ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. ПАЙВАНДИИ АНДЕШАҲОИ СИЁСИИ АҲМАДИ ДОНИШ ВА РИФЪАТ ТАҲТОВӢ
Асри XIX давраи таҳаввулоти амиқи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фикрӣ буд. Бархӯрди тамаддуни исломӣ бо тамаддуни ғарбӣ, ки тавассути густариши истеъмор, пешрафти технология ба вуқуъ пайваст, мутафаккирони зиёдро водор сохт, то зарурати ислоҳи сохторҳои мавҷудаи сиёсӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Яке аз муҳимтарин соҳаҳои баҳсбарангез дар ин замина, соҳаи маориф буд.
Дар миёни мутафаккирон Аҳмади Дониш (1827-1897) дар Бухоро ва Рифъат Таҳтовӣ (1801-1873) дар Миср бо андешаҳои худ дар бораи маориф ва илму дониш мавқеи хос касб намуданд. Ҳар ду намояндаи ҳаракати маорифпарварӣ буданд, ки дар шароити гуногуни сиёсӣ ва фарҳангии фарқкунанда фаъолият мекарданд, аммо дар асл як ҳадаф доштанд: бедории фикрии ҷомеа ва мутобиқсозии он бо воқеиятҳои навин.
Асри XIX барои халқи тоҷик ва, умуман мардуми Осиёи Марказӣ, давраи пуртаҳаввул ва пуртазод буд. Дар шароити фурӯпошии ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва таҳкими нуфузи аморати Бухоро, афкори ислоҳталабона ва ҷустуҷӯйи роҳҳои нави рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва илмӣ шакл мегирифтанд. Яке аз чеҳраҳои барҷастаи ин давра, маорифпарвари бузурги тоҷик Аҳмади Дониш мебошад, ки бо фикр, қалам ва рафтори худ роҳи ислоҳотро дар ҷомеаи суннатии асри XIX ҳамвор сохт.
Дар "Наводир-ул-вақоеъ" бо санъати баланди нигориш ва тарзи интиқодии эҷодӣ кӯшиш мекард, то дар афкори ҷомеа огоҳӣ ва бедорӣ эҷод кунад. Дониш зарурати таълими дунявӣ ва рушди маорифро таъкид намуда, бар он буд, ки бе донистани илмҳои муосир, аз қабили риёзиёт, табиатшиносӣ ва ҷуғрофия, ҷомеа наметавонад пешрафт намояд.
Ӯ аз нахустин мутафаккирони сарзамини Варорӯд (Мовароуннаҳр) буд, ки бо фарҳанги Русия ва афкори муосири Ғарб ошно шуд. Ин таҷриба ҷаҳонбинии ӯро васеъ намуд ва дар андешаҳои вай бевосита бозтоб ёфт. Мероси фикрии ӯ на танҳо арзиши таърихӣ доранд, балки то имрӯз ҳамчун сарчашмаи омӯзанда ва илҳомбахш аҳамияти худро нигоҳ доштаанд.
Дар ин росто, дар кишвари Миср, ки зери раҳбарии Муҳаммад Алӣ Пошо (1769-1849) ба равандҳои навсозии маориф ва идоракунии давлатӣ рӯ оварда буд, Рифъат Таҳтовӣ ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи фикрӣ ва маорифпарвар шинохта мешавад. Ӯ бо фаъолияти тарҷумонӣ, илмӣ ва маорифпарварӣ заминаҳои густариши донишҳои муосир ва ислоҳоти замонавиро дар Миср таҳким бахшид.
Аҳмади Дониш ва Рифъат Таҳтовӣ маорифро меҳвари асосии ислоҳи ҷомеа медонистанд.
Ба андешаи Дониш, сабаби асосии суқут ва ақибмонии ҷомеаҳои мусалмонӣ дурӣ аз илмҳои замонавӣ ва истифода накардан аз таҷрибаи илмии дигар халқҳост. Дар «Наводир-ул-вақоеъ», чунин мефармояд: “Ҷомеа, ки аз илм дур афтод, ба ҷаҳлу таслимгароӣ гирифтор шуд. Илм аст, ки ақлро равшан мекунад ва роҳи давлатдорӣ, адолат ва тадбири ҳукуматро мекушояд”.
