ЗАБОНИ ИЛМ. ДАР БОРАИ ҚУДРАТИ БАЁНИ ТОҶИКӢ-ПОРСӢ

13 июл 2026, Душанбе
7


Солҳост, ки як андешаи нодуруст дар ҷомеа реша давондааст, ки мувофиқи он, гӯё дар асрҳои миёна забони порсӣ забони адабиёт буду забони арабӣ забони илм. Ин дар ҳолест, ки забони мо дар асрҳои миёна забони илм, таҷриба ва тарҷима низ буд. Ҳоло ҳам, агар соҳибзабон бихоҳад, қудрати баёни ҳамаи илмҳои муосирро дорад.
Аввал ин ки забони арабӣ забони илм буду дар тамоми паҳнои хилофат забони давлатдорӣ ва коргузорӣ буд, ҷойи баҳс нест. Инчунин, арабӣ забони адабиёт низ ҳаст, ки бо он на танҳо худи арабҳо, балки аҷдоди мо низ дар давраи ба қавли Абдулҳусайни Зарринкӯб “ду қарни сукут” на танҳо осори адабӣ эҷод кардаанд, балки осори тоисломиро ба ин забон тарҷума намуда, барои наслҳои минбаъда нигоҳ доштаанд (руҷуъ шавад ба осори устод Низомиддин Зоҳидӣ). Аммо забони арабӣ дар ҷойи худаш, ҳадафи мо забони порсист.
Забони порсӣ-тоҷикӣ, ки бештар бо адабиёт машҳури олам гашт, имрӯз ҳам забони бузурги шеъру адаб аст, бо сарводаву достону маснавиву ҳикояву панду насиҳат маҳдуд намешавад. Ин забон дар таърих, махсусан, баъди асри X забони комили илм, тиб, сиёсат, дипломатия ва давлатдорӣ будааст, ки дар зер намунаҳои барҷастаи осори илмиро бо ин забон дида мебароем.
Аввалин асари порсӣ дар соҳаи тиб «Ҳидояту-л-мутаъаллимин фӣ-т-тиб»-и Абубакр Рабеъ ибни Аҳмади Ахавайнии Бухорист, ки дар миёнаҳои асри X таълиф ёфтааст. Ба навиштаи устод Абдувалӣ Шарифзода, дар «Ҳидояту-л-мутаъаллимин фӣ-т-тиб» вожаҳои зиёди қадимаи марбут ба номи рустаниҳо, доруҳо, бемориҳо, узвҳои бадан зикр шудаанд. Аз ин бармеояд, ки Рабеи Бухорӣ пеш аз Ибни Сино ва Берунӣ ба истилоҳсозии порсӣ-тоҷикӣ дар тиб даст задааст ва саҳми ӯ дар ин мавзуъ хеле назаррас мебошад.
Асари дигари муҳими ин давра китоби муаллифаш номаълуми “Ҳудуд-ул-олам” аст, ки соли 982 навишта шуда, ба ҷуғрофиё марбут аст ва нишон додааст, ки забони порсӣ барои ифодаи истилоҳоти ҷуғрофиёӣ имконият дорад.
Ибни Сино китоби “Донишномаи Алоӣ”-ро солҳои 1024-1037 дар самти мантиқ, табииёт, ҳайат, мусиқӣ ва мобаъдуттабиа (метафизика) ва риёзӣ навиштааст. Ин асар яке аз намунаҳои аввалин ҷамъоварии дониши мавҷудаи замона ба забони порсии тоҷикӣ аст. Ибни Сино ҳангоми таълифи асар як силсилаи истилоҳоти навро эҷод кардааст.
Асари дигари барҷастаи илмӣ дар забони мо “Китоб-ут-тафҳим ли авоили синоат-ат-танҷим”-и Абурайҳони Берунӣ аст. Ин асарро Берунӣ ҳам ба забони арабӣ ва ҳам ба порсӣ таълиф кардааст. Гарчанде унвони китоби мазкур ситорашиносист, вале бахши зиёди онро ҳандаса, арифметика ва алгебра фаро гирифтааст. Ин китоб бо услуби бисёр равону сода навишта шуда, ҳамчун як китоби дарсӣ барои омӯхтани чизҳои ибтидоии илмҳои мазкур муҳим аст. Доир ба истилоҳоти илмии Берунӣ устод Мирзоҳасани Султон таҳқиқоти арзишманд анҷом додаанд.
