъат ва таърихи мардуми тоҷик ва ориёӣ мебошад.
Бузургтарин фоҷиаи ҳар як миллат на аз даст додани сарзамин, балки аз даст додани хотираи гузаштаи худ мебошад. Миллате, ки решаҳои худро фаромӯш мекунад, мисли дарахтест, ки оҳиста-оҳиста хушк мешавад. Эҳёи тамаддуни ориёӣ дар Тоҷикистон эҳёи ҳамин хотира аст, хотираи Куруши Кабир, Доро, Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ, ҳофизаи ҳазорсолаҳои пурифтихоре, ки моро то имрӯз расонд. Агар ин хотира дар қалби ҳар тоҷик зинда монад, ҳеҷ боде нахоҳад тавонист ин миллатро аз реша барканад, зеро миллате, ки ба дирӯз арҷ мегузорад, имрӯзу ояндаи пирӯзашро месозад.


Хуршед АТОВУЛЛО,
нависанда ва рӯзноманигор,
аъзои ИЖТ ва ИНТ

Санаи нашр: 07.07.2026 №: 131