ОИНАИ ВОҚЕИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Суҳбати ихтисосӣ бо директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода
Ҳар як давлат барои роҳандозии самараноки сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ ва қабули қарорҳои асоснок ба маълумоти саҳеҳ, боэътимод ва саривақтӣ такя мекунад. Дар ин раванд мақомоти омори давлатӣ нақши калидӣ доранд, зеро маҳз тавассути омори расмӣ суръати рушди иқтисод, сатҳи зиндагии аҳолӣ, тағйироти демографӣ, вазъи бозори меҳнат ва дигар равандҳои муҳими ҷомеа муайяну таҳлил карда мешаванд.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома андешаҳояшро муфассал чунин баён кард:
– Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон низоми омори давлатӣ марҳалаҳои муҳими рушдро паси сар намуд. Бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти омор тадриҷан ба талаботи нави иқтисоди бозорӣ мутобиқ гардонда шуд. Дар натиҷа, имрӯз омори расмии кишвар на танҳо барои эҳтиёҷоти дохилӣ истифода мешавад, балки ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ низ эътироф мегардад.
Омор, пеш аз ҳама, вазъи воқеии кишварро инъикос мекунад. Маҳз нишондиҳандаҳои оморӣ имкон медиҳанд, ки ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, суръати рушди иқтисодӣ, сатҳи таваррум, бекорӣ, даромадҳои аҳолӣ, истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ, ҳаҷми сармоягузорӣ, савдои хориҷӣ ва дигар равандҳои муҳим дақиқ арзёбӣ карда шаванд. Ин маълумот барои Ҳукумат, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон, сармоягузорон ва ҷомеа ҳамчун манбаи асосии таҳлил хизмат мекунад.
Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими оморӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳаҷми молу хизматрасониҳои дар кишвар истеҳсолшударо нишон медиҳад. Суръати рушди иқтисодӣ бошад, имкон медиҳад, ки тамоюли афзоиш ё коҳиши фаъолияти иқтисодӣ муайян карда шавад. Индекси нархҳои истеъмолӣ сатҳи таваррумро инъикос намуда, таъсири тағйирёбии нархҳоро ба қобилияти харидории аҳолӣ нишон медиҳад. Ҳамзамон, маълумот дар бораи сатҳи шуғл ва бекорӣ барои арзёбии вазъи бозори меҳнат ва таҳияи сиёсати иҷтимоӣ аҳамияти бузург дорад.
Аҳамияти омори расмӣ танҳо ба ҳисобу китоб маҳдуд намешавад. Он дар таҳияи стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, баҳодиҳии самаранокии сиёсати пешгирифта нақши муҳим мебозад. Бе маълумоти оморӣ таҳияи дурнамои рушди иқтисодӣ, банақшагирии буҷети давлатӣ ва тақсимоти оқилонаи захираҳои молиявӣ амри маҳал хоҳад буд.
Яке аз паҳлуҳои муҳими фаъолияти мақомоти омор мусоидат ба беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ мебошад. Сармоягузор пеш аз қабули қарор дар бораи маблағгузорӣ вазъи иқтисодии кишвар, ҳаҷми бозор, суръати рушд, сатҳи даромади аҳолӣ ва дигар нишондиҳандаҳоро меомӯзад. Агар ин маълумот шаффоф, боэътимод ва саривақтӣ бошад, эътимоди сармоягузорон низ бештар мегардад. Аз ин рӯ, омори расмӣ яке аз омилҳои муҳими ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ маҳсуб мешавад.
Нақши омор дар арзёбии сатҳи зиндагии аҳолӣ низ хеле бузург аст. Тадқиқоти буҷети хонаводаҳо, ки мунтазам гузаронда мешаванд, имконият медиҳад, ки вазъи воқеии даромад ва хароҷоти оилаҳо, сатҳи истеъмоли молу маҳсулот, шароити манзил ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ омӯхта шавад. Натиҷаҳои ин тадқиқот барои муайян намудани сатҳи камбизоатӣ, таҳияи барномаҳои дастгирии иҷтимоӣ, такмили сиёсати музди меҳнат ва нафақа, инчунин, баҳодиҳии сатҳи некуаҳволии аҳолӣ истифода мегарданд. Дар ин самт иштироки шаҳрвандон аҳамияти хосса дорад. Вақте ки хонаводаҳо маълумоти дақиқ пешниҳод мекунанд, давлат имкон пайдо мекунад, ки сиёсати иҷтимоиро воқеъбинона тарҳрезӣ намояд. Ҳамзамон, махфияти маълумоти ҷамъоваришуда пурра ҳифз гардида, онҳо танҳо барои таҳлилҳои оморӣ истифода мешаванд.
Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас, дар ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти оморӣ ҳанӯз баъзе мушкилот вуҷуд доранд. Дар баъзе ҳолатҳо маълумот нопурра ё бо таъхир пешниҳод мешавад. Хатоҳо ҳангоми пур кардани ҳисобот низ ба сифати маълумот таъсир мерасонанд. Илова бар ин, дар баъзе сохторҳо сатҳи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳамгироии пойгоҳҳои додаҳо ҳанӯз ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Норасоии таҷҳизоти муосир, захираҳои техникӣ ва кадрҳои баландихтисос низ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли худро тақозо мекунанд.
Солҳои охир дар самти рақамикунонии низоми омор корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Ҷорӣ намудани ҳисоботдиҳии электронӣ ба корхонаҳо ва ташкилотҳо имкон фароҳам овард, ки ҳисоботро бидуни ҳозир шудан ба мақомоти омор пешниҳод намоянд. Имрӯз ҷамъоварӣ ва коркарди садҳо шакли ҳисоботи оморӣ, асосан, ба таври электронӣ амалӣ мешавад. Ин раванд на танҳо суръати корро баланд бардошт, балки ба коҳиши омилҳои инсонӣ ва беҳтар шудани дақиқии маълумот низ мусоидат намуд.
Мавриди таъкид аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди иқтисодӣ омори расмӣ ба яке аз омилҳои муҳими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Кишваре, ки дорои низоми муосир, шаффоф ва боэътимоди оморӣ мебошад, метавонад имкониятҳои худро дуруст арзёбӣ карда, сиёсати самараноки рушдро амалӣ намояд. Маълумоти оморӣ барои муайян намудани афзалиятҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, густариши содирот ва баҳодиҳии самаранокии ислоҳот заминаи устувор фароҳам меорад.
Имрӯз мақомоти омори Тоҷикистон на танҳо ҷамъоварии рақамҳо, балки таҳияи таҳлилҳои воқеъбинонаеро анҷом медиҳанд, ки барои қабули қарорҳои стратегӣ ва таъмини рушди устувори кишвар аҳамияти калидӣ доранд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки омори расмӣ, воқеан, оинаи иқтисоди миллӣ буда, яке аз рукнҳои муҳими идоракунии давлатӣ ва беҳбуди зиндагии мардум маҳсуб меёбад. Ҳар қадар низоми омор мукаммал, шаффоф ва муосир бошад, ҳамон андоза имкони қабули қарорҳои дуруст ва ноил шудан ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ бештар мегардад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
