ТОПИНАМБУР. ЗАХИРАИ НАВИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ВАҚТИ БА РОҲ МОНДАНИ ИСТЕҲСОЛИ БИОЭТАНОЛ РАСИДААСТ?
![]()
Буҳрони ҷаҳонии энергетика, тағйирёбии иқлим ва коҳиши захираҳои нафту газ давлатҳоро водор кардааст, ки роҳҳои нави таъмини амнияти энергетикиро ҷустуҷӯ намоянд. Имрӯз истеҳсоли сӯзишвории биологӣ дигар танҳо як иқдоми экологӣ нест, балки ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ ва амнияти миллии бисёр кишварҳо табдил ёфтааст.
То чанд даҳсола пеш аксари давлатҳо рушди иқтисоди худро танҳо бо истифода аз манбаъҳои анъанавии энергия таъмин мекарданд. Аммо афзоиши босуръати шумораи воситаҳои нақлиёт, болоравии талабот ба сӯзишворӣ, ноустувории бозори ҷаҳонии нафту газ ва пешгӯйиҳо дар бораи камшавии захираҳои карбогидридҳо нишон медиҳанд, ки дар оянда иқтисодиёти ҷаҳон бештар ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия такя хоҳад кард. Дар чунин шароит биоэтанол ва биодизел ҳамчун яке аз самтҳои муҳимтарини "энергияи сабз" мавқеи устувор пайдо мекунанд.
ТАҶРИБАИ ҶАҲОН: АЗ БРАЗИЛИЯ ТО ИНДОНЕЗИЯ
Солҳои охир як қатор кишварҳо истеҳсол ва истифодаи сӯзишвории биологиро ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардоштанд. Яке аз намунаҳои муваффақ Бразилия мебошад. Ин кишвар ҳанӯз аз соли 1970 истеҳсоли биоэтанолро аз найшакар оғоз намуда, имрӯз ба яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони ҷаҳон табдил ёфтааст.
Таҷрибаи Индонезия низ дар ин самт омӯхтанист. Ин кишвар 9-уми июли соли 2026 аввалин давлати ҷаҳон гардид, ки стандарти ҳатмии B50-ро ҷорӣ намуд. Дар ин сӯзишворӣ 50 фоизи дизели маъмулии нафтӣ бо 50 фоизи биодизели аз равғани хурмо истеҳсолшуда омехта мешавад.
Тибқи пешбинии Ҳукумати Индонезия, ин барнома имкон медиҳад, ки воридоти дизел қариб пурра қатъ гардад, солона то 9,5 миллиард доллари ИМА сарфа шавад, беш аз ду миллион ҷойи нави кор таъсис ёбад ва партови газҳои гулхонаӣ тақрибан 44,5 миллион тонна коҳиш ёбад. Илова бар ин, гузариши роҳи оҳани давлатии Индонезия ба сӯзишвории B50 нишон дод, ки партови моддаҳои зараровар дар ихроҷи локомотивҳо то 10,5 фоиз кам шудааст. Ин таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки биосӯзишворӣ на танҳо воситаи ҳифзи муҳити зист, балки омили рушди иқтисод, дастгирии кишоварзон ва таҳкими истиқлолияти энергетикӣ
мебошад.
ТОҶИКИСТОН НИЗ ИМКОНИЯТҲОИ ВОҚЕӢ ДОРАД
Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ мавқеи хуб дорад, вале дар соҳаи сӯзишвории моеъ то ҳол ба воридот такя мекунад. Аз ин рӯ, рушди истеҳсоли биоэтанол метавонад яке аз роҳҳои диверсификатсияи бахши энергетика бошад.
Таҷрибаи истеҳсоли биоэтанол барои Тоҷикистон нав нест. Чанд сол пеш ширкати «Фондарё» таҳти роҳбарии Садафмоҳ Абдуллоева истеҳсоли биоэтанолро аз ҷуворимакка ба роҳ монда буд. Ин таҷриба нишон дод, ки дар кишвар ҳам имкониятҳои технологӣ ва ҳам мутахассисони соҳибтаҷриба барои рушди чунин истеҳсолот мавҷуданд.
Имрӯз бошад, дар баробари ҷуворимакка, таваҷҷуҳ бояд ба дигар зироатҳои сермаҳсул, аз ҷумла топинамбур, равона гардад.
ЧАРО МАҲЗ ТОПИНАМБУР?
Топинамбур (ноки заминӣ) яке аз зироатҳои ояндадори истеҳсоли биоэтанол ба ҳисоб меравад. Лӯндаи он дорои 16-18 фоиз инулин буда, барои истеҳсоли спирти этилӣ ашёи хеле мувофиқ мебошад. Ин рустанӣ ба сармо, хушксолӣ ва бисёр бемориҳо тобовар буда, нигоҳубини зиёд талаб намекунад ва метавонад солҳои зиёд дар як қитъа парвариш шавад. Аз ҳама муҳим он аст, ки ҳосилнокии топинамбур хеле баланд мебошад. Дар шароити мусоид аз як гектар то 400 сентнер лӯнда ва то 1000 сентнер массаи сабз гирифтан мумкин аст. Ба ғайр аз биоэтанол, аз топинамбур метавон фруктоза, инулин, биогаз, хӯроки чорво ва дигар маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, тиббӣ ва кимиёиро истеҳсол кард.
Имконияти истифодаи топинамбур ҳамчун ашёи хоми биоэтанол дар Тоҷикистон аз ҷониби олимони ватанӣ низ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Солҳои 2012-2013 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қ.Партоев, Ҳ.М.Аҳмадов ва Н.Сайдалиев дар водиҳои Ҳисор ва Рашт парвариши топинамбурро ҳам дар заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ таҳқиқ намуданд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки биомассаи умумии топинамбур дар заминҳои обӣ ба ҳисоби миёна ба 77,8 тонна ва дар заминҳои лалмӣ ба 47,4 тонна аз ҳар гектар мерасад. Ҳосили лӯндаҳо мутаносибан 30,6 ва 15,7 тонна дар як гектарро ташкил додааст. Муҳаққиқон ба чунин хулоса омаданд, ки топинамбур дар шароити Тоҷикистон метавонад манбаи арзишманди истеҳсоли биоэтанол бошад ва парвариши он ҳам дар заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок мебошад.
МАНФИАТҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА ЭКОЛОГӢ
Таҷрибаи Бразилия, Индонезия ва дигар кишварҳо нишон медиҳад, ки сармоягузорӣ ба биосӯзишворӣ дар оянда на танҳо масъалаи ҳифзи муҳити зист, балки воситаи таҳкими иқтисоди миллӣ ва истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Тоҷикистон низ барои ворид шудан ба ин раванд тамоми заминаҳоро дорад: иқлими мусоид, заминҳои мувофиқ, таҷрибаи пешинаи истеҳсоли биоэтанол ва таҳқиқоти илмии олимони ватанӣ. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки имконияти ба роҳ мондани истеҳсоли биоэтанол аз топинамбур дар сатҳи давлатӣ мавриди омӯзиш ва дастгирӣ қарор гирад. Ин метавонад на танҳо як самти нави рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноат, балки қадами муҳим дар роҳи таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди "иқтисоди сабз"-и Тоҷикистон бошад.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”
