СИНО. ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОМИЛИ ТАҲКИМИ ТИББИ ҶАҲОНӢ

09 июл 2026, Панҷшанбе
7


Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши мушкилоти нави тандурустӣ, аз ҷумла пандемияҳо, бемориҳои сироятии нав ва буҳронҳои экологӣ, ҷомеаи байналмилалӣ беш аз ҳар вақти дигар ба таҳқиқоти илмии соҳаи тиб ва ҳамкориҳои глобалӣ ниёз дорад. Дар чунин вазъ омӯзиш ва истифодаи мероси олимони бузург, ки дар рушди илми тиб саҳми арзишманд гузоштаанд, аҳамияти махсус касб менамояд. Дар ин замина, нобиғаи ҷаҳонӣ Абуалӣ ибни Сино ҳамчун яке аз поягузорони илмҳои тиббӣ ҷойгоҳи хос дорад.


АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ВА АҲАМИЯТИ МЕРОСИ ИЛМИИ Ӯ ДАР ТИБ
Абуалӣ ибни Сино яке аз донишмандони бузурги ҷаҳонӣ маҳсуб гардида, осори илмии ӯ дар ташаккули илми тиб таъсири амиқ расонидааст. Асари машҳури ӯ “Ал-Қонун фи-т-тиб” тули чандин аср дар муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои тиббии ҷаҳон ҳамчун сарчашмаи асосии таълим истифода мешуд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими афкори илмии ибни Сино муносибати комплексӣ ба масъалаи саломатии инсон мебошад. Ӯ на танҳо табобати бемориҳоро муҳим мешумурд, балки ба пешгирии бемориҳо, беҳдошт, муҳити зист, ғизои солим, тарзи ҳаёти солим ва нигоҳдории мувозинати равонию ҷисмонӣ аҳамияти махсус медод.
Тадқиқотҳои муосир нишон медиҳанд, ки бисёре аз пешниҳодҳои илмии Ибни Сино, бахусус вобаста ба сироятшиносӣ, карантин, гигиена ва таъсири муҳити атроф ба саломатии инсон, бо дастовардҳои нави тиббӣ мувофиқат доранд. Ин ҳолат аҳамияти ҷаҳонии осори ӯро боз ҳам тақвият мебахшад.


ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО: ЗАМИНАҲОИ ТАЪСИС ВА АҲАМИЯТИ СТРАТЕГӢ
Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд, ки ин тасмими беназир ба ҳисоб меравад. Ин иқдом на танҳо арҷгузорӣ ба мероси илмии яке аз фарзандони фарзонаи миллат мебошад, балки як механизми муҳими дипломатияи илмӣ ва муаррифии иқтидори илмии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ низ ба шумор меравад.
Аҳамияти стратегии ин ҷоиза дар чанд самт зоҳир мегардад: якум, ҳавасмандгардонии олимон ва муҳаққиқони соҳаи тиб барои анҷоми таҳқиқоти навоварона, ки ба беҳбудии сатҳи тандурустии ҷомеа мусоидат менамоянд; дуюм, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва тиббӣ, ки барои мубодилаи таҷриба, технология ва дониш аҳамияти калон дорад; сеюм, баланд бардоштани нуфузи илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва тақвияти мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои анъанаҳои бойи илмӣ; чорум, рушди тадқиқотҳои илмӣ дар самти мубориза бо бемориҳои сироятӣ, ки пас аз пандемияи коронавирус ба яке аз масъалаҳои муҳими инсоният табдил ёфтааст.


НАҚШИ ҶОИЗА ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛИИ ТАНДУРУСТӢ
Дар асри XXI мушкилоти глобалии тандурустӣ, аз ҷумла паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим, муқовимати антибиотикӣ ва буҳронҳои эпидемиологӣ, ҷомеаи ҷаҳонро водор месозанд, ки ба рушди илм ва навовариҳои тиббӣ диққати бештар диҳанд. Дар чунин шароит таъсиси ҷоизаҳои байналмилалӣ метавонанд ҳамчун абзори муассири ҳавасмандсозии илм хизмат намояд.
Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино барои қадршиносии он шахсоне пешбинӣ шудааст, ки дар рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ин раванд метавонад боиси ташаккули муҳити солими рақобати илмӣ ва рушди технологияҳои нави тиббӣ гардад.
Аз нигоҳи илмшиносӣ, чунин ҷоизаҳо ба рушди “илми кушода” (Open Science), табодули дониш ва густариши ҳамкориҳои фаромиллӣ мусоидат мекунанд. Инчунин, онҳо барои таҳкими робитаи байни илм, ҷомеа ва сиёсат дар ҳалли масъалаҳои тандурустӣ аҳамияти калон доранд.


Бӯстон МАҲМАДНАЗАРЗОДА,
мудири кафедраи анализи математикӣ
ба номи профессор А. Муҳсинови МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

Санаи нашр: 09.07.2026 №: 132-133