ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

20 июл 2026, Душанбе
5


Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Ғуломзода З. Ғ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ғуломзода Зиёратшо Ғуломалӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июли соли 2026, №1192


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод намудани Мирзонабот А. Х.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо сабаби вафоташ аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июли соли 2026, №1194


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин намудани Сафарзода Ш. Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафарзода Шарифхон Нураҳмад раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июли соли 2026, №1195

Санаи нашр: 20.07.2026 №: 141