ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «БА ХОНАДОНИ ҲАР ЯКИ ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ!»

17 июл 2026, Ҷумъа
6


Таърихи халқиятҳои ҷаҳон санаҳои муҳимеро медонад, ки аҳамият ва арзишҳои онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати бебаҳои ин ё он миллат баландтар мегардад. Чунин санаи барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиму сарнавиштсоз 27-уми июни соли 1997 мебошад, ки ба ҳайси Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.
Воқеан, 27-уми июни соли 1997 рӯзи муборак аст барои мо. Дар ин рӯз хирад ва рӯшноӣ бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ҷаҳолату торикӣ ғолиб ва дар фазои кишвар кабӯтарони сулҳ ба парвоз омаданд. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави рушди таърихии худ қадам ниҳод.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон бо ёдоварӣ аз рӯзҳои пурдаҳшати солҳои 1992-1997 ва вазниниву душвориҳои касношунид гуфтанд: «Мо ҳаққу ҳуқуқи инсонӣ ва маънавӣ надорем, ки он рӯзҳои сахту мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳалокат расидани ҳазорҳо кӯдак, бефарзанду бесаробон мондани теъдоди бузурги занон, харобу валангор гардидани садҳо ҳазор биноҳо, хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо ва қабристонҳои ҳамватанони ғарибамонро дар кишварҳои ҳамсоя аз хотир фаромӯш намоем. Сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ чун зангӯлаҳои таърих моро ба ҳушёрӣ даъват менамоянд ва водор месозанд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар сартосари кишвар ҳамеша ҳифз ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем».
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо бо роҳи осоишта, яъне созишу муросо, ҳамдигарфаҳмӣ расидан мумкин аст.
Ба шарофати сулҳ дар Тоҷикистон ба ваҳдат расидем, ки мисоли рӯшани он бо сарварию дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсисёбии «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» дар соли 1997 мебошад, ки он кафили пойдории сулҳ, таҳкими дӯстии халқҳо ва ҳамдилии тамоми сокинони ҷумҳурӣ гардид.
Натиҷаи сулҳу ваҳдат буд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари Тоҷикистонро ҳамчун сарзамини амнтарин эътироф кардааст ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақа ва ҷаҳон дар ҳама мавзуъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ дастгирӣ меёбанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти тақдирсози ваҳдатро хеле возеҳ баён кардаанд: «Ваҳдати миллӣ барои ҳастии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад». Ғояву сабақҳои ваҳдати миллӣ, хидматҳои шоистаи Сарвари давлат баҳри тантанаи сулҳу субот дар кишвар дар дилу ҷони мо, вуҷуди мо абадӣ нақш бастаанд ва мардуми мо бо меҳру муҳаббати беандоза ба Ватан содиқ хоҳанд монд.


Ниёзи ИБРОҲИМ,
Аълочии матбуот, маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Ашт

Санаи нашр: 16.07.2026 №: 138-139