«РОҒУН». МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН

20 июл 2026, Душанбе
6


Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо як лоиҳаи бузурги муҳандисӣ, балки аз пояҳои калидии рушди иқтисодӣ ва нишонаи истиқлолияти энергетикии кишвар маҳсуб меёбад. Ин иншоот бо сарбанди беҳамто ва иқтидори 3600 мегаватт, ҳамчун омили муҳими саноатикунонии босуръат ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон ба сифати содиркунандаи асосии «энергияи сабз» дар минтақа шинохта мешавад.


ТАҶАССУМГАРИ ОРЗУҲОИ МИЛЛӢ
Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки айни ҳол дар ҳоли сохтмон қарор дорад, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакатро таъмин карда, иқтидори бузурги гидроэнергетикиро ба вуҷуд меорад. Бунёди ин иншооти аср, ки бо талошҳои шабонарӯзӣ ва иродаи қавии Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистон амалӣ мешавад, на танҳо эҳтиёҷоти дохилиро бо неруи барқи арзон ва доимӣ таъмин месозад, балки барои ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди корхонаҳои азими саноатӣ ва таъсиси ҳазорон ҷойи нави кор заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. «Роғун» имрӯз ҳамчун неругоҳи тақдирсоз, рамзи ваҳдату ҳамбастагии миллӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар харитаи энергетикии ҷаҳон ҷойгоҳи хоси худро пайдо намуда, ба наслҳои оянда мероси пурарзишеро боқӣ мегузорад, ки кафили рушди устувор ва шукуфоии Ватани азизамон хоҳад буд.


НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ СОХТМОНИ АСР
Эҳёи сохтмони НБО «Роғун» бо талошҳои пайгирона ва иқдомҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳз ба шарофати иродаи қавӣ ва тасмимҳои қатъии Сарвари давлат ин иншооти стратегӣ имрӯз ба рамзи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули солҳои зиёд бар мушкилоти иқтисодӣ ва геополитикӣ пирӯз шуда, моҳи октябри соли 2016 ба сохтмони сарбанди ин лоиҳаи бузурги аср шахсан оғоз бахшиданд, ки барои ояндаи Тоҷикистон хидмати ниҳоят бузургу арзишманд мебошад. Сохтмони Неругоҳ, шуруъ аз барқарорсозии лоиҳаи қатъшуда ва то ҷалби маблағгузориҳои байналмилалӣ, зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат мунтазам ба маҳали корҳои сохтмонӣ сафарҳои корӣ ва ҷамъомадҳои корӣ анҷом дода, ҷараёни корҳоро танзим ва сохтмончиёнро ҳавасманд мегардонанд, ки ба анҷоми босифати корҳои бунёдӣ асос мегузоранд.
Дар натиҷаи заҳмати содиқона 16-уми ноябри соли 2018 аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки васеи коршиносони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, зиёиён ва коргарони Неругоҳ ба истифода дода шуд. Сарвари давлат зимни суханронияшон дар ин рӯзи таърихӣ иброз доштанд: «Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои ояндаи халқамон мегардад».
Ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун», 9-уми сентябри соли 2019, Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки ин иншооти ҳаётан муҳим мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологияҳои навтарин бунёд шуда истодааст ва дар ояндаи наздик на танҳо хонадони сокинони Тоҷикистонро нурафшон мекунад, балки ба кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард.


ОМИЛИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ВА КАФОЛАТИ РУШДИ УСТУВОР
Воқеан, аҳамияти НБО «Роғун» аз марзҳои Тоҷикистон берун рафта, омили муҳими ҳамкорӣ ва ҳамгироии кишварҳои минтақа хоҳад гашт. Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо барои таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат, балки барои таҳкими мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ дорад, зеро баъд аз ба истифода додани ҳамаи шаш агрегати он, Тоҷикистон имкон пайдо мекунад, ки ба яке аз содиркунандагони асосии барқ ба кишварҳои минтақа табдил ёбад. Дар ин замина, нақши НБО «Роғун» дар доираи лоиҳаи фароминтақавии CASA-1000 ниҳоят муҳим буда, он ҳамчун манбаи асосӣ ва устувори тавлиди неруи барқ барои содирот ба кишварҳои Афғонистон ва Покистон хизмат мекунад. Ин ҳамкорӣ ба таъмини амнияти энергетикии кишварҳои воридкунанда мусоидат карда, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз ҳисоби фурӯши барқ даромади назарраси асъор ба даст оварад, инфрасохтори энергетикии худро тақвият бахшад ва ба ин васила, лоиҳаи CASA-1000-ро ба пули мустаҳками энергетикӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ табдил диҳад.


Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 20.07.2026 №: 141