ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ

17 июл 2026, Ҷумъа
5


Сулҳ ҳамчун арзиши олии тамаддуни инсонӣ дар тули таърих яке аз муҳимтарин омилҳои пешрафти ҷомеаҳо ва давлатҳо ба ҳисоб меравад ва он танҳо набудани ҷангро ифода намекунад, балки низоми устувори ҳамзистӣ, эътимод, ҳамкорӣ ва рушди мутақобилаи миллатҳоро дар бар мегирад. Дар шароити муосири ҷаҳонӣ, ки бо мураккабии равандҳои геополитикӣ, афзоиши низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои терроризм, экстремизм ва рақобатҳои глобалӣ тавсиф мешавад, таҳкими сулҳ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар ҳамин замина, қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихию сиёсӣ арзёбӣ гардида, оғози марҳалаи нави муносибатҳои байналмилалиро дар раванди сулҳ ифода мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, махсусан дар ду даҳсолаи охир, тавассути пешбурди сиёсати хориҷии сулҳпарварона ва пешниҳоди ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшидааст. Тоҷикистон, ки таҷрибаи нодири барқарорсозии сулҳи дохилиро тавассути музокироти сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соҳиб гардидааст, имрӯз ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф мешавад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон собит месозад, ки иродаи сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва муколама метавонанд ҷомеаро аз вазъи низоӣ ба суботи устувор ва ваҳдати миллӣ раҳнамун созанд. Дар чунин шароит нақши Пешвои миллат ҳамчун меъмори сиёсати хориҷии кишвар ва ташаббускори иқдомҳои байналмилалии сулҳпарварона аҳамияти хосса касб мекунад.
Таҷрибаи мазкур нишон медиҳад, ки сулҳ танҳо натиҷаи гуфтушунид нест, балки маҳсули иродаи устувори сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонист. Пешниҳодҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои об, экология, рушди устувор ва таҳкими сулҳ пайваста аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд, ки чунин воқеият аз болоравии нуфузи дипломатии кишвар дарак медиҳад.
Дар низоми ҳуқуқи байналмилалӣ қатъномаҳои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид хусусияти тавсиявӣ доранд, аммо дар ташаккули меъёрҳои нави ҳуқуқи байналмилалӣ ва муайян кардани самтҳои асосии сиёсати ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозанд. Қатъномаи марбут ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» метавонад ба рушди принсипҳои нав, аз ҷумла ҳуқуқ ба сулҳ ҳамчун арзиши бунёдии инсоният, масъулияти муштараки давлатҳо дар пешгирии низоъҳо ва таҳкими механизмҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ мусоидат намояд.
Таҷрибаи сулҳсозии мардуми Тоҷикистон нишон дод, ки ҳатто дар шароити низоъҳои шадид низ бо такя ба муколама ва гуфтушунид метавон ба сулҳи пойдор ноил гардид. Имрӯз ҳамин таҷриба ҳамчун намунаи омӯзишӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, истифодаи он барои дигар кишварҳо низ судманд аст. Амалӣ гардидани чунин ташаббус ба коҳиши низоъҳо, таҳкими эътимоди байни давлатҳо, густариши ҳамкории бисёрҷониба ва тақвияти нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар маҷмуъ, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи нави рушди муносибатҳои байналмилалиро таҷассум мекунад, ки дар меҳвари он сулҳ ҳамчун арзиши бунёдӣ қарор дорад. Арзиши чунин сиёсати созанда танҳо бо аҳамияти сиёсии он маҳдуд намешавад, балки дорои аҳамияти таърихӣ низ мебошад, зеро барои ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ, ки бар пояи ҳамкорӣ, эътимод ва эҳтироми мутақобила бунёд меёбад, заминаи мусоид фароҳам месозад, чунки дар асри XXI масъалаи амният дигар танҳо дар доираи як давлат ҳалшаванда нест, балки хусусияти глобалӣ касб кардааст. Аз ҳамин сабаб, ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла қабули Қатъномаи мазкур аз тарафи СММ аҳамияти стратегии хос пайдо менамояд. Чунин иқдомҳо на танҳо барои коҳиш додани низоъҳо, балки барои ташаккули муҳити устувори ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлатҳо низ хидмат мекунанд.
Дар чунин шароит Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор мавқеи хоси худро соҳиб гардидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути суханрониҳо ва пешниҳодҳои худ дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста ба зарурати таҳкими сулҳ, густариши ҳамкорӣ ва пешгирии низоъҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб месозанд. Чунин мавқеи созанда на танҳо самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос мекунад, балки дидгоҳи фарогири ҷаҳониеро пешниҳод менамояд, ки дар меҳвари он манфиатҳои умумии инсоният қарор доранд.
Қатъномаи қабулшуда аз дидгоҳи стратегӣ имконият фароҳам меорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба марҳалаи нави муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардад. Дар меҳвари чунин муносибатҳо принсипҳои эътимод, масъулияти муштарак, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории созанда қарор доранд. Амалӣ гардидани ҳадафҳои Қатномаи мазкур метавонад ба коҳиши низоъҳои мусаллаҳона, рушди дипломатияи бисёрҷониба, таҳкими фаъолияти ниҳодҳои байналмилалӣ ва такмили меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, густариши фарҳанги сулҳ ҳамчун арзиши умумибашарӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам созад.
Аз дидгоҳи сиёсӣ ва таърихӣ, пешбарии чунин ташаббус бозгӯи мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давлати истиқболкунандаи кумакҳои байналмилалӣ ба кишвари ташаббускор ва пешниҳодсозандаи иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Маҳз ҳамин сиёсати дурбинона боис гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод, ҷонибдори сулҳу субот ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ эътироф намояд.


Алишер РАҲИМЗОДА,
директори Институти математикаи
ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ

Санаи нашр: 16.07.2026 №: 138-139