ТАҲАВВУЛОТИ НАВИ ҶАҲОНӢ. АЗ ТАҶДИДИ НАЗАР ТО ТАКМИЛИ МОДЕЛИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ
Мусоҳибаи ихтисосӣ бо собиқ мушовири давлатӣ Файзулло Холбобоев
– Муҳтарам Файзулло Самадович, имрӯз иқтисоди ҷаҳонӣ дар шароити ниҳоят тағйирёбанда қарор дорад. Шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, геоиқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, суръати баланди рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, ноустувории бозорҳои молиявӣ ва энергетикӣ, инчунин дигар чолишҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба иқтисодиёти ҳамаи кишварҳо таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Ба андешаи Шумо, дар чунин шароит дар назди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом вазифаҳои стратегӣ ва афзалиятнок қарор доранд?
– Тоҷикистон имрӯз дар марҳалаи муҳими гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ қарор дорад, ки бояд ба талабот ва воқеиятҳои нави иқтисоди ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаҳои устувори суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, рушди мунтазами иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зисти аҳолӣ фароҳам оварда шуданд. Дар ин давра ҳадафҳои стратегии миллӣ муайян гардида, барои таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Бо вуҷуди ин, таҳаввулоти нави ҷаҳонӣ зарурати таҷдиди назар ва такмили модели рушди иқтисодиро ба миён меоранд. Имрӯз вазифаҳои асосии стратегӣ, пеш аз ҳама, гузариш аз иқтисодиёти такякунанда ба омилҳои анъанавии рушд ба иқтисодиёти донишбунёд, инноватсионӣ ва рақобатпазир иборат аст. Барои расидан ба ин ҳадаф бояд рушди сармояи инсонӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, истифодаи васеи технологияҳои муосир, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, рушди саноати коркард ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар таъмин карда шавад. Ҳамзамон, масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодӣ, энергетикӣ, озуқаворӣ ва обӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши рақобат барои захираҳо истифодаи самараноки иқтидори табиӣ, бахусус захираҳои обӣ ва энергетикӣ, бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодиро ташкил кунанд. Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги рушди «энергетикаи сабз», «иқтисоди сабз» ва истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ устувор мебошад, ки метавонад ба манбаи муҳими рушди дарозмуддат табдил ёбад.
Ба андешаи ман, солҳои наздик бояд солҳои гузариш аз модели рушди расидагиранда ба модели иқтисодиёти оянда бошанд. Ин иқтисодиёт бояд ба илм, технология, инноватсия, соҳибкории муосир ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ асос ёбад. Маҳз чунин равиш метавонад барои Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди устувор, рақобатпазирӣ ва ҷойгоҳи арзандаро дар низоми иқтисодии ҷаҳонӣ таъмин намояд.
– Аз назари Шумо, кадом самтҳои нави иқтисодӣ дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат барои кишвари мо афзалиятнок аст?
– Дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат, яъне то соли 2028, аҳамияти аввалиндараҷа бояд ба трансформатсияи рақамии иқтисодиёт ва сиёсати нави саноатӣ дода шавад. Мувофиқи мақсад аст, ки рушди ҳукумати электронӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатӣ, ташкили инфрасохтори муосири рақамӣ, низоми миллии коркард ва нигоҳдории маълумот ва платформаҳои рақамии пардохтҳо суръат бахшида шавад.
Ҳамзамон, таҳияи лоиҳаи барномаи саноатикунонӣ-2 ва татбиқи он зарур аст, ки бояд ба коркарди амиқи алюминий, пахта, ашёи хоми кишоварзӣ, захираҳои нодири маъданӣ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ равона карда шавад. Аз ҷумла, таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва обӣ, дастгирии соҳибкории хурди инноватсионӣ, инчунин рушди иқтидори нақлиётӣ, логистикӣ ва транзитии кишвар дар доираи равандҳои ҳамгироии минтақавӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин боқӣ мемонанд.
– Имрӯз рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ ба яке аз омилҳои асосии рақобатпазирии иқтисодиёти кишварҳо табдил ёфтаанд. Чаро маҳз рақамикунонӣ ҳамчун яке аз самтҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад?
