ТАШАББУСИ НАВИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. МАСЪУЛИЯТ НИСБАТ БА ОЯНДАИ ИНСОНИЯТРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД
Қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, аҳамияти вижаи сиёсӣ ва маънавӣ дорад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки масъалаи сулҳ имрӯз танҳо вазифаи як минтақа ё як давлат набуда, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.
Мафҳуми сулҳ дар ҷаҳони муосир мазмуни фарохтар аз набудани ҷангро касб кардааст. Имрӯз сулҳ бо рушди устувор, адолати иҷтимоӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, амнияти иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳамаи мардумон пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, таҳкими сулҳ маънои ташаккули муҳите мебошад, ки дар он давлатҳо рақобатро бо ҳамкорӣ, ихтилофҳоро бо муколама ва зиддиятҳоро бо роҳи дипломатӣ ҳал намоянд.
Аҳамияти ташаббуси нави Тоҷикистон маҳз дар он зоҳир мегардад, ки он ба оянда нигаронда шудааст. Дар маркази таваҷҷуҳи ин ташаббус на танҳо ҳалли мушкилоти имрӯза, балки ҳифзи манфиатҳои наслҳои минбаъда қарор дорад. Ҳар як қарор, ки имрӯз дар сатҳи миллӣ ё байналмилалӣ қабул мешавад, метавонад ба зиндагии даҳсолаҳои баъдӣ таъсир расонад. Аз ин рӯ, фарҳанги сулҳ бояд ба ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ, низоми маориф, муносибатҳои байналмилалӣ ва фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёбад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин ташаббус таваҷҷуҳ ба нақши ҷавонон мебошад. Ҷавонон танҳо ворисони оянда нестанд, балки иштирокчиёни фаъоли таҳкими сулҳ дар замони имрӯзанд. Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо, тарбияи эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ, рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва пешгирии таъсири ақидаҳои ифротӣ метавонанд заминаи ҷомеаи устуворро фароҳам оваранд. Ҷанбаи дигари муҳими ташаббус ҳамбастагии байни наслҳо мебошад. Ҷомеаи муосир ба муносибате ниёз дорад, ки дар он таҷрибаи насли калонсол бо неру ва ҷаҳонбинии ҷавонон ҳамоҳанг гардад. Ин ҳамбастагӣ метавонад дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ нақши муассир бозида, эҳсоси масъулиятро нисбат ба ояндаи инсоният тақвият бахшад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯйдод аҳамияти махсус дорад, зеро кишвари мо тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари татбиқи ҳадафҳои рушди миллӣ, дар арсаи байналмилалӣ низ бо пешниҳоди ташаббусҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мавқеи худро таҳким бахшидааст. Агар солҳои пеш масъалаҳои вобаста ба об, рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо меҳвари пешниҳодҳои байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медоданд, имрӯз масъалаи таҳкими сулҳ ҳамчун идомаи мантиқии ҳамин сиёсати созанда баромад мекунад. Ин раванд нишон медиҳад, ки дипломатияи Тоҷикистон тадриҷан ба яке аз унсурҳои фаъол ва эътирофшудаи муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Қабули Қатъномаи мавриди назар боз як марҳалаи муҳим дар рушди дипломатияи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Он собит месозад, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешбурди арзишҳои умумибашарӣ, густариши муколама ва таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ равона гардидааст. Бидуни шак, амалисозии ҳадафҳои ин Даҳсола метавонад барои ташаккули муҳити амнтар, рушди ҳамкории созанда ва таъмини зиндагии шоистаи наслҳои имрӯз ва фардо нақши бориз гузорад.
Сорбон АБДУЛЛОЗОДА,
муфаттиши раёсати
тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими назди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи
дараҷаи 3