Аҳмади Дониш таълимоти суннатиро мавриди танқиди ҷиддӣ қарор дода, зарурати омӯзиши илмҳои риёзӣ, табиӣ ва забонҳои хориҷиро таъкид мекард.
Тафаккури Таҳвонӣ бошад, зери таъсири афкори навгароии Аврупо, хусусан дар давоми сафараш ба Фаронса, шакл гирифт. Ӯ таъкид мекард: “Агар илм бе ахлоқ бошад, на танҳо фоида намерасонад, балки метавонад, ҷомеаро ба вартаи ҳалокат кашонад”.
Яке аз ҷанбаҳои пешрафтаи тафаккури Таҳтовӣ таваҷҷуҳи хосса ба маорифи занон буд. Дар замоне ки таълими занон дар бисёре аз ҷомеаҳои исломӣ мамнуъ ё маҳдуд буд, ӯ зарурати таҳсил ва тарбияи дурусти духтаронро таъкид намуд. Дар асари худ «Ал-муршид-ул-амин ли-л-баноти ва-л-банин» менависад: “Таълими духтарон на танҳо ҳаққи онҳо, балки ниёзи ҷомеа аст. Модари донишманд насли солеҳро парвариш мекунад”.
Ҳамин тавр, Таҳтовӣ бо ташаббуси ҳокими Миср Муҳаммад Алӣ Пошо дар муассисаҳои нави таълимӣ фаъолият намуда, яке аз асосгузорони низоми нави маориф дар кишвари худ гардид. Ӯ дар тарҷума ва таҳияи китобҳои дарсӣ саҳми назаррас гузошта, дастрасии ҷаҳони арабро ба илмҳои муосири аврупоӣ таъмин кард.
Аҳмади Дониш низ ба дастовардҳои илмӣ ва фанноварии Ғарб таваҷҷуҳ дошт, аммо Ғарбро бештар ҳамчун сарчашмаи дониш менигарист, на ҳамчун намунаи низоми арзишҳои фарҳангӣ. Рифъат Таҳтовӣ бошад, маорифро на танҳо чун василаи камолоти шахсӣ, балки ҳамчун пояи иҷтимоӣ ва сиёсӣ медид.
Гарчанде ҳар ду мутафаккир дар асри XIX мезистанд ва мақсадҳои наздик доштанд (ислоҳи маориф, пешбурди илм ва рушди тамаддун), аммо муҳити фаъолиятии онҳо фарқ доштанд ва ин ба тарзи амал ва андешаи онҳо таъсири амиқ гузошт.
Аз нигоҳи таърихӣ ҳар ду маорифпарвар дар даврае фаъолият доштанд, ки ҷомеаҳои онҳо дар муқобили таҳдиди мустамликадорӣ ва ақибмонии илмӣ қарор гирифта буданд.
Мавҷудияти ифротгароӣ ва терроризм дар ҷомеаҳо, бештар реша дар ҷаҳолат, таассуби динӣ, сатҳи пасти маърифати шаҳрвандӣ ва муассир будани низоми маорифи муосирро дорад. Дар ин замина, андешаҳои Дониш ва Таҳтовӣ, ки ҳар ду ба эҳёи ақлонӣ ва омӯзиши илмҳои муосир таъкид мекарданд, нақши муҳим пайдо мекунанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон, ҳамчунон ки дар Миср таҳқиқоти амалӣ ва барномаҳои муқовимат бо ифротгароӣ таъкид бар он мекунанд, ки танҳо тавассути тарбия ва маорифи ҳамаҷониба, махсусан бо такя ба мероси ислоҳгарон ва рӯшанфикрони миллӣ, метавон аз хатарҳои экстремистӣ ва террористӣ эмин монд. Аз ин рӯ, осори Аҳмади Дониш ва Рифъат Таҳтовӣ на танҳо ҳуҷҷатҳои таърихӣ, балки роҳнамои амалӣ барои сиёсати фарҳангӣ ва маорифи муосир ба шумор мераванд. Махсусан, дар муҳити пасошуравии Тоҷикистон ва пасоинқилобии Миср, истифодаи мероси онҳо метавонад ба ташаккули ҷомеаи таҳаммулпазир, адолатгаро ва илммеҳвар замина гузорад.
Асадулло ДАВЛАТЗОДА,
атташеи шуъбаи ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадии Вазорати корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
унвонҷӯйи факултети муносибатҳои
байналхалқии ДМТ