Барои ба забони фалсафа табдил ёфтани забони порсӣ хидмати Носири Хусрав бағоят бузург аст. Ӯ муҳимтарин осори фалсафии худро маҳз ба ин забон навишта, ба ҷойи вожаҳои арабӣ аз порсӣ истифода кардааст.
Баъдан, Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ солҳои 1113-1115 шоҳасари «Захираи Хоразмшоҳӣ»-ро навишт, ки қадимтарин донишномаи тиббии порсӣ бо фарогирии 750 000 калима мебошад. Онро дар сатҳи «Қонун»-и Ибни Сино баҳо гузоштаанд. Ин фарҳанг истилоҳоти тиббии порсиро ба меъёр даровард, ки шаш аср баъд ҳам ба адабиёти тиббӣ таъсир дошт.
Дар ҳамин давра, Умари Хайём, ки дар ҷомеаи мо бештар чун рубоисаро шинохта мешавад (ҳол он ки ӯ бузургтарин риёзидон ва ситорашиносу файласуфи барҷаста аст), асари мондагори “Наврӯзнома”-ро ба порсӣ эҷод кард, ки дар он дар бораи тақвим, таърихи Ҷашни Наврӯз ва дигар ҷашну оинҳои мо маълумот зиёд аст.
Ба забони комили илмӣ табдил ёфтани порсӣ дар замони Насируддини Тӯсӣ сурат гирифт. Ӯ бо ин забон 25 асар эҷод кардааст. Яке аз мондагортарин ва машҳуртарин асарҳои порсии Тӯсӣ “Зиҷи Элхонӣ” мебошад, ки баъди 12 соли мушоҳидаҳои астрономӣ, соли 1272 ба итмом расида, дар он ҷадвали ситораҳои равшан ва координатаҳои 279 шаҳр, инчунин ҷадвали синусу косинусҳо оварда шудаанд. Бояд таъкид кард, ки то ин замон зиҷҳо – ҷадвалҳои астрономӣ асосан ба забони арабӣ навишта мешуданд. Дар бораи устурлоб, тарзи истифодаи он асари “Бист боб дар маърифати устурлоб” низ ба порсӣ таълиф кардааст. Шоҳасари Тӯсӣ “Ахлоқи Носирӣ” низ ба порсӣ аст.
Аз шогирдони мактаби Тӯсӣ Шамсуддин Муҳаммад Мунаҷҷими Вобканавии Бухорӣ (1254- тақр. 1335) низ зиҷи худро бо номи “Зиҷи муҳаққақи Султонӣ” ба забони порсӣ навиштааст, ки то имрӯз се дастхатти он омада расида, дар Китобхонаи Айя-София (№ 2694), Китобхонаи Улумӣ дар Язд (№ 546) ва Китобхонаи парлумон дар шаҳри Теҳрон (№ 6435) нигоҳдорӣ мешаванд. Шамсуддини Бухорӣ аввалин бор дар ҳамин асараш дар бораи ҳодисаи гирифтаи ҳалқашакли Офтоб маълумот дод.
Донишманди дигаре, ки бо забони порсӣ асарҳои бунёдӣ навиштааст Қутбуддин Маҳмуд ибни Масъуди Шерозӣ аст. Асарҳои порсии тоҷикии ӯ “Тарҷумаи Таҳрири Уқлидус” ба ҳандаса, “Ихтиёроти Музаффарӣ” ба ситорашиносӣ, «Дуррат-ут-тоҷ ли ғуррат-ид-Диббоҷ» – асари донишномавӣ ба илмҳои табиӣ, илоҳиёт, мантиқ, ахлоқ, ирфон, ситорашиносӣ, риёзӣ ва мусиқӣ бахшида шудааст.
