ХОКПАЙВАНДИ БУЗУРГОНИ ВАТАН

13 июл 2026, Душанбе
8


“...Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат ба дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон боиси ситоиш ва қадрдонӣ мебошад. Ёд овардан ва муаррифӣ кардани шуҷоату далерӣ, фазлу дониш ва бузургиву тавонмандии онҳо далели эҳтироми мо ба таърих ва симоҳои таърихию фарҳангии халқи азизамон аст”.
Эмомалӣ РАҲМОН, “Чеҳраҳои мондагор”
Эҳёи асолати ориёӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо пайкору устувории мавқеи сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаи нодири таърихист, дар миёни наслҳои ориёнажод ва порсизабонони ҷаҳон. Шоҳроҳи 35 соли озодию Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пурбортарин даврони эҳёи арзишҳои фарҳангу тамаддуни ориёист, зеро тули бештар аз ҳазор соли надоштани истиқлоли сиёсӣ, қисми зиёде аз он ганҷинаҳо ба ғорат рафтаю фаромӯш гашта буданд. Хушбахтона, ба бахти озодагони ориёӣ аз такхокистари таърих, Меҳани аҷдодӣ Хуршеди адолат тулуъ намуд ва сол ба солу моҳ ба моҳ бо ибтикорҳои фарзонафарзанде аз тухмаи насли каён, озодаворисе бо хисоли ориёнаву маниши озодагон бар эҳёгарӣ пардохт.
Шинохту меросбарӣ аз ҳикмати девондорию давлатсолории Сомониён (1999) қадами аввали эҳё дар афкори миллат буд ва давра ба давра ғанӣ кардани ҳофизаи таърихӣ, чун баргардондани номҳои таърихии сарзамин, шаҳру деҳ, то ҷашнвораи тамаддуни ориёӣ (2006) пайравӣ аз аҳкомҳои накуи оини ростини Зардушт: пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек ва то ба сатҳи ҷаҳонӣ расондани мақоми Наврӯз пайкоре буд, ки қимати онро наметавон бо чизе ташбеҳ дод. Бузургдошт ва қадршиносии афроди ҷонфидо ва нобиғагони аз тухмаи озодагони ориёӣ барруста, ибтикори накуи дигаре буд, ки миллат ва наслҳои ориёӣ шиносоии Спитамен, Абумуслими Хуросонӣ, Деваштич, Сунбоди Муғ, Устод Сис, Яъқуби Лайси Саффор, Исмоили Сомонӣ, Сарбадорон, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва даҳҳо шерони набарди озодию истиқлоли марзу буми ориёзамин гашт. Шинохти оини адлу дод ва ростию баробарӣ, қонунияти аввалияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир бо номи Маншури Куруш ё Устувонаи ҳуқуқи инсон ва муаррифӣ дар сатҳи ҷаҳон рисолати бузурги меросбарӣ ва посдорӣ аз оини ниёгони арҷманд буд.
Барқарор намудани адолати таърихӣ ва бо унвону мукофоти олитарини Ватан, Қаҳрамони Тоҷикистон қадр намудани эҳёгарони даврони нави таърихи миллат устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров (1997), Мирзо Турсунзода (2001) Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум (2006) зинаи муҳим дар мактаби худогоҳӣ ва хештаншиносии миллӣ гашт. Бо тадбирандешӣ ва оини посдорию эҳтироми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бузургмардони миллат, ҷавонмардонаю дурбинона ба Ватан овардани ҷасади адибони эҳёгари хотираи таърихӣ ва парасторони руҳи миллӣ устодон Сотим Улуғзода ва Бозор Собир, инчунин, чандин фидоиёни ҷодаи илму адаби тоҷик ҳикмате дошт омӯхтанӣ, ки дарси ватандорист!
Дар ин радиф, 19-уми майи соли 2026 барои миллат рӯзи хотирмони таърихист, зеро бо як ибтикори беназири Пешвои миллат мушти хоки қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва яке аз фарзандони фидоӣ ва сарсупурдаи роҳи истиқлолу озодӣ ва маорифи тоҷик Нисор Муҳаммад ба Ватан оварда шуд. Ин рӯйдоди таърихии замони мо, ки дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин ҳаккокӣ хоҳад шуд, бори дигар ба дили бузург, самимият, истодагарӣ, посдори арзишҳои ҳамидаи ориёӣ будани Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба миллат ва тамоми озодагони ориёӣ ва сокинони фазилатпарвари ҷаҳон ба исбот расонд. Тантанаи истиқболи расмӣ, қабул, посдорӣ ва саҷда бар мушти хоки фарзандони қаҳрамону ҷонфидои миллат, гувоҳ бар он аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи эҳё ва посдории рукнҳои барҷастаи фарҳангу тамаддуни ориёӣ собитқадаму устувор аст ва хотироти накуи фарзандони фарзонаю ҷонфидояшро ҳамеша посдорӣ менамояд.
Овардани мушти хоки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз оромгоҳи бародарии қурбониёни солҳои таъқиботи сталинӣ аз шаҳри Москва ба пойтахти Тоҷикистон – Душанбеи сабздомон, тантанавор, бо қаровули фахрӣ, нишони посдорӣ ва ифтихор аз бузургдошти қаҳрамонони Ватан аст. Ин дарси ибрат, мардонагӣ, худогоҳию хештаншиносӣ буда, гувоҳ бар он аст, ки миллат ҳеҷ гоҳ қаҳрамонону фидоиёни роҳи озодию истиқлолро фаромӯш намекунад. Пас, ҳикмати “Бузургонро бузургон зинда медоранд, бузургонро бузургони дигар поянда медоранд!” дар тимсоли ташаббус ва ибтикороти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тасдиқи таърихии хешро ёфт.
Хокпайванд гашт бар хоки Ватан,
Мушти мушкинхоки гурдони Меҳан.


Аминҷон ЗАРИФӢ,
устоди МДТ “Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод”

Санаи нашр: 09.07.2026 №: 132-133