ҲАР РӮЗИ Ӯ КОРНОМА АСТ
![]()
Чунин менамояд, ки дар бораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр чизҳоро медонем. Оид ба сафарҳои давлатию кориашон ба мамлакатҳои хориҷӣ мехонему мешунавем, тавассути оинаи нилгун сафарҳояшонро ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мулоқотҳояшонро бо аҳли заҳмату зиёиён мебинем. Дар назди халқ суханрониҳое мекунанд, ки дар онҳо дурнамо ва стратегияи рушди кишвар дар солҳои наздик ва ояндаи дур равшан баён меёбанд.
Бинобар ин, имрӯз мо, аллакай, метавонем ба оянда бо назари нек ва дилпурона назар афканем. Ва ҳамон тавре ки даҳсолаҳои ба нахустдавлати тоҷикон ҳукм рондани Исмоили Сомонӣ дар таърих давраи Исмоили Сомонӣ номида мешаванд, солҳоеро, ки Президент ба харобу тақсим шудани мамлакати хеш роҳ надод, оташи ҷанги таҳмилиро хомӯш кард, самтҳои ояндасози иқтисодиёт, сиёсат ва дигар соҳаҳои ҳаёти давлатро муайян намуда, рушду нуму бахшид, давраи Эмомалӣ Раҳмон хоҳанд номид. Ин дар оянда рӯй хоҳад дод, вале имрӯз мо – шоҳидон, иштирокчиён ва иҷрокунандагони нуктаҳое ҳастем, ки ба барқароркунӣ, таҳким ва инкишофи Тоҷикистон равона шудаанд. Дар гузаштаи на чандон дур Тоҷикистон яке аз понздаҳ ҷумҳурии Иттиҳоди Шуравӣ буд ва муносибат нисбаташ дархӯрди ҳол сурат мегирифт. Имрӯз Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлолест, ки саду чил давлати дунё эътирофаш кардааст, диёри аз назари ҷуғрофӣ хурд, вале дорои имкониятҳои бузургест, ки дар ҳамаи гӯшаҳои дунё медонанд ва ба ҳарфаш гӯш медиҳанд.
Мегӯянд, ки агар ҳашамати кӯҳро дидан бихоҳӣ, ба он наздик бишав. Дар китоби “Корномаи Эмомалӣ Раҳмон”, ки то ҷое иттилоъ дорем, ба 15 забони дунё тарҷума ва нашр шудааст, мо кӯшидем ба қуллае наздик шавем, ки имрӯз дар паҳнои сиёсату давлат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меоянд. Раванди ташаккули шахсияти ӯ чӣ гуна сурат гирифтааст, чӣ гуна аст робитаи мутақобилаи он бо таърихи халқ, чӣ сон мавриди мулоҳиза қарор мегирад он ва дар нияту қарорҳо нақш мебандад? Дар ин хусус ҳанӯз касе нагуфта буд ва мо кӯшидем ин ҷиҳати ҳаёти Эмомалӣ Раҳмонро равшан созем.
Хоксории ӯ ба ҳама маълум аст. Таърифу тавсиф ва тантанаҳои пурдабдабаро ба ифтихори хеш дӯст намедоранд; марди амаланд ва амалро аз шаф-шафҳои тулониву холӣ афзалтар медонанд. Эмомалӣ Раҳмон фарзанди халқи хешанд ва робитаашон бо сарзамини аҷдодӣ халалнопазир, бо ғами мамлакати худ мезиянд ва бо фаъолияти бисёрҷабҳа имрӯзу ояндаи онро муайян мекунанд. Аз ин ҷо сарчашма мегирад таваҷҷуҳи ӯ ба таърих ва аз ҷумла ба таърихи халқи тоҷик, чунки гузаштаро надониста, ояндаро бунёд кардан номумкин аст. Президент ояндаи халқу кишварашро андешамандона ва пурсамар месозад.
Таърих барои Эмомалӣ Раҳмон рӯйхати хушку холии санаҳову воқеаҳову ҳолномаҳои онҳое нест, ки дар замони худ қисмати халқу кишварҳоро ҳал мекарданд, балки чашмаи ҷонбахшест, ки оби софаш неру мебахшад, эҳсоси фалсафии ҳаёт ва дарки воқеии вазифаи ҳар касро дар рӯи Замин ташаккул медиҳад.
