ЯКҶО БАРОИ БЕХАТАРӢ ДАР ОБ
![]()
Соли 2021 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули Қатъномаи махсус 25-уми июлро Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз ғарқшавӣ эълон намуд. Ин иқдом дар ҳоле рӯйи кор омад, ки ғарқшавӣ ҳамоно яке аз сабабҳои асосии марги пешгиришавандаи аҳолӣ дар ҷаҳон боқӣ мемонад.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола зиёда аз 300 ҳазор нафар дар ҷаҳон бар асари ғарқшавӣ ҷони худро аз даст медиҳад. Аз ҳама нигаронкунанда он аст, ки қариб чоряки ҳамаи фавтидагон кӯдакони то панҷсола мебошанд. Ғарқшавӣ, инчунин, ба даҳгонаи сабабҳои асосии марги кӯдакони аз 5 то 14-сола шомил аст.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки беш аз 90 фоизи чунин ҳодисаҳо дар кишварҳои дорои сатҳи паст ва миёнаи даромад рух медиҳанд.
Дар Стратегияи глобалии пешгирии ғарқшавӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадаф гузоштааст, ки то соли 2035 сатҳи фавт аз ғарқшавӣ 35 фоиз коҳиш дода шавад. Барои расидан ба ин ҳадаф, иштироки давлатҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳар як шаҳрванд муҳим арзёбӣ мешавад. Маҳз ҳамин андеша дар меҳвари шиори имсолаи Рӯзи ҷаҳонии пешгирии ғарқшавӣ қарор дорад: «Якҷо – барои бехатарӣ дар об».
ПЕШГИРИИ ҒАРҚШАВӢ ВАЗИФАИ МУҲИМ АСТ
Табиист, ки барои Тоҷикистон низ масъалаи таъмини бехатарӣ дар об аҳамияти махсус дорад. Бо фаро расидани фасли тобистон соҳилҳои дарёву кӯлҳо, обанбору каналҳо ба макони истироҳати ҳазорон нафар табдил меёбанд. Мутаассифона, ҳамасола маҳз дар ҳамин давра шумораи ҳодисаҳои ғарқшавӣ зиёд мешавад.
Тавре мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, сабаби асосии чунин ҳодисаҳо риоя накардани қоидаҳои одии бехатарӣ мебошад. Ба об даромадан дар ҷойҳои мамнуъ, бе назорат мондани кӯдакон, аз ҳад зиёд баҳогузорӣ намудани имконияти худ ҳангоми шиноварӣ ва беэҳтиётӣ бештар ба фоҷиа меорад.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, танҳо аз аввали соли ҷорӣ дар кишвар зиёда аз 70 ҳодисаи ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам бори дигар зарурати пурзӯр намудани корҳои пешгирикунандаро нишон медиҳад.
Дар хотир бояд дошт: об манбаи ҳаёт аст, аммо танҳо дар сурате, ки бо эҳтиёткорӣ ва масъулият аз он истифода барем. Риояи қоидаҳои одии бехатарӣ метавонад ҷони инсонро ҳифз намояд. Бигузор Рӯзи ҷаҳонии пешгирии ғарқшавӣ барои ҳар яки мо рӯзи андеша, масъулият ва амал гардад.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”
