ЛАХШ. ТАТБИҚИ ТАДБИРҲОИ МУАССИР ДАР САМТИ ЗАБОНОМӮЗӢ
Омӯхтан ва донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан русӣ ва англисӣ, дар баробари забони модарӣ пайваста дар суханрониҳои Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад. Аз ҷумла, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд: «Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироиҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд». Пешвои миллат барои дар сатҳи баланд омӯхтани забонҳои хориҷӣ дастур доданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз муассисаҳои томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Дар робита ба ин, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Лахш таълим бо 3 забон ба роҳ монда шудааст. Тибқи иттилои Турабек Аброров, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, дар тобеияти шуъба 61 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Литсей барои хонандагони болаёқат, 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, инчунин 6 муассисаи томактабӣ, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият мекунанд. Таълим бо забони тоҷикӣ дар 38 ва бо забонҳои тоҷикию қирғизӣ дар 23 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, хонандагон ба омӯзиши забони русӣ фаро гирифта шудаанд.
Ба хонандагон 1052 омӯзгор дарс мегузаранд, ки 604 нафарашон маълумоти олӣ доранд.
- Дар ноҳияи Лахш ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, - гуфт мудири шуъбаи маориф ва афзуд, - шумораи муассисаҳои томактабӣ 6 адад буда, 269 нафар кӯдакро ба тарбия фаро гирифтаанд. Инчунин, дар назди 55 муассисаи таҳсилоти умумӣ марказҳои инкишофи кӯдак бо фарогирии 1298 навраси синни томактабӣ фаъолият доранд.
Дар назди муассисаҳои томактабӣ ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият дошта, бо маводи доруворӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин, аз тарафи мутахассисон ба кормандони ин муассисаҳо ҳафтае 1 соат дарсҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ гузаронда мешавад.
Тибқи иттилои мудири маориф, иштироки хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ беҳтар гардида, дар даври минтақавии олимпиадаи мактаббачагон байни хонандагони синфҳои 9-11 аз муассисаҳои таълимии ноҳия 96 нафар иштирок намуда, 8 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт ва дар даври ниҳоӣ 2 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба донишкадаву донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ҳудуди кишвар рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Ҳоло бақайдгирии дохилшавандагон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, ба ҳолати имрӯза аз 788 нафар 488 нафар ҳуҷҷат супурданд.
Дар баробари дастовардҳо, эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ бо 9700 адад китобҳои дарсӣ ва эҳтиёҷоти Муассисаи таҳсилоти томактабии №4 ба бинои алоҳида аз мушкилоти асосии соҳа дар ноҳия ба шумор меравад.
- Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони бинои нави дуошёна барои шуъбаи маориф идома дорад. Умед аст, ки бо ба истифода додани бинои мазкур фаъолияти кормандони соҳа беҳтар гардида, мушкилоти дигари соҳаи маориф батадриҷ бартараф мешаванд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Т. Аброров.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
