ТОҶИК. ИФТИХОРИ ДУНЁ
23-юми майи соли ҷорӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ба тасвиб расид. Тасмими мазкур на фақат дар миёни ҳаммиллатони ин нобиғаи оламшумул, балки дар доираҳои илмии соири кишварҳои хориҷӣ низ истиқболи гарм пайдо кард.
Дар иртибот ба ин иқдоми навбатии фарҳангпарварони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо синошиноси маъруфи ҷумҳурӣ академик Абдулҳай Комилӣ суҳбате оростем, ки фишурдаи он манзур мегардад:
– Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдулло ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Синои Балхии Бухорӣ бо лақабҳои Шайхурраис, Шарафулмулк, Ҳуҷҷатулҳақ, Буалӣ, Ибни Сино, Авитсенна, Муаллими сонӣ (дар радифи Форобӣ), Арастуи замон маъруфу машҳури Ховар ва Бохтари бостонист. Абуалӣ ибни Сино на танҳо аз барҷастатарин олими олами ислом, балки яке аз бузургтарин донишмандони ҷаҳон ба шумор меравад ва мояи ифтихори миллати тоҷик ва умуман мусулмонони олам аст.
Абуалӣ ибни Сино миёни чаҳоргонаи табибони баргузидаи ҷомеаи башарӣ – Буқрот (Гиппократ), Ҷолинус (Гален) ва Абубакри Розӣ (Абубатер Разес), ки пири ҳамаи пизишкони ҷаҳон ба шумор мераванд, мақоми хосеро ишғол мекунад. Ин маъниро Алиасғари Ҳалабӣ чунин баён кардааст: “Пизишкӣ набуд, онро Буқрот ба вуҷуд овард; пизишкӣ мурда буд, онро Ҷолинус зинда кард; пизишкӣ пароканда буд, онро Абубакри Розӣ фароҳам овард ва пизишкӣ ноқис буд, онро Абуалии Сино мукаммал кард”.
Дар илми фалсафа ин донишманди овозадори тоҷик дар радифи бузургтарин файласуфони юнонӣ Зимиқротис (Демокрит)-у Афлотуну Арасту ҷой дорад. Ва ҳатто баъди Абунасри Форобӣ тавонист дар ҷаҳони ислом дуюмбора лақаби Муаллими сониро сазовор шавад.
Роҷеъ ба мақоми ӯ дар илми адаб ва назму наср бояд тазаккур дод, ки дар таърихи адабиёт Абуалӣ ибни Сино барҳақ асосгузори жанри фалсафии рубоӣ ба забони тоҷикӣ ба шумор меравад, ки онро Умари Хаём ба дараҷаи волоият расондааст.
Ёдоварии як нукта ҷолиби таваҷҷуҳ аст: аз қадимулайём аҳли илму адаб дар кадом мамлакате, ки умр ба сар баранд, дар шаҳрҳое, ки маркази илму фарҳанги замонаашон ба шумор мерафт, сукунат ихтиёр мекарданд. Дар замони зиндагии Ибни Сино чунин макон шаҳри қадимаи тоҷикон – Бухорои шариф, ки нахустпойтахти давлати Сомониён буд, ба ҳисоб мерафт.
Ҳамин тавр, шаҳри Бухоро мисли Ироқи замони хилофат, Руми замони элинистӣ ва ё мисли Москваву Лондони замони муосир шуҳрат дошта, маркази сиёсиву маъмурии хонадони Сомониён буд.
Бо далели он ки дар асрҳои X – XI фузалову уламо ва удабову ҳукамо аз дигар кишварҳои исломӣ ба нахустпойтахти миллии тоҷикон – шаҳри Бухоро, рӯ меоварданд, маълумоти андӯхтаи Абумансур Абдулмалик бинни Муҳаммад ас-Саолобӣ (961 – 1038)-ро низ ёдрас шудан бисёр бамаврид аст, ки дар «Ятимат-уд-даҳр» чунин менигорад: «Бухоро дар замони давлати Сомониён ҷойи руҷуи бузургӣ, шарафи мулк ва маҳали ҷамъомади донишмандони дараҷаи аввали замон ва ҷойи тулуи ситорагон – бузургону адибони рӯйи Замин ва маркази фозилони даҳр буд…».
Роҷеъ ба синошиносӣ як нуктаро таъкид кардан зарур аст, ки шинохти Абуалӣ ибни Сино, аслан, дар се соҳа: фалсафа, пизишкӣ ва адабиётшиносӣ бештар рушд кардааст. Ҳарчанд ки ҳатто дар ҳамин соҳаҳо ҳам осори гаронбаҳои ӯ ҳанӯз ба таври бояд омӯхта нашудааст.
Буалӣ аз зумраи он донишмандони овозадори ҷаҳонӣ, ба монанди Афлотуну Арасту, Суқроту Буқрот, Энштейну Эйлер, Нютону Галилей ва дигарон ба шумор меравад, ки барои пешравии тамаддуни инсонӣ саҳми назаррас гузоштаанд ва тамоми қавму миллатҳои олам аз онҳо ба некӣ ёд мекунанд. Воқеан, соли 1952 ба муносибати Ҷашни ҳазорсолагии Абуалӣ ибни Сино академики СССР Александр Юрйевич Якубовский чунин навишта буд: «Дар охири асри X ва нимаи якуми асри XI дар ҷаҳон донишманде ҳамсанг ба ду нобиғаи афкори илмию фалсафӣ, олимони бузурги Осиёи Миёна Ибни Синои тоҷик ва Берунии хоразмӣ вуҷуд надошт».
Бешубҳа, Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, ки бо ибтикори башардӯстонаву инсонгароёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт, дар оянда ба яке аз мукофотҳои маъруфи олам табдил меёбад ва обрӯву нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло хоҳад бурд.
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”
