ФАРЗАНДИ ДЕҲҚОН. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТ МИРАЛӢ МАҲМАДАЛИЕВ
«Миралӣ Маҳмадалиев ҳамчун фарзанди деҳқон, дар давоми умри пурбаракаташ аз кишоварзи одӣ сар карда, то ба мартабаи раиси хоҷагии калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходими намоёни ҷамъиятӣ расида, дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ ҳиссаи сазовор гузошта, ҳамчун мураббии мушфиқу меҳрубон пайравони зиёдеро дар соҳаи кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва зироаткорӣ тарбия намуда, ба воя расондаанд».
Эмомалӣ РАҲМОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо аз 19-уми августи соли 2006 ҳашт маротиба ба ноҳияи Восеъ сафари корӣ анҷом доданд ва дар ҳар сафар аз файзи қадами Пешво ноҳия ободтару шукуфотар мегашт, мардум руҳу илҳоми тоза мегирифт ва сатҳи зиндагии сокинони он боло мерафт.
Пешвои миллат аз дастовардҳои раиси вақти хоҷагии овозадори ба номи Ленин, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев хуб огоҳ буданд, медонанд, ки дар гузаштаи начандон дур ноҳияи Восеъро бисёриҳо вобаста ба ному кори ин марди заҳматпеша мешинохтанд ва бо ишора ба Миралӣ Маҳмадалиев, Пешвои миллат изҳор намудаанд: «Мусаллам аст, ки пешрафти ноҳия дар солҳои қаблӣ бо кори содиқонаи шахсиятҳои маъруфи он робитаи бевосита дорад ва корномаи ҳар кадоми онҳо имрӯз воситаи хуби тарбияи насли ҷавону худогоҳи миллатамон мебошад».
Миралӣ Маҳмадалиев 24-уми марти соли 1914 ба дунё омадааст. Дар зодгоҳаш подабонӣ мекард. Соли 1935, дар баробари дигар ҳамдеҳагон, ӯ ба деҳаи Охҷари ноҳияи Колхозобод (ҳоло Восеъ) кӯчида, маскан гирифт. То соли 1939 сардори бригада буд. Соли 1940 Миралӣ Маҳмадалиев раиси хоҷагии ба номи Ленин таъин шуд. Бояд гуфт, ки хоҷагӣ он вақт ҳамагӣ 12 аъзо, 63 гектар замин дошт.
Дар муддати 52 соли роҳбарии Миралӣ Маҳмадалиев хоҷагӣ бузург шуда, қариб 18 ҳазор гектарро фаро гирифт ва аҳолии он ба зиёда аз 28 ҳазор нафар расид. Ба давлат ҳар сол то 17 ҳазор тонна пахта, ба миқдори зиёд ғалла, шир, гӯшт, сабзавот ва мева месупурд. Ҳар сол барои рушди фарҳанг 400 ҳазор сӯм ва барои сохтмон 3 миллион сӯм ҷудо мешуд. Дар хоҷагӣ 12 клуб, 13 боғчаи бачагона, 10 мактаб, 4 амбулатория, 8 нуқтаи ёрии таъҷилӣ, беморхона ва як маркази саломатӣ мавҷуд буд. Дар хоҷагӣ санатория – профилактория барои 100 кат сохта шуд, ки то имрӯз амал менамояд. Барои дастовардҳои меҳнатиаш Миралӣ Маҳмадалиев соли 1951 унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро гирифтааст.
Раиси номдор Миралӣ Маҳмадалиев боғдори маъруф буд. Дар хоҷагиаш ситруспарвариро вусъат дода, дар масоҳати калон гармхонаҳои парвариши лимӯ, афлесун ва дигар меваҳои субтропикиро ташкил карда буд. Чун идомаи ин иқдом дар Ҷамоати деҳоти Миралиобод боғи хоҷагии деҳқонии Миралӣ Маҳмадалӣ ташкил шудааст.
Бузургонро бузургон зинда медоранд, – мегӯянд дар урфият. Арҷгузорӣ ба раиси номдор Миралӣ Маҳмадалиев ба ин гуфта мувофиқ меояд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи дастгирии ташаббусҳои зинда гардондани ному кори ин шахсияти маъруф меҳри мардумро ба заҳмати садоқатмандона афзун менамоянд.
Нозир ЁДГОРӢ, «Ҷумҳурият»
