ДӮСТӢ. ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ БАРОИ БОЗИИ ФУТБОЛ

24 июл 2026, Ҷумъа
4


Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ бо сарфи беш аз 400 000 сомонӣ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ба истифода супурда шуд.
Тавре ба хабарнигори рӯзнома аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, майдон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини ҷавонон, рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бунёд гардида, акнун сокинони маҳаллӣ, бахусус наврасону ҷавонон, метавонанд дар шароити мувофиқ ба варзиш ва обутоби бадан машғул шаванд. Ифтитоҳи майдончаи нави футбол барои рушди соҳаи варзиш дар Ҷамоати деҳоти Нури Вахш заминаи мусоид фароҳам оварда, имконият муҳайё месозад, ки ҷавонону наврасон дар машғулиятҳои варзишӣ ва мусобиқаҳои гуногун иштирок намоянд.


НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ТАҲКИМИ РУШДИ САНОАТ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ


Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ «Анко Инвест» идома дорад, ки бо саҳми ширкати «Фаровон» бунёд гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан дар як шабонарӯз то 200 тонна равғани пахта ва офтобпарастро дар зарфҳои аз 0,5 то 5-литра истеҳсол ва бастабандӣ хоҳад кард.


Дар корхона технологияҳои муосир васлу насб гардида, дар раванди истеҳсол аз роботҳо низ ба таври васеъ истифода мешавад. Бо оғози фаъолияти пурра корхона дар ду баст кор карда, то 50 кас бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин хоҳад шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар ҶДММ «Зартахта» низ идома доранд. Дар корхона эко-панелҳои сохтмонӣ бо ғафсии аз 5 то 20 миллиметр истеҳсол мешавад. Соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди саноати миллӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи баландсифати сохтмонӣ саҳми назаррас мегузоранд.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 24.07.2026 №: 145