Сифатҳои беҳтарини халқи тоҷик дар шахсияти Президент таҷассум ёфтаанд. Ватандӯст, қатъияту ҷасурӣ доранд, аз масъулият намеҳаросанд ва ба ҳар мушкиле, ки чун пӯлод обутобаш медиҳад, омодагӣ зоҳир месозанд. Вале сифатҳои қаҳрамонони гузашта барои Эмомалӣ Раҳмон на фақат намунаи ибратанд ва амалҳои ӯ на танҳо пайравии онҳост. Президенти Тоҷикистон ин ҳамаро дар худ ҳал мекунанд ва ин ба шахсияти ӯ махсусияту нотакрории амиқ мебахшад. Масалан, тиллову нуқраро бо ҳам гудохта, электрон – фулузи наве ҳосил мекунем, ки хусусиятҳои хос дорад. Барои ҳамин, лаҳзаҳои ҳазорсолаҳоро нақл карда, онҳоро бо имрӯз муқоиса намудем, кӯшидем нишон диҳем, ки чи монандиҳое доранд сифатҳои Спитамен ва Эмомалӣ Раҳмон, чи қаробатест миёни амалҳои амир Исмоили Сомонӣ ва Президенти Тоҷикистон. Ин муқоисаҳо воқеиянд, чунки ҳамаи мо дар силсилаи беохири наслҳо, ки аз қаъри замонҳо ба ояндаи дур тул мекашад, ҳалқаҳоем ва робитаву ягонагиамон бо онҳое, ки қабл аз мо зистаанд, бебаҳс аст. Аз ин рӯ, руҷуъ ба таърих ва арбобони барҷастаи он барои мо воситаи таҷассуми бадеии қаҳрамони китобамон гардид. Асарҳои таърихии худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам ганҷи пурбаҳои донишҳо оид ба гузаштаи халқи тоҷик, дарку андешаи онанд, ки чи корҳо карда шуд ва барои зиндагии осудаи миллат боз чи бояд кард.
Мафҳуми корнома серпаҳлуст. Корномаҳое ҳастанд, ки бо тақозои вазъият, масалан наҷоти нафаре, содир шудаанд. Корномаҳое ҳастанд ба дарозои замон, ки аз амалҳо баҳри наҷот ё шукуфоии миллат иборатанд. Ба чунин корномаҳо арбобони бузурги сиёсату давлат қодиранд. Онҳо ба баҳои сазовори мардум ноил гашта, дастоварди таърихи он ва ё таърихи тамоми инсоният мешаванд. Маҳз чунин корномае ба дарозои замон, ки се даҳсолаи мураккабу муҳимро дар бар мегирад, нишон дод Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркушӣ, ҳифзи ягонагии давлати ҷавони тоҷик ва таъмини истиқлолияти воқеии Тоҷикистон саҳифаҳои заррини онанд. Эмомалӣ Раҳмон сохтори бегазанди ҳокимияти фаъолу ташаббускорро бунёд ниҳода, таҳкурсии кишварро мустаҳкам намуда, роҳҳои рушди мунтазами тамоми соҳаҳои онро муайян карданд. Ин номгӯи як қисми корҳоеанд, ки мавсуф чун Сарвари давлат ба иҷро расондаанд.
Мо хуб медонем, роҳ ба ҷониби қуллаҳои ҳокимият барои Эмомалӣ Раҳмон росту ҳамвору саҳл набуд. Ӯро мардум интихоб намуд, мардум пешакӣ дар ниҳоди ӯ сиёсатмадори тавоно ва ходими намоёни давлатиеро, ки қодир аст, қувваю мадори худ баҳри он равона созад, ки Тоҷикистони азизро аз вартаи ҳалокат берун орад, диданд ва эҳсос карданд ва мутмаин буданд, ки вай бовари онҳоро ҳамаҷониба ба ҷо меорад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Самимият ва кушодарӯӣ аз хислатҳои асосӣ ва ҳамидаи Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва бо чашми сар мебинем, ки Президенти мо ин аломатҳоро ҳеҷ гоҳ тағйир намедиҳанд. Бо мардум ҳамеша наздиканд, кушоду равшан ҳарф мезананд, проблемаҳои дар зиндагии имрӯза пешорӯйи мо қарордоштаро ҳеҷ гоҳ сарфи назар намекунанд, дар ҳалли ҳамаи проблемаҳо бо халқ дар маслиҳату машваратанд. Ҳамин аст, ки мардум ӯро ва ӯ халқашро дӯст медоранд.
