МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НЯМ-ОСОРИН УЧРАЛ
![]()
21-уми июл дар шаҳри Улан-Батор Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот масоили рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
“Мо ба таҳкиму густариши ҳамкории судманд бо Муғулистони дӯст таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”, – изҳор доштанд дар оғози мулоқот Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои судманд дар бахшҳои гуногуни тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Аҳамияти махсуси фаъолияти муназзами Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои пешбурди тамоми маҷмуи робитаҳо таъкид шуд.
Ба роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, бахусус бахши чорводорӣ, саноати кӯҳӣ ва геология таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти навъҳои гуногуни маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи соҳаи кишоварзӣ ба Муғулистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти чорводорӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Нақши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Муғулистон дар шаҳри Улан-Батор барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ муҳим дониста шуд. Дар зимн, пешниҳод гардид, ки Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Муғулистон таъсис дода шавад.
Алоқамандии ҷонибҳо ба густариши ҳамкории фарҳангию башарӣ, аз ҷумла роҳандозии робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва сайёҳӣ, низ таъкид гардид.
БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТАЪРИХИИ МУҒУЛИСТОН
21-уми июл дар доираи сафари давлатӣ ба Муғулистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Улан-Батор аз Осорхонаи миллии таърихии ин кишвар боздид намуданд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Осорхонаи миллӣ 11-уми октябри соли 2022 дар маркази шаҳри Улан-Батор ифтитоҳ гардид. Дар Осорхона китобхонаи илмӣ бо 6000 ҷилд китоб мавҷуд аст.
Бинои Осорхона нуҳошёна буда, дар ҳашт ошёнаи он толорҳои мавзуӣ вуҷуд дорад.
Дар ошёнаҳои поёнӣ намоишгоҳҳо дар бораи халқҳои қадимие, ки дар Муғулистон сукунат доштанд, ҷойгиранд.
Осорхона маркази бузурги тадқиқотиро мемонад, зеро зиёда аз 10 400 намоишгоҳи фарҳангӣ дорад. Дар байни онҳо ашёи антиқа ва бостоншиносии тааллуқ ба асри XIII мавҷуданд.
Пас аз боздид аз Осорхонаи миллии Муғулистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олимақом соядаст гузоштанд.
