РӮШОН. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРҚАРОР МЕШАВАНД

22 июл 2026, Чоршанбе
5



Дар натиҷаи якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо, 20-уми июл дар деҳаҳои Баррушон ва Деҳрушони ноҳияи Рӯшон сел омада, ба манзилҳои истиқоматии сокинон, заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ зарар расонд. Хушбахтона, дар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. 
Аз нахустин лаҳзаҳои рух додани офати табиӣ вазъият таҳти назорати Пешвои миллат қарор гирифта, тамоми сохторҳои масъул барои расондани ёрии фаврӣ, таъмини амнияти аҳолӣ ва бартараф намудани пайомадҳои офат сафарбар гардиданд.
Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат таҳти роҳбарии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода ситоди доимоамалкунанда фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мондааст. Сокинони зарардида ба ҷойҳои амну бехатар кӯчонда шуда, бо тамоми шароити зарурии зист таъмин гардиданд. Ҳамзамон, маводи ғизоӣ ва дигар маводи ниёзи аввал пурра ба ҳамаи оилаҳои зарардида дастрас карда шуд.
Бо супориши Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳарчи зудтар оғоз намудани корҳои барқарорсозии манзилҳои истиқоматии зарардида тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, рӯзҳои наздик барои бунёд ва азнавсозии хонаҳои истиқоматии зарардида ба ноҳия маводи сохтмонӣ, аз қабили чӯбу тахта, семент ва ғайра расонда мешавад.
Тавре комиссияи вилоятии омӯзиши оқибатҳои офати табиӣ иттилоъ дод, дар пайи ин ҳодиса дар деҳаи Баррӯшон 10 хонаи истиқоматӣ пурра, 6 хона қисман ва 14 хона зарари сабук дидаанд. Дар деҳаи Деҳрӯшон бошад, 4 хонаи истиқоматӣ қисман ва 6 хона сабук осеб дидаанд, ки дар маҷмуъ 40 хонаи истиқоматиро ташкил медиҳад. Айни замон мутахассисон баҳогузории пурраи хисороти расидаро анҷом дода, барои ҳар як оилаи зарардида вобаста ба ҳаҷми зарар тадбирҳои мушаххаси дастгирӣ ва барқарорсозии манзилҳои истиқоматӣ амалӣ мегарданд.
Ҳамзамон, дар ҷойи ҳодиса бо истифода аз техникаву механизмҳои роҳсозӣ, дигар имкониятҳои мавҷуда тоза намудани маҷрои сел, барқарор кардани роҳҳои маҳаллӣ, хатти интиқоли барқ ва дигар иншоот босуръат идома дорад. Ситоди доимоамалкунанда фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ монда, ҷараёни корҳои барқарорсозиро ҳамоҳанг месозад.
Сокинони зарардида барои дастгирии саривақтӣ, таваҷҷуҳ ва иқдомҳои фаврӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос менамоянд.


Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.07.2026