ҲАМСОЛИ АВИАТСИЯИ ТОҶИК
Порае аз зиндагиномаи Нусратуллоҳ Файзуллоев
Медонем, ки Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навад сол муқаддам ҳамчун бахши ҳавопаймоии Тоҷикистони шуравӣ таъсис ёфта буд. Таърихи қариб якасраи авиатсияи тоҷик барои наслҳои баъдӣ ибратомӯз мебошад, зеро бисёре аз фарзандони кордони миллат дар роҳи барқарорӣ хидматҳои арзанда нишон додаанд. Аз ҷумла, Нусратуллоҳ Файзуллоев шахсиятест, ки тамоми умри бобаракати хешро дар авиатсия гузаронд. Агарчи ӯ ҳоло дар қайди ҳаёт нест, соли ҷорӣ ба солгарди ин марди наҷиб 90 сол пур мешавад. Ӯ ҳамсоли авиатсияи тоҷик аст.
Нусратуллоҳ Файзуллоев соли 1926 дар деҳаи Лайруни ноҳияи Сангвор дар оилаи марди фозил Исматуллоҳи Лайрунӣ таваллуд ёфта, фаъолияти соҳавии ӯ пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз меёбад.
Ӯ баъди хатми мактаби деҳаи Арганкул, соли 1938 дар деҳаи Лайрун ба симати омӯзгор ҳамроҳи Мардон Аброров ва Давлати Дод дар ду бахши деҳа: Лайруни Боло ва Лайруни Поён, мактаб ташкил карда, фарзандони мардумро барои саводомӯзӣ ташвиқу тарғиб кардаанд.
Нусратуллоҳи ҷавон соли 1944 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди шуравӣ даъват мешавад. Тандурустиву истеъдоди ӯро ба инобат гирифта, ба Омӯзишгоҳи авиатсионии шаҳри Тула мефиристанд. Ин Омӯзишгоҳи машҳурро соли 1946 бо баҳои аъло хатм мекунад. Соҳибони чунин ихтисосҳо дар мо он солҳо басе камчин буданд.
Пас аз пирӯзӣ бар фашизм ба зодгоҳ баргашта, соли 1946 корро дар майдони ҳавоии ноҳияи Сангвор оғоз мекунад. Дар ин ҷо ҳавопаймоҳои ПО-2 ва ЯК-2 мунтазам аз Душанбеи (Сталинободи пешин) ба Сангвор парвоз мекарданд.
Қобилияти созмондиҳӣ ва маҳорати кордонии Нусратуллоҳ сабаб шудаву ӯро барои кор аввал ба Душанбе (то соли 1954), баъдан, ба ноҳияи Данғара мефиристанд. Соли 1958 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоб пойгоҳи ҳавоии авиатсия кушода мешавад ва Нусратуллоҳро ҳамчун роҳбари идораи ҳавопаймоӣ ба он ҷо мефиристанд. Солҳои 1958-1978 идораи авиатсияи ноҳияи Ховалинг дар ҷумҳурӣ аз ҷумлаи пешқадамҳо буд ва ҳамасола нақшаи боркашониҳо ва рафтуомади мусофиронро барзиёд иҷро мекард.
Соли 1973 барои хидматҳои шоёнаш ба Нусратуллоҳ Файзуллоев нишони Аълочии авиатсияи СССР дода мешавад. Соли 1984 бахшида ба 60-солагии зодрӯз ва 30-солагии фаъолияти корӣ бо Нишони фахрӣ ва соли 1986 бо медали Байрақи Сурхи Меҳнат қадр мешавад.
Аз фаъолиятҳои муассири ӯ дар ин соҳа дар ҷаридаҳои «Воздушный транспорт», «Криля Таджикистана» ва «Тоҷикистони советӣ» (имрӯза “Ҷумҳурият”) борҳо мақолаҳо нашр гардидаанд.
Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии СССР аз он паём мерасонад, ки ин фарзанди тоҷикро чун мутахассис дар Иттиҳоди Шуравӣ низ эътироф мекарданд.
Соли 1987 Нусратуллоҳ бознишаста мешавад. Шаш фарзанди ӯ: Кароматуллоҳ корманди Роҳи оҳани Тоҷикистон, Ибодуллоҳ, муҳосиб дар шаҳри Кӯлоб, Қудратуллоҳ хидматгари давлатӣ, Раҷабалӣ омӯзгор, Зайдуллоҳ челонгари НБО «Роғун» ва Сайфуллоҳ мутахассиси соҳаи фарҳанг мебошанд.
Аз масъулони ноҳияҳои Сангвор ва Ховалинг хоҳиш мекардем, ки барои гиромидошти хотираи ин марди наҷиб иқдоме пеш гиранд. Кошки мактабе, хиёбоне ба номи ӯ гузошта мешуд, то насли нав бидонад, ки фарзандони ин миллат дар ҳавонавардӣ ҳам мутахассисони шоиста дошт.
Асадуллоҳ ФАЙЗУЛЛОЕВ,
раиси ҷамъияти ибтидоии “Чернобил”
дар ноҳияи Сангвор,
маҷруҳи гурӯҳи сеюми
воқеаи Чернобил
