КИТОБХОНА. САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ

10 июл 2026, Ҷумъа
4


Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30-юми июни соли 2026 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027– 2031 қабул шуд. Барномаи мазкур рушди китобхонаҳои деҳот, таҳкими заминаи моддию техникӣ, мутобиқ намудани фаъолияти онҳо ба талаботи замони муосир, такмили ихтисоси кормандон ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамиро дар бар гирифта, ҳамчун санади муҳими давлатӣ дар роҳи рушди маърифати миллӣ арзёбӣ мегардад.
Воқеан қабули ин Барнома хеле бамаврид аст. Дар ҷаҳони имрӯз, ки рақобати давлатҳо бештар ба сатҳи дониш, технология ва иқтидори зеҳнии инсонҳо вобаста гардидааст, сармоягузорӣ ба китобу китобхонаҳо дар асл сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад. Ҳар китобхонае, ки имрӯз бунёд ё таҷдид мегардад, фардо ба макони тарбияи шаҳрвандони донишманд, ватандӯст ва соҳибкасб табдил хоҳад ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид намудаанд: «Китоб сарчашмаи асосии илму маърифат ва муҳимтарин воситаи ташаккули шахсияти инсон мебошад». Ин андешаи Пешвои миллат имрӯз беш аз ҳар вақти дигар аҳамияти вижа дорад. Зеро дар замоне, ки ҳаҷми иттилоот рӯз ба рӯз меафзояд ва ҷавонон бо манбаъҳои гуногуни ахбор рӯ ба рӯ мешаванд, маҳз китоб тафаккури интиқодӣ, фарҳанги мутолаа ва қобилияти таҳлилро дар инсон ташаккул медиҳад.
Бо иқрор бояд гуфт, ки мутаассифона, солҳои охир вазъи китобхонаҳои деҳот чандон хуб набуда, онҳо ба дастгирии бештар ниёз доранд. Барномаи нав метавонад ин мушкилотро тадриҷан бартараф намуда, китобхонаҳоро ба марказҳои воқеии иттилоотӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ табдил диҳад.
Китоб аз қадимтарин василаи ҳифз ва интиқоли дониш аст. Агар инсоният ба ин дараҷаи тараққиёти илмӣ ва фарҳангӣ расида бошад, маҳз ба шарофати китоб аст. Дар ҳар сафҳаи китоб таҷрибаи чандин насл, андешаи донишмандон ва ҳикмати рӯзгор нуҳуфтааст. Аз ин рӯ, китоб танҳо маҷмуи саҳифаҳо нест, балки мактаби зиндагӣ мебошад.
Сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ илму донишро пояи саодати инсон дониста, фармудааст:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Ин панд имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст. Фарҳанг ва дониш ганҷест, ки бо гузашти вақт арзиши бештар пайдо мекунад ва китоб роҳи асосии расидан ба ҳамин ганҷ мебошад.
Аз ҷониби дигар, имрӯз китобхона дигар танҳо ҷойи нигоҳдории китоб нест. Дар кишварҳои пешрафта китобхонаҳо ба марказҳои омӯзиш, таҳқиқот, инноватсия ва муоширати фарҳангӣ табдил ёфтаанд. Тоҷикистон низ бо татбиқи барномаи нав дар ҳамин самт қадамҳои устувор мегузорад. Пайваст намудани китобхонаҳои деҳот ба интернет, ташкили махзанҳои электронии китобҳо ва истифодаи технологияҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки хонандагон аз дурдасттарин маҳалҳо низ ба манбаъҳои муосири илмӣ дастрасӣ пайдо намоянд.
Ҷанбаи муҳими дигари Барнома рушди сармояи инсонӣ мебошад. Дар ҷаҳони муосир сарвати асосии ҳар давлат захираҳои табиӣ не, балки инсонҳои соҳибдониш, соҳибмаҳорат ва навовар мебошанд. Ҳамин аст, ки роҳбари давлат ҳамеша таъкид менамоянд: «Ояндаи давлат аз сатҳи дониш ва маърифати ҷавонон вобаста аст». Барои расидан ба ин ҳадаф китобхонаҳо бояд ба муассисаҳои воқеии рушди фикрӣ табдил ёбанд.
Бо татбиқи барнома сокинони деҳот низ ба имкониятҳои баробари мутолаа ва омӯзиш дастрасӣ пайдо мекунанд. Ин омил барои коҳиш додани тафовути дастрасӣ ба дониш байни шаҳр ва деҳот аҳамияти калон дорад. Ҳар як китобхона метавонад ба маркази баргузории маҳфилҳои адабӣ, муаррифии китобҳои нав, вохӯриҳои эҷодӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ мубаддал гардад.
Таҷрибаи таърихӣ низ собит кардааст, ки тамаддуни тоҷикон маҳз бар пояи китоб ва дониш бунёд гардидааст. Осори гаронбаҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Саъдии Шерозӣ ва садҳо нобиғаи дигар ба шарофати китоб то имрӯз расидааст. Ҳифзи китобхонаҳо, дар асл, ҳифзи хотираи таърихӣ ва фарҳангии миллат мебошад.
Имрӯз, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат роҳи рушди устуворро пеш гирифтааст, таҳкими пояҳои маърифатӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеа маҳсуб мешавад. Китобхонаҳои муосири деҳот метавонанд дар тарбияи шаҳрвандони худшинос, ватандӯст ва рақобатпазир саҳми бузург гузоранд. Зеро ҷомеае, ки китоб мехонад, ҷомеаи созанда, мутамаддин ва устувор мебошад.
Беҳуда нест, ки ниёгони мо мегуфтанд: «Китоб чароғи ақл аст». Ва ҳар қадар ин чароғ дар ҳар хона, ҳар деҳа ва ҳар китобхона равшантар фурӯзон бошад, ҳамон қадар ояндаи миллат дурахшон хоҳад буд.


Сайфиддин СУННАТӢ,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 07.07.2026 №: 131