ТӮЛҚИН ХОҶА. ШЕЪРАШ ТИЛЛОИ ХОЛИС АСТ

09 июл 2026, Панҷшанбе
6

Мо мардеро ёдоварӣ мекунем, ки лоиқи ситоиш асту устоди шоирону қаламкашони ноҳияи мо – Данғара. Тӯлқин Хоҷа адибест, ки ҳар сатри ба рӯйи авроқ овардааш тараннуми оҳанги зиндагиро дорад. Ашъори ӯ, ба мо – ҳамдиёронаш аз солҳои пешин ошно буд. Шеърҳои аввалини ӯ замоне дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” нашр шуданду ӯро ҳамчун шоири содагӯву саршори самимияту перостаи зебоӣ ба мардум ошно намуд.
Китоби аввалини ӯ “Шамолдара”, баъдан силсилаи маҷмуаҳои хубу хонданӣ, ба мисли “Озар”, “Ниёиш”, “Бурҷи Асад”, “Захми нигоҳ”, “Самандар” нашр гардиданд. Ӯ шоире буд, ки дар пайи шуҳрату шон нагашт. Шоире буд, ки дар миёни издиҳому анбуҳи бузург чун ошиқи ҳақиқат ба назар мерасид ва бинандае буд, ки бештар ба умқи замона менигарист.
Ҳарчанд дар ҷаҳони бекарони шеъри муосир он замон шоирони диловар, ба мисли Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Ашур Сафар, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Мастон Шералӣ, Ҳадиса Қурбонова, Мавҷуда Ҳакимова, Гулрухсор ва дигарон буданд, аммо Тӯлқун роҳи худро, шеваи шеърнависиро ёфт. Ӯ ҷавон бошад ҳам, дар ин ҷода бе ягон ҳарос дилпурона қадамҳои устувори худро гузошт. Дилаш аз худаш пур буд ва ба ҳамин равиш шоири муваффақ ҳам шуд.
Дар ҷаҳон шоире нест, ки шеъри модар нанавишта бошад, аммо шеъри модари устод Тӯлқин Хоча бӯйи дигар мекунад, ӯ тамоми назокату латофати модари тоҷикро, махсусан дар даври пирӣ, зебову нишонрас ба риштаи назм кашидааст, ки хонанда бе ашки чашм то охир хонда наметавонад:
Модари кампири ман кӯдак шудаст,
Пургапу инҷиқу гирёнчак шудаст.
Рӯзу шаб овораам аз пушти ӯ,
Зораву наззораам аз пушти ӯ.


Мешавад хобаш гурезон тез-тез,
Мешавад тобаш гурезон тез-тез.
Аз ибодатҳо Худо меҷӯямаш,
Аз табобатҳо даво меҷӯямаш.


Ҳамраҳи ӯ кӯдакона гап занам,
Бо фусуну бо фасона гап занам.
Медиҳам гапҳои ширинаш мудом,
Мекунам таърифу тавсифаш мудом.


Дӯстдори дӯстдориҳо шудаст,
Орзуманди ғамгусориҳо шудаст.
Дасту пои ӯ ба дасти молишам,
Ман барояш ромишу осоишам.


Шогирдонаш дар бораи устод ибрози андеша кардаву меҳрномаҳо бахшидаанд, ки чанд намуна меорем:
Лаҳзае худро амиру марди майдон карду рафт,
Лаҳзае шеъри дариро моту ҳайрон карду рафт.
Шеъри Бозорӣ бигуфт дар шеъри бозори ҷаҳон,
Лаҳзае аз хори Пушанг як гулистон карду рафт.
***
Тӯлқин худ мавҷи дарё мешавад,
Дар дилу дар дидаҳо ҷо мешавад.
Шоире шуд нуқтадону нуқтасанҷ,
Дафтари худро намуд ӯ кони ганҷ.
Шуҳрати шеъровариаш пеш гашт,
Обрӯю эътибораш беш гашт.


Тӯлқин Хоҷа марди заминӣ буд, агар зарур ояд, бори вазнини ғамҳои аҳли заминро мебардошту аммо замин ӯро зудтар ба канори хеш хонд. Ӯ дар шеъри “Ниёиш” роҳи зиндагии хешро чунин тасвир мекунад:
Майда-майда меравам дар кӯчаҳои танги рӯз,
Мурда-мурда меравам дар кӯчаҳои санги рӯз.
Кӯчаҳоро нест парвои хаёли раҳнавард,
Кӯчаҳоро нест парвои заволи раҳнавард.
Гургҳои бекасӣ дар кӯи ман уллос зананд,
Даштҳои бекасӣ дар кӯи ман ҳуввос зананд.
Дар хаёлам чирчиракҳо то саҳар чир-чир кунанд,
Дар гулуям хир-хиракҳо то саҳар хир-хир кунанд.


