БА ОЗМУНИ «ҶУМҲУРИЯТ»

20 июл 2026, Душанбе
6


ТОҶИКОН. ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ КУҲАН ДАР МАРҲАЛАИ НАВ
Ҳар миллате, ки дар масири таърих соҳиби давлатдории худ мегардад, дар баробари бунёди сохторҳои сиёсиву иқтисодӣ бо вазифаи муҳими дигаре рӯ ба рӯ мешавад – таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи хотираи фарҳангӣ. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик ба даст овардани истиқлоли давлатӣ на танҳо марҳалаи нави давлатдорӣ, балки фурсати нодире барои бознигарии таърихи чандинҳазорсолаи худ ба ҳисоб мерафт.
Аз ин рӯ, яке аз хидматҳои бузурги Пешвои миллат дар он зоҳир мегардад, ки таърихи тоҷиконро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи тамаддуни ориёӣ ба меҳвари сиёсати фарҳангии давлат табдил доданд. Таҳқиқи амиқи таърихи бостонии халқҳои ориёитабор, омӯзиши мероси моддиву маънавии онҳо ва муаррифии ин мерос дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти илмӣ ва сиёсати фарҳангии давлат гардид.
Имрӯз, дар арафаи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, метавон бо итминон гуфт, ки ин сиёсати фарҳангӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатдорӣ табдил ёфтааст. Онро метавон дар чор самти асосӣ арзёбӣ намуд: омӯзиш ва тарғиби таърихи қадими тоҷикон, таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, ҳифзи забони давлатӣ ва муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, тавассути ЮНЕСКО ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ.
Соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли тамаддуни ориёӣ эълон гардид. Мафҳуми «тамаддуни ориёӣ» дар маънои таърихию забоншиносӣ ба гурӯҳи халқҳои ҳиндуэронӣ ишора мекунад, ки тоҷикон низ яке аз намояндагони таърихии онҳо ба шумор мераванд. Дар доираи барномаи давлатии ин сол даҳҳо ҳамоишҳои илмӣ, конфронсҳои байналмилалӣ, нашри асарҳои таҳқиқотӣ ва барномаҳои маърифатии радиоиву телевизионӣ баргузор гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва осори илмии худ, аз ҷумла дар асари «Тоҷикон дар оинаи таърих», масъалаи пайванди таърихии тоҷикон бо тамаддуни қадимаи эронитаборонро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор додаанд. Дар ин асар бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва пажӯҳишҳои илмӣ нишон дода мешавад, ки сарзамини Тоҷикистон аз қадим яке аз марказҳои муҳими ташаккули тамаддуни ориёӣ буда, ниёгони тоҷикон дар рушди давлатдорӣ, шаҳрсозӣ, фарҳанг ва ҳунармандии минтақа саҳми назаррас гузоштаанд.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давраи соҳибистиқлолӣ таҷлили бошукӯҳи санаҳои муҳими таърихӣ мебошад. Ин иқдомҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва муаррифии таъриху тамаддуни куҳани тоҷикон нақши муассир гузоштаанд.
Яке аз нахустин ҷашнҳои бузурги миллӣ таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён буд. Бо ин мақсад 9-уми апрели соли 1997 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён» ба имзо расид. Дар маркази шаҳри Душанбе «Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ва муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон – Давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ гардид, ки имрӯз яке аз рамзҳои давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб мераванд.
Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аҳамияти хоссаи байналмилалӣ касб намуд. Ин чорабинии бузурги фарҳангӣ на танҳо арҷгузорӣ ба шахсияти бузурги адабиёти тоҷик, балки бозгӯи эътирофи саҳми тамаддунии миллати тоҷик дар рушди фарҳанг ва адабиёти ҷаҳонӣ гардид.
18-уми июни соли 2008 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо иштироки намояндагони беш аз 190 давлати ҷаҳон маҳфили махсус бахшида ба ин санаи таърихӣ баргузор гардид. Дар он Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун сухан ронда, аз нақши адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва муколамаи байни халқҳо ёдовар шуд.
Аз соли 2002 ҳамасола 22-юми сентябр – рӯзи оғози Ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад ва соли 2003 бо мақсади омӯзиш, тарғиб ва ҳифзи мероси адабии устод Рӯдакӣ Бунёди Рӯдакӣ таъсис ёфт. Ин иқдомҳо идомаи мантиқии сиёсати фарҳангии давлат дар самти эҳтиром ба шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва нигоҳдории мероси маънавии ниёгон ба ҳисоб мераванд.
Дар солҳои баъдӣ низ ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО густариш ёфт. Соли 2010 шаҳраки бостонии Саразм ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид ва соли 2013 Боғи миллии Тоҷикистон (Кӯҳҳои Помир) ҳамчун мероси табиии ҷаҳонӣ ба ҳамин феҳрист шомил шуд. Соли 2016 дар натиҷаи пешниҳоди муштараки Тоҷикистон ва ёздаҳ кишвари дигари ҳавзаи Наврӯз, номинатсияи байналмилалии «Наврӯз» васеъ гардида, ҳамзамон таоми миллии тоҷикӣ «Оши палов» ба Феҳристи намояндагии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Соли 2018 санъати гулдӯзии анъанавии тоҷикӣ – «Чакан» ба ҳамин феҳрист шомил гардид.
Дар солҳои 2024 – 2025 раванди муаррифӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам густариш ёфт. Дар ин давра як қатор ёдгориҳои бостонӣ, унсурҳои фарҳанги миллӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ ба феҳристҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ворид гардиданд, ки ин иқдом аҳамияти бузурги фарҳангӣ ва тамаддунӣ дорад.
Имрӯзҳо дар арафаи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавон бо итминон гуфт, ки сиёсати фарҳангии давраи соҳибистиқлолӣ аз таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён то эътирофи байналмилалии Наврӯз ва дигар арзишҳои фарҳангии миллӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ ва институтсионалиро барои ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихиву фарҳангии тоҷикон фароҳам овардааст. Ҳамаи ин дастовардҳои муҳим самараи талошҳои пайваста, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва роҳнамоиҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифз, эҳё ва муаррифии таърихи пурғановат, тамаддуни бостонӣ ва арзишҳои маънавии миллати куҳанбунёди тоҷик ба шумор мераванд.


Рустамбек АҲМАДОВ, рӯзноманигор

Санаи нашр: 20.07.2026 №: 141