– Имрӯз иқтисоди рақамӣ ба пояи асосии рақобатпазирии давлатҳо, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ табдил ёфтааст. Дар чунин шароит рақамикунонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як тамоюли технологӣ, балки воситаи муҳими суръат бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад.
Ба шарофати сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат дар кишвар барои рушди иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд. Рақамикунонӣ имкон медиҳад, ки сифати хизматрасониҳои давлатӣ беҳтар гардида, шаффофият ва самаранокии идоракунӣ баланд бардошта шавад, монеаҳои маъмурӣ коҳиш ёфта, ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ маҳдуд карда шавад.
Дар оянда маҳз рушди иқтисоди рақамӣ метавонад ба яке аз манбаъҳои асосии афзоиши маҳсулнокии меҳнат, рушди сармояи инсонӣ ва ташаккули иқтисодиёти донишбунёди кишвар табдил ёбад.
– Ба андешаи Шумо, сиёсати нави саноатӣ дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар кадом нақшро бояд бозад?
– Сиёсати нави саноатӣ бояд ба яке аз сутунҳои асосии трансформатсияи сохтории иқтисоди миллӣ табдил ёбад. Дар шароити муосир танҳо содироти ашёи хом наметавонад рушди устувор ва рақобатпазирии дарозмуддати иқтисодиётро таъмин намояд. Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷа ташкили истеҳсолоти дорои арзиши баланди иловашуда ва рушди занҷираҳои мукаммали истеҳсолӣ дар дохили кишвар мебошад.
Коркарди амиқи алюминий, пахта, маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва дигар захираҳои миллӣ имкон медиҳад, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёр афзоиш ёфта, вобастагӣ аз воридот коҳиш дода шавад ва ҳазорҳо ҷойи нави кории баландмаҳсул таъсис гарданд. Ин раванд, инчунин, ба баланд шудани даромади аҳолӣ ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дар ин замина, ташкили кластерҳои саноатӣ, паркҳои технологӣ, минтақаҳои инноватсионӣ ва истеҳсолоти ба содирот нигарондашуда аҳамияти махсус дорад. Маҳз чунин равиш метавонад заминаи ташаккули саноати муосир, рушди технологияҳои пешрафта ва ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷиро фароҳам оварад.
Дар маҷмуъ, сиёсати нави саноатӣ бояд барои баланд бардоштани истиқлолияти технологӣ, таҳкими амнияти иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон ҳамчун давлати саноативу инноватсионӣ хизмат намояд.
– Тибқи дурнамои миёнамуҳлати рушди кишвар, кадом самтҳо ва афзалиятҳои стратегӣ метавонанд то соли 2035 ҳамчун муҳаррики асосии рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намоянд?
– Дар дурнамои миёнамуҳлат, яъне то соли 2035, афзалияти асосӣ бояд ба гузариш ба «иқтисоди сабз», рушди иқтисодиёти донишбунёд ва таҳкими сармояи инсонӣ дода шавад. Тағйироти босуръати технологӣ, чолишҳои иқлимӣ ва ташаккули иқтисодиёти нави ҷаҳонӣ аз кишварҳо тақозо менамоянд, ки манбаъҳои нави рушди устувор ва рақобатпазириро ҷустуҷӯ ва татбиқ намоянд.
Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, аз рӯйи ҳаҷми захираҳои обӣ дар минтақа мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Ин имкониятҳои васеъро барои рушди «энергетикаи сабз», истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ҷалби сармоягузориҳо ва иштироки фаъол дар бозори иқтисодиёти ҷаҳонӣ фароҳам меорад. Дар шароити афзоиши талабот ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия Тоҷикистон метавонад ба яке аз марказҳои муҳими истеҳсол ва содироти «энергияи сабз» дар минтақа табдил ёбад.