Ман, устод Тӯлқин Хоҷа ва Саид Ғоиб дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ҳуҷраи кории алоҳида доштем. Устодон дар шабакаи телевизионии “Хатлон” баъдан дар шабакаи телевизиони “Тоҷикистон” то охири умрашон фаъолият доштанд. Ҳар ду аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, рӯзноманигорони номошно ва аълочиёни маориф ва фарҳанги Тоҷикистон буданд.
Тӯлқин Хоҷа на фақат шоири шуҳратёр буд, балки одами асил буд, дар шеърҳояш ҳама хислатҳои ҳамидаи одамиро нишон дода тавонистааст. Дар як ҷаласаи Иттифоқи нависандагон раиси вақти ин анҷуман, устоди муътабари мо Меҳмон Бахтӣ чунин ибрози ақида карда буд: “Дунё баробари Бозор Собир шоир надорад, лекин мо дорем, масалан, Тӯлқин Хоҷа.
Дар ҳақиқат, мавсуф сазовори ин сухан буду ҳаст:
Роҳи равон нагуфтааму шеър гуфтаам,
Ороми ҷон нагуфтааму шеър гуфтаам.
Ҳар тундшиштаву кулаҳ каҷ ниҳодаро,
Нӯшинравон нагуфтааму шеър гуфтаам.
Дар гӯши он ягонае, ки дод Кирдугор,
Ҳатто азон нагуфтааму шеър гуфтаам.
Дар илми ҳуққабозии даврони ҳуққабоз,
Бурди калон нагуфтааму шеър гуфтаам.
Аз осмон наомада гаҳвораи касе,
Аз осмон нагуфтааму шеър гуфтаам.
Маргам намешавад сабаби ҷанги ворисон,
Молу макон нагуфтааму шеър гуфтаам.


Шоирӣ на онест, ки суханони вазндору қофиядорро ба риштаи назм бикашӣ, балки дар он лаҳни ширин, фалсафаи беҳтарин, ҳам сурату ҳам сират дошта бошад ва хонандаро ба умқи мазмунҳои худ ҷалб карда тавонад.
Дар давраи шуравӣ нашр кардани китоб кори саҳл набуд. Китоб аз назари мунақиддону адибони таҷрибадори Иттифоқи нависандагон мегузашту ба тавсияи онҳо ба нашр пешниҳод мешуд. Устодон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҳими Мусулмониён, Соҳиб Табаров, Юсуф Акобир, Худоӣ Шариф, Худойназар Асозода, Маъруф Раҷаб обрӯйи адабиёти муосири тоҷик буданд. Маҳз дар чунин замон китоби Тӯлқин Хоҷа бо номи “Шамолдара” аз нашр баромад.
Баъди ба хонаи абадӣ рафтани шоир, куллиёташ бо дастгирии шогирди бовафои ӯ – Асадулло Раҳмон аз нашр баромада, дастраси дӯстдорони адабиёт гардид. Дар поёни матлаб шеъреро меорам, ки сарнавишти шоирро бозгӯйӣ мекунад, ҳарчанд онро шоир ба устод Бозор Собир бахшида буд:
Дилам бисёр мехоҳад, набинам доғи дунёро,
Дилам бисёр мехоҳад, ки бинам боғи фардоро.
Агар имрӯз мирам шеър дар ҳалқам, кӣ хоҳад гуфт,
Ба ҳар ояндае аз шаҳр фарқи деҳаи моро.
Ба ку-ку гуфтани ман тифлиам пайдо нахоҳад шуд,
Вале пайдо шавад ҳамшеване ку-куи моро.
Бари рухсораҳое аз лаби гулкори ман гул кард,
Баҳори умр дилҷӯтар кунад айёми гулҳоро.
Зи поям афканад гар тири ноҳақ дар диёри ғайр,
Куҷо гирад зи ман ҷони ба Файзобод шайдоро.
Тани маҷруҳи худро дар кӯҳистон хок хоҳам кард,
Ки созад заррае хокам фузунтар хоки ин ҷоро.
Бинозам он суруду достонеро, ки бо нармӣ
Бурун орад зи ғори сина мори умрфарсоро.
Ман аз тангии айёми ятимиям натарсидам,
Натарсонад дигар чашму дили танги касе моро.


Халифаи ДАНҒАРАГӢ,
узви ИЖТ

Санаи нашр: 09.07.2026 №: 132-133