ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУҒУЛИСТОН
![]()
Идомаи сафари давлатӣ
Маросими истиқболи расмӣ
21-уми июл маросими бошукӯҳи истиқболи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони марказии пойтахти Муғулистон – шаҳри Улан-Батор, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.
Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Муғулистон, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарварони ду давлат ҷараён гирифта, баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб анҷом ёфт.
Ҳамчунин, ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
21-уми июл баррасии масоили ҳамкорӣ дар суҳбати хосаи сарварони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳо идома ёфт.
Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди пазироӣ сипосу миннатдорӣ намуда, изҳори итминон доштанд, ки “натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманди дуҷонибаи мо такони тоза хоҳанд бахшид”.
Ҷонибҳо аз рушди бемайлони робитаҳои сиёсии ду кишвар ёдовар шуда, ба тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ҳамчун воситаи муассири таҳкими эътимоди сиёсӣ аҳамияти махсус доданд.
Дар музокирот ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, сохтмон ва рушди зерсохтор, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, содироти меваю сабзавоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Муғулистон, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Пешниҳод шуд, ки барои мусоидат ба рушди ҳамкории судманди дуҷониба гурӯҳҳои муштараки корӣ дар соҳаҳои энергетика ва сохтмон ва рушди инфрасохтор таъсис дода шавад.
Мусоҳибон саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъданҳоро аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори муносибатҳои ду кишвар хонданд.
Сарварони давлатҳо фаъолияти мунтазами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро барои ҳамоҳангсозии маҷмуи робитаҳои дуҷониба ва ҷалби сармоягузорӣ муҳим донистанд.
Зикр шуд, ки ҳамкории гуманитарӣ ҷанбаи дигари муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон мебошад. Дар ин самт бо қаноатмандӣ аҳамияти баргузории Рӯзҳои фарҳанги кишварҳо дар қаламрави якдигар таъкид гардид.
Густариши минбаъдаи робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва академӣ, марказҳои таҳлилӣ ва дигар муассисаҳои соҳавии ду кишвар самти дигари ҳамкорӣ номида шуд.
Гуфта шуд, ки дар соҳаҳои сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш низ имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ мавҷуд аст.
Аз Муғулистони дӯст барои дастгирӣ аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027 – 2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ва дигар пешниҳодҳои ҷаҳонии кишвари мо, бахусус дар соҳаҳои обу иқлим, изҳори сипос карда шуд.
Дар зимн, аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду ҷониб дар чорчӯби Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таъкид гардид.
Табодули судманди афкор, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб сурат гирифт.
