АШТ. МУАРРИФГАРИ МАҲСУЛОТИ ТОҶИКӢ ДАР БОЗОРҲОИ ҶАҲОНӢ

21 июл 2026, Сешанбе
5


Ноҳияи Ашт яке аз минтақаҳои машҳури боғпарварии кишвар ба ҳисоб меравад. Табиати мусоид, иқлими мувофиқ ва таҷрибаи чандинсолаи боғдорон боис шудааст, ки меваҳои ин ноҳия бо сифату таъми нотакрори худ солҳои зиёд дар дохил ва хориҷи кишвар шинохта бошанд. Имрӯз ин имкониятҳо барои рушди саноати коркарди мева ва содироти хушкмева низ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Яке аз соҳибкорони дар ин самт муваффақ сокини деҳаи Қамиши ноҳияи Ашт Наврӯз Азизов мебошад. Ӯ фаъолияти соҳибкории худро ба коркард ва содироти меваи хушк равона намуда, имрӯз маҳсулоти истеҳсолкардааш дар чандин кишвари хориҷӣ харидори худро пайдо кардааст.
Алҳол дар коргоҳи Наврӯз Азизов зардолу, олу, олуболу, себ, нок ва шафтолу пас аз коркарди босифат ба маҳсулоти рақобатпазир табдил меёбад. Ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки тамоми ашёи хом аз ноҳияи Ашт дастрас мегардад. Маҳсулоти истеҳсолшуда имрӯз ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Озарбойҷон ва Туркия содирот мешавад. Ба гуфтаи соҳибкор, имкониятҳои истеҳсолии ноҳия имкон медиҳанд, ки фармоишҳои калон низ иҷро карда шаванд.
«Ноҳияи Ашт аз ҷиҳати истеҳсоли мева имкониятҳои хеле калон дорад. Мо метавонем мувофиқи талаботи харидорон дар ҳар ҳаҷме, ки фармоиш медиҳанд, маҳсулот омода намоем», – мегӯяд ӯ.
Барои соҳибкорони муваффақ танҳо истеҳсоли маҳсулот кофӣ нест. Дарёфти бозорҳои нав ва муаррифии маҳсулот низ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, намояндагони коргоҳ мунтазам дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ иштирок намуда, маҳсулоти худро ба харидорони хориҷӣ пешниҳод мекунанд. Аз ҷумла, онҳо дар намоишгоҳҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Туркия ширкат варзида, имкониятҳои содиротии худро муаррифӣ намудаанд.
Ба гуфтаи соҳибкор, таваҷҷуҳи шарикони хориҷӣ ба хушкмеваҳои Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти ноҳияи Ашт, сол ба сол меафзояд. Сабаби асосии ин таваҷҷуҳ сифати баланд, табиӣ будани маҳсулот ва имконияти таъмини ҳаҷми калони фармоишҳо мебошад.
Таҷрибаи фаъолияти Наврӯз Азизов бори дигар собит месозад, ки истифодаи технологияҳои муосир, ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва меҳнати софдилона метавонанд дар деҳот истеҳсолоти рақобатпазирро ба вуҷуд оваранд. Имрӯз меваҳои ноҳияи Ашт тавассути фаъолияти чунин соҳибкорон арзиши иловагӣ пайдо мекунанд ва ҳамчун маҳсулоти хушсифати Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ муаррифӣ мешаванд.


Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.07.2026 №: 142