Баъди Тӯсӣ забони порсӣ ба забони комили илмӣ табдил ёфта, дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон ҷойи забони арабиро танг кард. Беҳуда нест, ки яке аз бузургтарин асарҳои астрономии мусалмонон – “Зиҷи ҷадиди Курагонӣ” ё “Зиҷи Султонӣ”, ки натиҷаи фаъолияти қариб 30-солаи донишмандони барҷаста бо роҳбарии Мирзо Улуғбек маҳз ба забони порсӣ нигошта шуда буд. Натиҷаҳои ин асар то ду қарни баъд аз дақиқтарин ва саҳеҳтарин натиҷаҳои астрономии дунё ба шумор мерафт.
Баъди марги Улуғбек ва пош хӯрдани ҳалқаи илмии Самарқанд, Алии Қӯшчӣ осори порсӣ-тоҷикиро ба Истанбул бурд ва тавассути тарҷума ба забонҳои аврупоӣ донишҳои гузаштагони мо ба Аврупо интиқол ёфт.
Инҷо як чизи дигарро бояд қайд кард, ки таъсиру фарогирии забони порсӣ аз ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон берун рафта, дар Ҳинд низ мақоми баланд касб мекунад. Масалан, Фаридуни Мунаҷҷим – ситорашиноси дарбори Шоҳиҷаҳон “Зиҷи Шоҳҷаҳонӣ”-ро ба порсӣ таҳия кард. Ин асарро ситорашиноси ҳинд Пандит Нитянанда ба санскрит тарҷума кард. Соли 1587 асари “Лиловатӣ”-и Бҳаскара II (1114-1185, риёзидон ва мунаҷҷими асримиёнагии Ҳиндустон) аз тарафи Абулфайз Файзӣ ва солҳои 1634-35 китоби дигари Бҳаскара II – “Биҷангита” аз тарафи Атоуллоҳ Рашидӣ ба порсӣ тарҷума гардиданд. Бояд таъкид кард, ки “Лиловатӣ” ва “Биҷангита” аз машҳуртарин китобҳои риёзиву ҳандасаи Ҳинди асримиёнагӣ буданд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки Атоуллоҳ Рашидӣ писари Устод Аҳмади Лоҳурӣ – меъмори тоҷик аст, ки сармеъмори Тоҷмаҳал буд. Рашидӣ, ҳамчунин, китоби “Хулосат-ул-ҳисоб”-и Баҳоуддини Омилиро аз арабӣ ба порсӣ тарҷума кардааст. Писари дигари Устод Аҳмади Лоҳурӣ – Лутфуллоҳи Муҳандис аст, ки риёзидон ва муаррихи шинохта буд ва асари “Девони Муҳандис”-ро ба порсӣ навишт.
Баъдан роҷаи Роҷастон – Савай Ҷай Сингҳ (1688-1743) дар шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон (Ҷайпур, Деҳлӣ, Банорас, Муттра, Уҷайн) расадхонаҳо бунёд карда, барои муҷаҳҳаз гардондани онҳо намунаи олоти расадхонаҳои Мароғаву Самарқандро истифода бурд. Дар натиҷаи мушоҳидаҳои астрономиаш, «Зиҷи ҷадиди Муҳаммадшоҳӣ»-ро ба порсӣ таълиф кард.
Аз охирон матнҳои классикии илмӣ, махсусан, дар соҳаи астрономия китобҳои “Манозир-ул-кавокиб” ва “Рисола фи-аъмол-ил-курра”-и Аҳмади Дониш ва “Мухтасари илми афлок ва илми арз” аз Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзови Ҳайатии Хуҷандӣ мебошад.
Танҳо, пас аз ба ном “инқилоби Бухоро” мо аз асли худ канда шудему пайванди наслҳо аз байн рафт ва насли нави олимону донишмандони тоҷик дар муассисаҳои таълимии забонашон русӣ тибқи барномаи таълимии шуравӣ дарс гирифтанд. Дар натиҷа, на танҳо забони илмии гузаштагонамонро аз даст додем, балки дониши бештар аз ҳазор соли ҷамънамудаи онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда шуд.


Ризои БАҲРОМЗОД,
номзади илмҳои физикаю математика

Санаи нашр: 09.07.2026 №: 132-133