ВАТАНДОРӢ

24 июл 2026, Ҷумъа
4


ДУРӮЯГӢ ҲАРФИ ДУЮМИ ХИЁНАТ АСТ
Дар ҳошияи мақолаи «ВАТАНДОРӢ. Ношукрӣ ҳарфи аввали хиёнат аст!!!» («Ҷумҳурият», аз 3.07.2026, №129)
Бо назардошти мазмуну муҳтаво ва моҳият, ин мақола, ки тибқи муқаррароти журналистикаи ҳирфавӣ иншо шудааст, бояд ғулғула меафканд, мавриди ҳамовозӣ қарор мегирифт, намояндагони касбу кори гуногун, хоса аҳли зиё, ба он вокуниш мекарданд. Мутаассифона...


Дар ин замина, заруру ногузир будани татбиқи пешниҳоди муаллиф – «дар кодекси ҷиноятии мо моддае бо мазмуни «ҷазо барои ношукрӣ» чун нақш дар санг ҳаккокӣ шавад», дигарбора собит гардид.
Қабл аз ҳама, бояд сари он андешем, ки чаро баъзеҳо ношукранд? Омили аввал, сохта будани садоқати ин қабил ба арзишҳои милливу давлатӣ маҳсуб мешавад. Мутаассифона, зиёданд онҳое, ки фаъолияташон «як бому ду ҳаво»-ро шабеҳ аст. Мунтазам аз эҳтиром қоил будан ба арзишҳои милливу давлатӣ ҳарф мезананд, вале дар асл ин муқаддасот барояшон як фулус арзиш надорад. Дурӯяанд, ки андешаҳояшон дар сари минбар мусбат, вале дар муҳити хонаву думравон хилофи манфиатҳои милливу давлатист. Маҳз ҳамин «гандумнамоҳои ҷавфурӯш» ба баҳсу қазия, ки моҳияти бечоранолию ҳангомасозӣ ва ношукрӣ доранд, «равған мерезанд». Мехоҳанд дар замони «ҳафт шаҳри ишқро гаштани Аттор» моро «андар хами як кӯча қарор диҳанд».
Боиси нигаронӣ аст, ки ин қабил на танҳо дар ҳимояи нуфузи давлату Ҳукумат, ба қавле, 32 дандон сафед накардаанд, балки мубаллиғони беғаразу содиқи дастовардҳои замони истиқлолро бо маломат санг мезананд. Гӯё намебинанду намедонанд, ки барои ин ашхоси сарсупурда ба ҳеҷ ваҷҳ мансаб «ченак»-и садоқату шукргузорӣ нест. Далели ин гуфта, бо вуҷуди даҳсолаҳо дар як маснади миёна фаъолият доштан, собитқадам будани чунин шахсон баҳри ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ буда метавонад. Афроди ба маънои том ватандӯст хуб медонанд, ки агар мансаб барои меҳандӯст будан омили асосӣ муқаррар гардад, пас арзишҳои инсониву муқаддасоти давлатӣ дар ҳошия хоҳанд монд.
Надоштани донишу таҷрибаи зарурӣ ва «бо ҳар ду по лангидан»-и қобилияти роҳбарӣ сабаби дигари ношукр мондани баъзе афрод аст. Ҳастанд онҳое, ки худро «нофи замин» мепиндоранд, вале ягон ибтикору ташаббус ва тадбирандешии қобили таваҷҷуҳу арзандаи ситоишашонро надидаем. Муаллифи мақолаи мавриди назар дуруст нигоштааст, ки «баъзан, 5 – 8 сол дар идораҳои давлатӣ кор мекунед, мардум як тараф истад, зердастонатон ному насабатонро пурра намедонанд».
Ба андешаи ман, аз ин тоифа бояд пурсид, ки агар ба мансаб майлу рағбати зиёд доред, аз имтиёзҳои давлатӣ баҳравареду сатҳи зиндагиатон аз дигарон «як сару гардан» фарқ мекунад, пас чаро вазифаи хешро ба таври шоиста иҷро намекунед? Аз ташаббускорӣ метарсед?!
Маҳз бетарафиву беташаббусӣ нисбат ба муҳимтарин омилҳои таҳкимбахши давлатдорӣ аст, ки мансабдорони мо инфиродан дар ҷомеа ками андар кам шинохта мешаванд. «Хонаи ман дар канор аст» ва «туро газад, маро чӣ ғам?»-ро шиор қарор додани ин қабил соҳибмансабон дар ҳақиқат қобили мулоҳиза боқӣ мемонад. Барои чунин ашхос фарқ надорад, ки об ба боло меравад ё ба поён, муҳим худашон мабодо «ташна» намонанд шуд. Хулосаи муаллифи мақолаи зикршуда «фардо аз вазифа рафтанатон, каждумвор ба пушти Ҳукумат неш мезанед», маҳз ба ин афрод рабт дорад.
«Фарзандони дигаре низ ҳастанд, ки ба осиёби пешрафти ин давлат як дона ҷав мерезанду баробар ба сад ман гандум миннат мекунанд. Хоса аксаран онҳое, ки то синни нафақа, баъзан ҳангоми бознишаста буданашон низ, чанд соли дигар соҳибмансабанду ба қавле, кордашон болои равған».