Як ибораи хубе ҳаст: аз пушти дарахтон ҷангалро намебинем. Дар иҳотаи ташвишу корҳои рӯзмарра мо намебинем, ки дар се даҳсолаи охир дар Тоҷикистон – хонаи ободи мо, бо сарварии Пешвои миллат чи корҳои азиме ба сомон расиданд. Кишварамон ба сулҳи воқеӣ бирасид, таҳдиди аз байн рафтани ягонагии ҳуқуқии вай нест шуд, ҷаҳониён чи гуна будани Тоҷикистонро донистанд, истиқлолияти воқеии онро ба расмият шинохтанд. Мо кай дар хотир доштем, ки ягон нафар аз собиқ сарварони ҷумҳурӣ аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ба забони модариаш сухан ронда бошад? Мо бояд хуб дарк намоем, ки мамлакат тавассути арҷу эътибори кӣ дар ҷаҳон машҳур шуд, обрӯ гирифт, пешниҳодҳои кӣ аз ҷониби даҳҳо кишварҳои хурду калони олам ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд ва татбиқ мегарданд. Ҷавоби ин саволҳо ба ҳар яки мо маълум ва фаҳмост.
Президенти мо шуҳрати ҷаҳониро соҳиб гаштанд ва вазифадор ҳастем онро эътироф намоем ва азиз дорем. Мо вазифадор ҳастем, ки на танҳо ҳар як ташаббусу пешниҳоди ӯро дастгирӣ намоем, балки тамоми кӯшишу ғайратамонро ба он равона созем, ки он ҳама дар ҳаёт татбиқ гарданд. Пешвои миллати мо на танҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд, балки хизматҳои ӯ, фаъолияти сулҳхоҳонаи ӯ, сифатҳои бебаҳои ӯ, ташаббусҳояшон барои беҳдошти иқлими сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар нуқтаҳои даргири минтақаи Осиё бо бисёр ҷоизаҳои бонуфузи байналхалқӣ сарфароз гаштаанд.
Ҳазорсолаи нав қадамҳои нахустин гузошта истодааст, лекин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аллакай, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ чун Пешвои арзандаи асри XXI муайян ва эътироф шудаанд.
Дар байни аксҳои зиёде, ки Президенти Тоҷикистонро дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ таҷассум кардаанд, яке бахусус хотирмон аст: Эмомалӣ Раҳмон дар ғаллазор. Рӯзи гарму равшан, дар осмони нилгун абрҳои сабук шино доранд. Дар дуриҳо дандонаи теғаҳои кӯҳ намудор аст. Эмомалӣ Раҳмон ба хӯшаҳои расида, даст мебаранд. Чеҳраашон ором. Дар ин лаҳза, чунон ки мегӯянд, саропо бо хеш аст ва ҳолаташонро шеъри дӯсти ман шодравон Леонид Чигрин, ки онро Низом Қосим тарҷума кардааст, хуб ифода мекунад:
Фарзанди азизи ин диёрам,
К-аз уфқ ба уфқ роҳ дорад...
Ман зодаи ин диёри покам,
Ӯ довари кору рӯзгорам.
Гар қуллаи бахтро кунад фатҳ,
Арзандаи халқаму диёрам!
Бале, Эмомалӣ Раҳмон, бемуҳобот, арзандаи халқу диёранд. Ҳамаи инро бо меҳнати поку ҳалол, ҷоннисориҳо, сарсупурданҳо, дар муборизаҳои беамон ба пирӯзиҳо расиданҳо собит намудаанд.
Ато ҲАМДАМ,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
