САНОАТ. МЕТАЛЛУРГИЯИ МИЛЛӢ РУШДИ ДАВЛАТРО ТАКОНИ ТОЗА МЕБАХШАД!

17 июл 2026, Ҷумъа
12


Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок мебошад. Кишвари мо соҳиби бузургтарин захираҳои нуқра дар Осиёи Марказӣ, инчунин, захираҳои зиёди тилло, волфрам, руҳ, мис, висмут, қалъагӣ ва оҳан мебошад, ки азхудкунӣ ва коркарди онҳо имкониятҳои бузургеро барои рушди ояндаи кишвар фароҳам меоранд.


Сафари кории навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки аз 7 то 9-уми июл баргузор гардид, аз ҷумла дар рушди соҳаи металлургияи сиёҳ, асоси воқеӣ гузошта, ба ташкили маҷмааи мукаммали металлургӣ дар кишвар мусоидат намуд. Пешвои миллат дастур доданд, ки дар ин соҳа бояд тамоми марҳалаҳои фаъолият – аз истихроҷи маъдан то коркарди металл, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва рушди инфрасохтори нақлиётиву энергетикӣ ҳамчун низоми ягона пайванд ва иҷро гарданд. Ин имкон медиҳад, ки фоидаи ниҳоӣ ба даст ояд.
Дар рӯзи нахустини сафари корӣ – 7-уми июли соли 2026 бо иштироки Сарвари давлат дар ноҳияи Айнӣ дар назди Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «TALCO Gold» корхонаи металлургии сурма ба истифода дода шуд.
Тавре маълум аст, сурма (Sb) нимметаллест, ки бо хосиятҳои беназири худ дар соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла истеҳсоли нахҳои синтетикӣ, маҳсулоти резинӣ, маводи ҳарбӣ, масолеҳи сохтмонӣ, рангҳо ва эмалҳо, дар тиб ва ғайраҳо, истифода мешавад. Ба ғайр аз ин, мақсади Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «TALCO Gold» азхудкунӣ ва коркарди кони тиллову сурмаи Канчоч, ки захираи он беш аз 23 миллион тонна маъдан, наздик ба 50 тонна тилло ва зиёда аз 265 ҳазор тонна сурмаро ташкил медиҳад, ба шумор меравад. Корхона барои ин амал тамоми имкониятҳои муосири техникиро дорад. Интизор меравад, ки имсол ба маблағи 1 миллиарду 539 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шавад. Дар ҳамин мавзеъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори солонаи истеҳсоли 2 тонна тилло санги асос гузоштанд. Ин корхона то моҳи августи соли 2027 ба кор дароварда мешавад.
Дар идомаи сафари корӣ 9-уми июл, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дидан намуданд. Тибқи нақшаи сохтмон навбати аввали корхона моҳи сентябри соли 2027 ва навбати дуюми он соли 2029 ба анҷом хоҳад расид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки алҳол дар бунёди «Комбинати металлургии Тоҷик» 1200 нафар кор карда истодаанд ва баъди пурра ба истифода додани комбинат зиёда аз 1500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад. Маҳсули кори ҳар корманди соҳаи металлургияи сиёҳ хеле бобаракат аст. Тавре аз рӯйи таҳлилу хулосаҳои байналмилалӣ бармеояд, ҳар як ҷойи кори нави дар соҳаи металлургияи сиёҳ таъсисдодашуда имконияти ташкили то 7 ҷойи кори нави дигарро дар соҳаҳои саноат, сохтмон, энергетика, нақлиёт, иқтисод, илм ва соҳаҳои дигар ба вуҷуд меоварад.
Барои таъмини фаъолияти мунтазами корхона муҳайёсозии инфрасохтори зарурӣ оғоз шудааст. Аз ҷумла, то имрӯз хатти баландшиддати барқи 220 кВ ба масофаи 14,3 км ва хатти об ба масофаи 17,5 км, кашида шудааст. Ҳамзамон, сохтмон ва васеъ намудани роҳи асосии мошингарди кони маъдани оҳани Шоҳқадам аз шаҳраки Сайҳун ба масофаи 20 километр оғоз гардида, ҳоло ҷиҳати васеъ кардани роҳ корҳои кӯҳканӣ идома доранд.
Ҳамин тавр, ин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ба ташкили металлургияи миллии кишвар, яъне марҳалаи муҳими рушди саноати вазнин асос гузошт ва дар таърихи истиқлоли давлатии кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.


Нозир ЁДГОРӢ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 16.07.2026 №: 138-139