МУДИРИЯТ

24 июл 2026, Ҷумъа
2


Дар Душанбе ҷаласаҳои мақомоти роҳбарикунандаи Федератсияи ҷаҳонии гимнастика ҷараён доранд
20-уми июл дар шаҳри Душанбе бори нахуст ҷаласаҳои комиссияи президентӣ ва кумитаи иҷроияи Федератсияи ҷаҳонии гимнастика (World Gymnastics) оғоз шуд, ки то 25-уми июл идома меёбад.
Комиссияи президентӣ ва кумитаи иҷроия аз мақомоти олии роҳбарикунандаи Федератсияи ҷаҳонии гимнастика ба ҳисоб рафта, масъалаҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди гимнастика дар ҷаҳонро баррасӣ ва вобаста ба онҳо қарор қабул мекунанд.
Дар чорабинӣ президенти Федератсияи ҷаҳонии гимнастика Моринари Ватанабэ, ноибони президент, котиби генералӣ, президенти Иттиҳоди гимнастикаи Осиё Абдурраҳмон ал-Шатри, аъзои комиссияи президентӣ ва кумитаи иҷроия, роҳбарони федератсияҳои миллии гимнастика ва коршиносони байналмилалӣ иштирок доранд.
Мизбонии ҷаласаҳои мақомоти роҳбарикунандаи World Gymnastics барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дорад. Тоҷикистон бори нахуст ҳайати баландпояи яке аз федератсияҳои бонуфузи байналмилалии варзиширо қабул намуд.
Дар доираи сафари ҳайати байналмилалӣ мулоқот бо роҳбарони мақомоти давлатии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ низ пешбинӣ шудаанд. Ҳайат, инчунин, аз иншооти варзишии пойтахт боздид намуда, бо шароити омодасозии варзишгарон ва фаъолияти мутахассисони соҳа шинос мешавад.
Баргузории ҷаласаҳои World Gymnastics барои татбиқи барномаҳои муштараки омӯзишӣ, табодули таҷриба, ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва рушди минбаъдаи гимнастика дар Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам хоҳад овард.


ГӮШТИНГИРӢ
10 паҳлавон ба Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифт
Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоми Мураббии шоистаи варзиши кишвар Усто Устопиров баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо мақсади интихоби беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар дуюм Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳандозӣ шуд.
Ҳамин тариқ, 10 паҳлавон, ки дар вазнҳои худ медалҳои тилло ва нуқра гирифтанд, ҳуқуқи иштирок дар Чемпионати ҷаҳони гӯштингириро соҳиб шуданд. Ҷумҳурии моро дар дуюм Чемпионати ҷаҳонии гӯштингирӣ, ки 14-16-уми август дар шаҳри Душанбе доир мегардад, Муҳаммад Салимов, Ёсин Бобокалонов (-65 кг), Муҳаммадисо Раҷабов, Умар Шеров (-71 кг), Мирзоҷамил Рамазонов, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-78 кг), Сайфиддин Сайфиддинзода, Ҳамроз Раҷабов (-86 кг), Комроншоҳи Устопириён, Акмал Муродов (-95 кг), Шарифҷон Назриев ва Шакармамад Мирмамадов (-95 кг) намояндагӣ мекунанд.


ФУТБОЛ
Ҳарифони мунтахаби духтарони Тоҷикистон дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуданд
Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпур, маросими қуръакашии марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои духтарони то 17-сола баргузор шуд.
Тибқи натиҷаи қуръакашӣ, дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Ҷумҳурии Корея, Урдун ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба гурӯҳи «А» шомил гардид. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 5 то 11-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Дар марҳалаи интихобӣ 30 даста иштирок мекунад. Тибқи қуръакашӣ онҳо ба ҳашт гурӯҳ тақсим шуданд: шаш гурӯҳи иборат аз чор даста ва ду гурӯҳ аз се даста.
Ба қисми ниҳоӣ танҳо ғолибони гурӯҳҳо роҳхат мегиранд. Чор даста – чемпиони феълии мусобиқа ҶХД Корея, инчунин, тимҳои Ҷопон, Австралия ва мизбони марҳалаи ниҳоӣ - Чин, аллакай, ҳуқуқи иштирок дар қисми ниҳоии мусобиқаро доранд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.07.2026 №: 145