Ин суханони муаллиф низ рамзу ҳикмат дошта, барои аҳли фаҳм «ғизо» мебошанд. Шоҳидем, ки баробари ба нафақа рафтан, назару рафтори баъзеҳо комилан дигар мешавад. Зиёд бечоранолӣ мекунанду ҳатто, аз иштирок дар чорабиниҳое, ки барои шаклгирии афкори ҷомеа, хоса насли наврас муфиданд, худдорӣ мекунанд.
Муаллиф, ҳамчунин, навиштааст, ки «як шоирнамо дар 50 соли фаъолият панҷ шеъри беҳтар аз дигарон навишта, қариб, ки баробари қаҳрамон қадр мешавад, вале чун дар як зиёфати расмӣ бедаъват монд, найи ҳамеша ҷӯру омодаашро бардоштаву худро ба нола мезанад».
Комилан ҳамфикрам ва илова мекунам, ки бо вуҷуди таваҷҷуҳи хоса ва дастгириҳои мунтазами Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли зиё, баъзе аз онҳо ба иҷрои рисолат муносибати дуюмдараҷа доранд. Дар бобати он ки шоиру нависандагон ба шарофати ин абармард аз чӣ имтиёзҳо баҳраваранд, чизе намегӯям, зеро падидаи беназир асту ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надорад.
Вале минҳайси журналист зикри чанд ибтикори раиятпарваронаи Сарвари давлатро нисбат ба рӯзноманигорон қарзи инсонӣ медонам. Дар ин бобат мисолҳо зиёд буда, ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлилӣ ва танқидии воситаҳои ахбори омма» ва баргузории нишастҳои матбуотӣ аз иқдомоти беназир дар ин самт маҳсуб мешаванд. Чунин дастгирӣ, ки дар ягон кишвари олам вуҷуд надорад, имкони хубест, то журналистон минҳайси ҳокимияти чорум мавқеашонро мустаҳкам намоянд. Муҳимтар аз ҳама, соли 2012, зимни таҷлили 100-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки муқаррароти ба туҳмату таҳқир аз ҷониби журналист дахлдошта, аз Кодекси ҷиноятӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гузаронда шавад.
Мо – журналистон, ҳамон тавре Пешвои миллат таъкид карданд, бояд ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза барем ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоем. Ба нотавонбинони тоҷику тоҷикистониён, ки аз дастовардҳои мо ваҳшатзадаанд, нотарсона посух бояд диҳем. Ба тоифае, ки варшикастаанду «илоҷ»-ро дар сафсатапароканӣ, бечоранолӣ ва афсонапардозӣ дидаанд, бахтбаргаштаҳое, ки ба мақому манзалат ва маҳбубияту маъруфияти Пешвои миллат рашк доранд, бояд вокуниш намоем.
Дар шароити кунунӣ бояд беш аз пеш андешем, ки дар посухи ҷонфидоиҳои Пешвои миллат, вобаста ба ваколату салоҳият кадом корҳоро амалӣ намудем? Оё ҳуқуқи маънавӣ дорем, ки худро пайравони Пешвои миллат ҳисобем? Дар робита ба ин, бояд дарк кард, ки фаъолият дар вазифаҳои баланди давлатӣ, яъне ҳамсафи Пешвои миллат будан, дар баробари ифтихор, бори сангини масъулият низ ҳаст. Мавқеи интихобкарда бояд қотеъ ва лағзиш дар афкорамон имконнопазир бошад. Бо азми қавӣ, нияти нек ва иродаи хастагинопазир ба сӯи он ҳадафҳо роҳ паймоем, ки ҳамчун ҳамсафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри дил интихоб кардаем. Вобаста ба ин ҷанба, муаллиф барҳақ хитоб кардааст, ки «эй худписандон, шумо дар давраи тиллоӣ роҳбар будеду ҳастед. Сарваре чун Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо мардуми ҳаммарзу ҳамзабон, балки кишварҳои дигари пештоз орзу доранд».
Дар маҷмуъ, тамоми кӯшиши мо бояд ба он равона шавад, ки дар шоҳкориҳои Пешвои миллат қадри имкон саҳмгузор бошем, зеро бечоранолӣ, бетарафӣ, «аз зери нохун чирк кофтан», кори саҳлу сода ва амали марбут ба ашхоси заиф аст. Вазифадорем, ки аз ин фурсати муносиб ва ба қавли муаллифи мақола, «давраи тиллоӣ» самаранок истифода намоем. Муҳимтар аз ҳама, дар мадди назар дошта бошем, ки барои комёб будан дар ин ҷода моро садоқати осебнопазир ба Пешвои миллат, азхудгузаштанҳо ва ҷасорату ҷавонмардии бештар мебояд.


Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири
рӯзномаи «Садои мардум»,
номзади илмҳои сиёсӣ

Санаи нашр: 24.07.2026 №: 145