Ҳамзамон, омили ҳалкунандаи рушди дарозмуддати кишвар сармояи инсонӣ мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки низоми маориф ва тайёр намудани кадрҳо мутобиқ ба талаботи иқтисодиёти муосир навсозӣ карда шавад. Таваҷҷуҳи махсус бояд ба рушди самтҳои STEM (илм, технология, муҳандисӣ ва математика), таҳсилоти муҳандисиву техникӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, инчунин, рушди донишгоҳҳои тадқиқотӣ ва илмӣ-амалӣ равона гардад.
Ба назари ман, то соли 2035 маҳз рушди «иқтисоди сабз», рақамикунонӣ, сармояи инсонӣ, илм ва инноватсия бояд ба омилҳои асосии афзоиши иқтисодӣ табдил ёбанд.
– Агар ба дурнамои дарозмуддати рушди кишвар назар афканем, Тоҷикистон то соли 2050 ба кадом ҳадафҳои стратегӣ бояд ноил гардад ва кадом самтҳо метавонанд ҷойгоҳи онро дар иқтисодиёти минтақа ва ҷаҳон таҳким бахшанд?
– Дар дурнамои дарозмуддат Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро дорад, ки ба яке аз марказҳои муҳими иқтисодӣ, энергетикӣ, логистикӣ ва инноватсионии Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст, ки афзалиятҳои стратегии кишвар бо назардошти тамоюлҳои нави иқтисоди ҷаҳонӣ, рушди технологияҳо ва тағйироти геоиқтисодӣ муайян ва амалӣ карда шаванд.
Яке аз самтҳои калидӣ рушди минбаъдаи иқтидори энергетикӣ мебошад. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, метавонад на танҳо талаботи дохилии худро пурра таъмин намояд, балки ба яке аз содиркунандагони асосии «энергияи сабз» дар минтақа табдил ёбад. Дар баробари ин, рушди энергетикаи гидрогенӣ, технологияҳои захира ва ҷамъоварии энергия, шабакаҳои интеллектуалии энергетикӣ ва ҳамгироӣ ба бозори минтақавии энергетикӣ метавонанд ҷойгоҳи кишварро дар иқтисодиёти энергетикии оянда таҳким бахшанд.
Ба назари ман, ҳадафи асосии Тоҷикистон то соли 2050 бояд гузариш ба иқтисодиёти рақобатпазир, инноватсионӣ, «сабз» ва ба дониш асосёфта бошад. Дар чунин ҳолат кишвар метавонад мавқеи худро ҳамчун давлати муосир, аз ҷиҳати технологӣ пешрафта ва иқтисодан устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳким бахшида, сатҳи баланди зиндагӣ ва некуаҳволии шаҳрвандонро таъмин намояд.
– Имрӯз иқтисоди ҷаҳонӣ дар марҳалаи ташаккули низоми нави геоиқтисодӣ қарор дорад. Тағйироти геоиқтисодии ҷаҳонӣ ба дурнамо ва имкониятҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонанд?
– Имрӯз равандҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла минтақавигардонии иқтисодиёт, тағйирёбии занҷираҳои истеҳсолӣ, рақобати технологӣ ва мубориза барои бозорҳо ва захираҳо, ба рушди ҳамаи кишварҳо таъсир мерасонанд. Барои Тоҷикистон ин равандҳо ҳам чолиш ва ҳам имконият мебошанд. Кишвар метавонад аз мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ ва имкониятҳои транзитии худ барои ҳамгироӣ ба долонҳои нави байналмилалии нақлиётӣ, тиҷоратӣ ва энергетикӣ самаранок истифода намояд. Дар ин шароит диверсификатсияи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди иқтисодиёти содиротгаро аҳамияти стратегӣ пайдо мекунанд.
– Тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои марбут ба захираҳои обӣ имрӯз ба яке аз муҳимтарин чолишҳои глобалӣ табдил ёфтаанд. Ин равандҳо барои иқтисодиёти Тоҷикистон то чӣ андоза аҳамияти стратегӣ доранд?
– Тағйирёбии иқлим имрӯз ба яке аз омилҳои асосии таъсиррасон ба рушди иқтисодӣ ва амнияти экологӣ дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обӣ ва пиряхҳои нодир мебошад, ин масъала аҳамияти махсуси стратегӣ дорад. Коҳиши ҳаҷми пиряхҳо, тағйирёбии тавозуни об ва афзоиши хавфҳои иқлимӣ зарурати гузариш ба модели истифодаи устувори захираҳои табииро ба миён меорад.
