РАМЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Таъмини суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлатдорӣ аз муҳимтарин омилҳои пешрафти ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон ин арзишҳо пас аз ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ бо такя ба заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ таҳким ёфта, барои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварданд. Дар ин замина, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ҳамчун яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқӣ мавқеи махсус дошта, дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ ва муайян намудани дурнамои рушди кишвар нақши назаррас мебозад.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми октябри соли 2016 қабул гардида, бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри ҳамон сол ҷонибдорӣ шудааст. Аз ин рӯ, соли ҷорӣ дар баробари таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабули ин санади муҳими ҳуқуқӣ даҳ сол сипарӣ мегардад, ки дар таърихи давлатдорӣ ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар аҳамияти хос дорад.
Дар оғози ин Қонуни конститутсионӣ омадааст: "Қонуни конститутсионии мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, муқаррар мекунад".
Бо таваҷҷуҳ ба муқаддимаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”, мақом ва нақши Пешвои миллат ҳамчун шахсияти калидӣ дар ташаккул ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон ба таври возеҳ ва мушаххас арзёбӣ гардидааст. Аз муҳтавои ин муқаддима бармеояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, ташаббускори эҳёи давлатдории миллӣ, саҳмгузор дар таҳким ва тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳифозатгару устуворсози истиқлоли давлатӣ, таъмингари тамомияти арзӣ ва якпорчагии Ватан, таҳкимбахши суботу амнияти кишвар, пойдорандаи давлат, рушдиҳандаи арзишҳои демократӣ, пешбарандаи сиёсати созанда баҳри рушди иқтисодию иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, ҳифзкунандаи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, муҳофизи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва фароҳамоварандаи шароити зиндагии арзандаву инкишофи озодона барои ҳар як инсон эътироф шудааст.
Бояд гуфт, ки мардум Пешвои миллатро на бо амри қонун, балки бо эътиқод ва эҳтироми самимии худ ҳамчун раҳнамои миллат пазируфтаанд ва то хуни тоҷик дар рагу пай ҷорист, ба ин андеша қозист. Қонуни конститутсионӣ бештар аз он ки ба шахсият нигаронда шуда бошад, ба сарнавишти миллат, пойдории давлат ва ҳифзи дастовардҳое равона гардидааст, ки барои наслҳои имрӯз ва фардо аҳамияти ҳаётӣ доранд.
Банди дуюми моддаи дуюм ин андешаро бармало тасдиқ мекунад: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад”. Яъне, ин санади ҳуқуқӣ рамзист ва Пешвои миллат рамз аст. Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, рамзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва рамзи кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон.
Ҷолиб аст, ки дар Қонуни конститутсионӣ як бор ҳам вожаи ҳувият ба назар намерасад, зеро Пешво дар шуури ҷомеаи солим ба яке аз муҳимтарин рамзҳои ҳувияти миллӣ табдил ёфтааст ва худ таҷассумгари ҳувияти миллӣ мебошад. Чунонки Парчами давлатӣ рамзи истиқлолият ва ягонагии давлат, Нишони давлатӣ рамзи таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, Суруди миллӣ рамзи ифтихор ва ватандӯстии шаҳрвандон, Пешвои миллат рамзи ҳувияти миллист.
Мо зиёд аз ҳувият сухан мекунем ва асоси таърифи он ин аст, ки ҳувият маҷмуи хусусиятҳо, арзишҳо, нишонаҳо ва аломатҳое мебошад, ки шахс, гурӯҳ ё миллатро аз дигарон фарқ мекунад ва мансубияти онҳоро нишон медиҳад. Яъне, ҳамаи ин рамзҳову нишонаҳову арзишҳову аломатҳо ва ба илова, забону таъриху фарҳангу анъанаву суннатҳо дар кишварҳои мухталиф ҳувиятро ташкил медиҳанд. Ҳувият дар ҳар давлат на танҳо рамзҳои расмӣ, балки забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои муштараки мардумро низ дар бар мегирад, нишонаву аломату хусусиятест, ки мардуми як кишварро зери сояи худ муттаҳид месозад.
Тоҷикистон кишвари дорои гуногунрангии фарҳангӣ ва этникӣ, дорои суннатҳои маҳалливу минтақавӣ, дорои забонҳои маҳалливу миллӣ, дорои мазҳабҳои расмиву ғайрирасмӣ, ки ҳар якеаш ҳувияти шахсиву гурӯҳиву қавмию миллиро ташкил медиҳад. Албатта, ҳувияти ягонаи шаҳрвандии Тоҷикистон мардумро ба ҳам мепайвандад, аммо ин пайвандӣ гусасташаванда ҳам ҳаст. Ягона рамз, ки ҳамаи ин нишонаҳову аломатҳову хусусиятҳову арзишҳоро дар худ таҷассум мекунад ва чун ҳувият моҳияту мазмуну маҷмуи арзишҳоро муайян мекунад ва, дар умум, чун рамзи ҳувиятӣ миллатро сарҷамъ нигоҳ медорад ва ба миллат умри абадӣ ато мефармояд, танҳо рамзи Пешво мебошад.
Ҳоким ҚАЛАНДАРИЁН, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, доктори илми филология
