ИТТИЛОИЯ
![]()
![]()
28-уми июл таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати мамлакат баргузор гардид.
Дар маҷлис, нахуст, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли равон ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баррасӣ шуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ишора ба вазъи ноустувори иқтисодиву сиёсии ҷаҳони имрӯза ва эҳтимоли боз ҳам мураккаб шудани он, таъкид сохтанд, ки ҳифзи устувории макроиқтисодӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ, пешгирӣ аз таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ва истифодаи пурраи имкониятҳои дохилӣ вазифаи асосии Ҳукумати кишвар мебошад.
Зарур донистанд, ки сатҳи худтаъминкунӣ баланд бардошта шуда, вобастагӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ тадриҷан коҳиш дода шавад. Инчунин, бо истифодаи самараноки захираҳои зеҳниву табиӣ рушди истеҳсолоти дохилӣ таъмин гардад.
Бо қаноатмандӣ зикр гашт, ки сарфи назар аз пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳониву минтақавӣ, дар натиҷаи муназзам амалисозии ислоҳот, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, рақамикунонӣ, саноатикунонии босуръат ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ рушди мусбати иқтисоди кишвар таъмин гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар моҳҳои январ – июни соли равон суръати рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8,2 дарсад таъмин гашта, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ расид.
Зикр шуд, ки рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14,1, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 18,4, боркашонӣ 14,7, гардиши савдо 26,1, мусофиркашонӣ 8,0 ва хизматрасонии музднок 10,6 дарсад таъмин гашт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сатҳи таваррум дар ин давра 2,4 дарсадро ташкил дод.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ – июн дар сатҳи 114,3 дарсад иҷро ва ба буҷет 36,4 миллиард сомонӣ ворид шуд.
Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, ҳамчунин, роҳбарони сохторҳои дахлдор ҳисобот доданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва дар сатҳи на камтар аз 8 дарсад дар соли 2026, афзоиши суръати рушди воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ пешниҳодҳои мушаххаси худро оид ба дарёфти манбаъҳои иловагии рушд, бахусус дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ба монанди саноат, энергетика ва кишоварзӣ, то охири моҳи августи соли равон ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Ба идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ва ба анҷом расондани рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ба кор даровардани гардиши электронии байниидоравии ҳуҷҷатҳо роҳу воситаҳои самарабахшро дарёфт ва амалӣ созанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи таъмини устувори бозори дохилӣ бо сӯзишвориро таҳлил карда, бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи он ва баҳри ҳарчи зудтар ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ масъулони сохторҳои марбутаи кишварро вазифадор намуданд, ки тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ба Бонки миллӣ тавсия дода шуд, ки ҷиҳати тақвияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори рақамии бонкӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи воситаҳои электронии пардохт дар тамоми минтақаҳои кишвар, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст, чораҳои қатъӣ роҳандозӣ намояд.
Дар идомаи маҷлис дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2027 – 2029 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки дурнамо ҷиҳати таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таҳия гардидааст.
Ба вазорату идораҳои марбута супориш дода шуд, ки ҳангоми ташаккули буҷети давлатӣ барои солҳои навбатӣ дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027 – 2029-ро ба инобат гиранд, ҳамчунин, дар ҳолати тағйирёбии вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла таъсири омилҳои беруна ба он, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027 – 2029 сари вақт таклифҳо пешниҳод намоянд.
Дар маҷлис, ҳамчунин, Барномаи рушди роҳнамои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030 муҳокима ва қабул шуд.
Дар интиҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосил, вусъати кишти такрорӣ, истифодаи самараноки обу замин, гирифтани ду-се ҳосил аз заминҳои корам, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ барои муҳлати на кам аз ду сол дар ҳар як оилаи ҷумҳурӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, густариши корҳои созандагию ободонӣ, кам кардани талафоти техникию тиҷоратӣ, ҷорисозии низоми ягонаи биллингӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода супоришҳои мушаххас доданд.
Дастурҳои дигар ба масъулон доир ба омодагӣ ба соли нави таҳсил, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дода шуд.