Дар чунин шароит ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакоронаи истифодаи об, навсозии инфрасохтори обёрӣ, рушди «энергетикаи сабз» ва таҳкими амнияти экологӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Ҳамзамон, захираҳои обии Тоҷикистон метавонанд ба омили муҳими таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамгироии энергетикӣ ва таъмини рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёбанд.
– Муҳтарам Файзулло Самадович, ба андешаи Шумо, кадом ташаббусҳо ва барномаҳои стратегии миллӣ метавонанд ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шаванд, то ба гузариши кишвар ба модели нави рушди иқтисодӣ мусоидат намоянд?
– Ба назари ман, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад як қатор ташаббусҳо ва барномаҳои стратегии навро дар бар гирад, ки ба ҳадафи бунёди иқтисодиёти рақобатпазир, инноватсионӣ ва устувор равона шудаанд. Аз ҷумла, чунин ташаббусҳо, метавонанд афзалият дошта бошанд:
– Тоҷикистони рақамӣ-2035 – барои суръат бахшидан ба рақамикунонии иқтисодиёт ва идоракунии давлатӣ;
– «Саноатикунонии сабз» – ҷиҳати рушди истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ устувор ва камкарбон;
– «Кишоварзии сабз» ва амнияти озуқаворӣ– барои баланд бардоштани самаранокии бахши аграрӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳо;
– 1000 корхонаи инноватсионӣ – бо мақсади рушди истеҳсолоти технологӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор;
– Минтақаҳои интеллектуалӣ – барои рушди мутавозини минтақаҳо дар асоси технологияҳои рақамӣ;
– Соҳибихтиёрии технологӣ – ҷиҳати таҳкими иқтидори илмӣ-техникӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз технологияҳои хориҷӣ;
– Илм барои иқтисодиёт – барои пайвастани илм, таҳқиқот ва истеҳсолот;
– Тоҷикистон – платформаи содиротии Осиёи Марказӣ – бо мақсади густариши иқтидори содиротӣ ва логистикии кишвар;
– Сиёсати нави демографӣ – барои истифодаи самараноки имкониятҳои демографӣ ва рушди сармояи инсонӣ;
– Иқтисодиёти дониш ва истеъдодҳо – барои ташаккули иқтисодиёти ба дониш ва инноватсия асосёфта;
– Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ– ҷиҳати татбиқи технологияҳои пешрафта дар иқтисодиёт, идоракунӣ, маориф ва илм.
Татбиқи чунин ташаббусҳо метавонад заминаи устувори гузариши Тоҷикистонро ба иқтисодиёти оянда, таҳкими рақобатпазирии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ фароҳам оварад.
– Хулосаи асосии консептуалии пешниҳоди ислоҳотии мазкур аз чӣ иборат аст?
– Хулосаи асосии консептуалӣ дар он ифода меёбад, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад марҳалаи муҳими стратегии гузариши кишвар ба модели нави рушди иқтисодӣ гардад, ки ба инноватсия, технологияҳои пешрафта, рақобатпазирӣ ва устувории дарозмуддат асос ёфтааст. Дар баробари ин, татбиқи чунин ислоҳоти фарогир бидуни иродаи қавии сиёсӣ, сиёсати пайгиронаи давлатӣ ва роҳбарии стратегӣ имконнопазир мебошад.
Дар шароити нав афзалиятҳои асосии рушди кишвар бояд сармояи инсонӣ, иқтисоди рақамӣ, «иқтисоди сабз», рушди илм ва инноватсия, саноатикунонии содиротгаро, амнияти энергетикӣ, соҳибихтиёрии технологӣ ва ҳамгироии минтақавӣ бошанд. Бо итминон метавон гуфт, ки ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ин самтҳо дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоистаи худро пайдо намуда, асоси марҳалаи нави рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро ташкил хоҳанд дод.
Мусоҳиб Сироҷиддин ИЗЗАТУЛЛОЕВ, рӯзноманигор
